Маълумоти охирин

Архивы за день : 21.05.2019

САФАРБАРИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ

soldat

САФАРБАРИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ, табдил додани қувваҳои мусаллаҳи давраи осоиштаи давлат ба қувваҳои муташаккили замони ҷанг. Дар натиҷаи Сафарбарии қувваҳои мусаллаҳ сафи қувваҳои мусаллаҳ аз ҳисоби даъвати ӯҳдадорони ҳарбӣ афзуда, қисмҳои нави ҳарбӣ ба вуҷуд меоянд. Дар баробари Сафарбарии қувваҳои мусаллаҳ аслиҳа, техникаи ҳарбӣ, воситаҳои моддӣ низ ҷамъ карда мешаванд. Тайёри …

Муфассал »

Деҳаи САФАРБОЁН

САФАРБОЁН, деҳаест дар Совети қишлоқи Кангурти райони Совет, вилояти Кӯлоб. Территорияи совхози «Кангурт)). Аз деҳа то маркази Совети қишлоқ 8 километр, то район 34 километр. Аҳолиаш 400 нафар (.1981), тоҷикон. Мактаби ибтидоӣ дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ ғаллакорӣ, боғу токдорӣ, обчакорӣ, чорводорӣ ва кирмакдо- рист. Заминҳо аз дарёи Тоҳирсу обёрӣ мешаванд. …

Муфассал »

САФАВИЁН

САФАВИЁН, сулолаи шоҳони давлате, ки дар Шарқи Миёна ва Наздик солҳои 1502—1736 ҳукм рондаанд. Аслан аз туркони Озарбойҷони Эронанд. Асосгузораш — Исмоили I Сафавӣ. Сафавиён давлатҳои хурди ҳудуди Эрон — Оққуйунлу, Қароқуйунлу, Шервоншоҳро муттаҳид ва салтанати мутлақи феодалӣ барпо карданд. Сафавиён дар натиҷаи сиёсати фаъолонаи дохилӣ ва берунӣ ҳудудҳои давлати …

Муфассал »

САТҲ (дар математика)

САТҲ (дар математика), яке аз мафҳумоти асосии геометрия аст, ки дар фаслҳои мухталифи он маъноҳои гуногун дорад: 1) мафҳумҳои ҳамворӣ, бисӣёррӯя, инчунин баъзе сатҳҳои каҷро дар геометрияи мактабӣ меомӯзанд. Ҳар як Сатҳи каҷ бо усули махсус, бештар чун ҷои геометрни нуқтаҳое, ки ягон шартро қонеъ мегардонанд, таъриф дода мешавад. Масалан, …

Муфассал »

САФАР

САФАР (арабӣ — тиҳӣ, холӣ), моҳи дуюми солшумории қамарии ҳиҷрӣ, ки аз 30 рӯз иборат аст. Дар ин моҳ арабҳо хонаҳои худро холӣ гузошта, ба ҷанг мерафтанд, аз ин ҷост, ки ин моҳ Сафар ном гирифтааст. Мувофиқи ақидаҳои динӣ Сафар бехосияттарин моҳ ба шумор рафта, мӯътақидони дину оин дар зарфи …

Муфассал »

САФАВИЯ

САФАВИЯ яке аз силсилаҳои тасаввуфро гӯянд, ки дар давраи ҳаракати пайравони мазҳаби шиа (асри XIII) дар Эрон ба вуҷуд омадааст. Асосгузораш Сафиуддин Исҳоқи Ардабилист (1252—1334). Сулолаи сафавиён ба сари ҳокимияти Эрон омада, худро сайид ва пешвои силсила шайх Сафиуддинро насли 21-уми имоми ҳафтуми аҳли шиа — Мусон Козим эълон карданд. …

Муфассал »

САУКОВ Александр Александрович

САУКОВ Александр Александрович (15. 8. 1902, деҳаи Чурилово, ҳоло райони Некоузи вилояти Ярославл — П23. 10. 1964, Москва), геохимики советӣ, доктори илмҳои геологияю минералогия (1946), профессор (аз 1952), аъзо-корреспондент. Академияи Фанҳои Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик СССР (1953). Шогирди А. Е. Ферсман. Аъзои Партияи Коммунистии Иттифоқи Советӣ …

Муфассал »

САТҲҲОИ ТАРТИБИ ДУЮМ

САТҲҲОИ ТАРТИБИ ДУЮМ, сатҳҳоеанд, ки координатаҳои росткунҷаи декартии нуқтаҳояшон аз рӯи муодилаи алгебравии дараҷаи дуюм муайян карда мешаванд. Муодилаи (*) образи ҳақиқии геометрӣ набуданаш ҳам мумкин аст, вале дар чунин мавридҳо барои умумияти мафҳум мафҳуми сатҳҳои тартиби дуюми мавҳумро истифода мебаранд. Вобаста ба қиматҳои коэффисиентҳои муодилаи умумии (*) онро тавассути …

Муфассал »