Маълумоти охирин

Архивы за день : 19.05.2019

САРСАЗАН

sarsazan

САРСАЗАН, нимбуттаест аз оилаи о. То 60 сантиметр қад мекашад, пояаш банд-банди сероб, баргаш шакл, гулаш майдаи дуҷинса, байзашакли сиёҳтоб. Моҳҳои—сентябр гул, сентябр—ноябр мева мекунад. Асосан дар шӯразамини нимбиёбонҳои Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик СССР мерӯяд. Дар Тоҷикистон бештар дар шуразаминҳои вилоятҳои Ленинобод (Ашт, Конибодом) ва Қурғонтеппа …

Муфассал »

САРРОФХОНА

sarrof

САРРОФХОНА, дӯкон ё муассисаест, ки ба майда кардан ва савдои пул машғул буда, пули маҳаллиро ба пули хориҷӣ ва пули хориҷиро ба пули маҳаллӣ иваз мекунад. Саррофхона дар Юнони Қадим, Рими Қадим ва дигар мамлакатҳо маълум буд. Дар асрҳои миёна Саррофхона дар бисёр шаҳрҳои Европа низ вуҷуд дошт. Парокандагии пулбарорӣ …

Муфассал »

САРОС

moh

САРОС, даврест, ки баъди гузаштани он аз рӯи ҳамон як пайдарпаии муайян Офтоб ва Моҳ такроран мегиранд. Дар натиҷаи дар кураи осмон даврӣ такрон шудани мавқеи мутақобили Офтоб, Моҳ ва гиреҳҳоги Мадори Моҳ ба амал меояд. Сарос тақрибан ба 6585 1/3 шаборӯз баробар аст. Нигаред, низ Гирифт.

Муфассал »

САРОЯН Уилям

САРОЯН Уилям (31. 8. 1908, Фресмо, Каллфорния —18. 5. 1981; мувофиқи васияташ хокистари ӯро дар боғи Комитаси шаҳри Ереван дафн карданд), нависандаи америкоӣ. Аз оилаи арманҳои муҳоҷир. Аз соли 1960 дар Европа зиндагӣ кардааст. Маҷмӯаи аввалинаш «Ҷавон- (марди дорбоз» (1934). Сипас маҷмӯахои дигари Сароян— «Нафасгирӣ ва нафасбарорӣ» (1936), «Бачаҳо» (1937), …

Муфассал »

САРОМОС

ssss

САРОМОС, с у р х б о д, ҳ у м р а, бемории сироятиест иборат аз газаки пӯст, рагҳои лимфавии пӯст ва пардаҳои луобӣ. Одам дар натиҷаи аз пӯсти захмдор ба бадан дохил шудани стрептококкҳои хунобкунанда сироят меёбад. Ҳангоми заиф шудани бадани одам (вайрон шудани мубодилаи моддаҳо, хунукхӯрӣ, гуруснамонӣ, …

Муфассал »

Деҳаи САРОЙ

САРОЙ, деҳаест дар Совети қишлоқи Мискинободи райони Файзбоди Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон. Территорияи совхози ба номи Ҳамза -Ҳакимзода. Аз деҳа то маркази Совети қишлоқи 5 километр, то район 35 километр; роҳаш асфалтпӯш. Аҳолиаш 900 нафар (1981), тоҷикон. Деҳа мактаби 8-сола дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ чорводорӣ ва картошкакорист. Заминҳо аз каналу …

Муфассал »

Деҳаи САРОБӢ

САРОБӢ, деҳаест дар Совети қишлоқи Шаҳристони райони Ӯротеппа, вилояти Ленинобод. Территорияи совхози «Шаҳристон-1». Аз деҳа то маркази Совети қишлоқи 3 километр, то район 28 километр; роҳаш асфалтпӯш. Аҳолиаш 1160 нафар (1981), тоҷикон ва ӯзбекҳо. Деҳа мактаби миёна, пункти тиббӣ, магазин, сартарошхона дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ ғаллакорӣ ва чорводорист. Заминҳо аз …

Муфассал »

САРОБ

sarob

САРОБ, дар атмосфера пайдо шудани як ё якчанд тасвири мавҳуми ҷисмҳо (биноҳо, дарахтҳо, айсбергҳо ва ғайра)-и дурро гӯянд, ки дар шакли роста ё чаппа, дарозрӯя ё пачақ ва ё умуман таҳрифёфта намудор мешаванд. Агар ҷисм зери уфуқ бошад, танҳо тасвири мавҳуми он намудор мешавад. Сароб ҳамчунин дар поёни ҷисм (Сароби …

Муфассал »