САРВАКИ БОЛО, деҳаест дар Совети қишлоқ Пунуки райони Ашт, вилояти Ленинобод. Территорияи колхози «Коммунизм». Аз деҳа то маркази Совети қишлоқ 16 километр, то район 84 километр; роҳаш асфалтпӯш. Аҳолиаш 125 нафар (1981), тоҷикон ва ӯзбекҳо. Деқа мактаби ибтидоӣ, пункти тиббӣ ва фермаи чорво дорад. Соҳаҳои хоҷагӣ ғаллакорӣ, чорводорӣ ва кирмакдорист. …
Муфассал »Архивы за день : 09.05.2019
Деҳаи САРВАК
САРВАК, деҳаест дар Совети қишлоқ Ҷарбулоқи райони Ашт, вилояти Ленинобод. Территорияи колхози «Коммунизм». Аз деҳа то маркази Совети қишлоқ 3 километр, то район 40 километр, роҳаш асфалтпӯш. Аҳолиаш 670 нафар (1981), тоҷикон ва ӯзбекқо. Деҳа ма- газин дорад. Соҳаҳои хоҷагӣ пахтакорӣ, кирмакдорӣ ва боғдорист. За- минҳо ва Канали Шимоли Фарғона …
Муфассал »САРВАЗИР
САРВАЗИР, роҳбари ҳукумат дар як қатор давлатҳои муосири буржуазӣ, ки аз тарафи сарвари давлат таъип мешавад. Сарвазир метавонад вазирҳоро таъин ва аз вазифа озод намояд, фаъолияти ҳаррӯзаи ҳукумат ва аппарати маъмуриро идора кунад. Одатан Сарвазир роҳбари партияе мебошад, ки намояндагони он дар парламент аксариятро ташкил медиҳанд ё роҳбари коалисияи партиявие …
Муфассал »САРБУТУНҲО
САРБУТУНҲО, яке аз зерсинфҳон моҳиҳои тағоякдорро гӯянд. Дарозии танашон то 1,2 метр; скелеташон тағоякӣ. Косахонаи са- рашон аутостилӣ мебошад, яъне тағояки ком пурра ба косахонаи сар васл шудааст; 4 роғи ғалсамалшон бо чини пӯст пӯшида шудааст, ки ба туфайли ин фақат як ҷуфти сӯрохии ғалсамаашог ба берун кушода мешавад. Дандонҳояшон …
Муфассал »Оҳанги «САРБОЗИ»
«САРБОЗИ», Сарбозча, Сарбоз, оҳанги халқии тоҷикист, ки рӯҳи ҷанговарона ва ҳарбӣ дорад. «Сарбози» дар ченакн 4/4-и усули доираи «Соқинома» иҷро гардида, зарбаш қадамзании ҷанговаронаи ҳарбиёнро ифода мекунад. Ин оҳанг бо созҳои якка ва ансамблҳои гуногун навохта мешудааст ва як навъи суруд низ будааст. Баъзе оҳангҳои «Сарбози» бо таронаи якуми «Навои …
Муфассал »САРБОЗ
САРБОЗ, нигаред, Нӯкар.
Муфассал »САРБАНДИ АБДУЛЛОҲХОН
САРБАНДИ АБДУЛЛОҲХОН, обанбори асри 16, ки дар давраи ҳукмронии ҳокими Бухоро Абдуллоҳхони, II бунёд шудааст. Боқимондаи ин иншоот 65 километр шарқтари райони Нуратои вилояти Самарқанд, дар дараи Бекларсои назди деҳаи Эски Оқчоб воқеъ аст. Солҳои 1957—1962 экспедисияи археологии Институти таърих ва археологияи Академияи Фанҳои Республикаи Советии Сотсиалистии Ӯзбекистон ба ҳафриёти …
Муфассал »Деҳаи САРБАНД
САРБАНД, деҳаест дар Совети қишлоқи _ба номи Айнии райони Илич, вилояти Қурғонтеппа. Территорияи совхози «Қирғизистон». Аз деҳа то маркази Совети қишлоқ 12 километр, то район 24 километр; роҳаш асфалтпӯш. Аҳолиаш 930 нафар (1981), тоҷикон. Деҳа мактаби миёна ва пункти тиббӣ дорад. Соҳаҳои хоҷагӣ пахтакорӣ, чорводорӣ, ғаллакорй ва кирмакдорист. Заминҳо аз …
Муфассал »САРБАНД
САРБАНД, дарғот, иншооти гидротехникиест, ки барои баланд кардани сатҳи об дар маҷрои оби равон (дарё, канал ва ғайра) сохта мешавад. Сарбандро бо мақсадҳои истифодаи энергияи об, беҳтар намудани киштигардӣ, обёрӣ ва ғайра месозанд. Масалан, дар Тоҷикистон Сарбандҳои, Канали Калони Ҳисор, дарёи Хонақо, обанборҳои Мӯъминобод ва Селбур ба мақсадҳои ирригасия, Сарбанди …
Муфассал »САРБАЙТ
САРБАЙТ, байти аввал ва оғози сурудро гӯянд. Сарбайт як ё ду ва гоҳо чаҳор мисраъ мешавад. Онро дар маҳалҳо саровоз, сарнақш, сармандоғ ва шероза ҳам мегӯянд. Сарбайт бо нақарот робитаи қавӣ дошта, ба суруд тартиб, низом ва тантана мебахшад. Сарбайтро одатан сарбайтхон месарояд, ки бояд овози хуб дошта бошад. Дар …
Муфассал »