ФРОНТИ ДУГОМ дар ҷанги дуюми ҷаҳонӣ (1939—45), фронти муборизаи мусаллаҳи зидди Германияи фашистиро гӯяяд, ки ШМА ва Брнтанияи Кабир кушода буданд. 6 июни 1944 онҳо ба Франсиян Шимолу Ғарбӣ десант фароварданд ва фронти дугом оғоз ёфт.
Муфассал »Архив Месяца: April 2019
ФРОНТ
ФРОНТ (франсавӣ front, аз лотинӣ frons — пешонӣ, тарафи пеш), 1) дар қувваҳои мусаллаҳи СССР иттиҳодияи олию ҷудоамалкунандаи чанд соединения, қисмҳои гулогуни қувваҳои мусаллаҳро гуянд. 2) Хатти ҷойгиршавии қувваҳои мусаллаҳи ду тарафи ҷангкунанда дар майдони амалиёти ҳарбист. 3) Тарафи саферо гӯянд, ки аскарон рӯ ба он истодаанд.
Муфассал »ФРЕОНҲО
ФРЕОНҲО, хладонҳо, номи техникии як гурӯҳ карбогидридҳои ҳадноки галогендорро гӯянд, ки ба сифати моддаҳои сардкунанда дар яхдонҳо истифода мешаванд. Фреонҳо газҳои берангу бӯй ё моеъ буда, дар ҳалкунандаҳои органикӣ нағз ва дар об бад ҳал мешаванд. Масалан, ССI2Ғ2 (ф-12), газ, t ҷӯшиш. 29,8°С; ССI3Ғ (ф-11) моеъ, t ҷӯшиш 23,8°С; Фреонҳо …
Муфассал »ФРЕНЕЛ Огюстен Жан
ФРЕНЕЛ (Ғrеsnеl) Огюстен Жан (10. 5. 1788, Броля —44. 7. 1827, Вил-д’Авре, назди Париж), физики франсавӣ, яке аз асосгузорони оптикаи мавҷӣ. Аъзои Академияи Фанҳои Париж (аз соли 1823) ва аъзои Ҷамъияти шоҳии Лондон (аз соли 1825). Дар асоси фарзияи хосияти мавҷӣ доштани рӯшноӣ назарияи интерференсия ва дифраксияро ба вуҷуд овард. …
Муфассал »ФРЕЙМАН Александр Арнолдович
ФРЕЙМАН Александр Арнолдович ((22. 8. 1879, Варшава —19. 1. 1968, Ленинград), эрошпиноси сове- тӣ, аъэо-корр. АФ СССР (1928), Ходими Хизматнишондодаи Илми РСС Тоҷикистон (1949). Аз оилаи хизматчӣ. Баъди хатми университети Петроград (1903) барои омӯзиши забонҳои эронии қадим ба Германия рафт. Аз соли 1917 дар университети Петроград дарс мегуфт ва аз …
Муфассал »ФРАНСИЯ
ФРАНСИЯ (Ғrance), Республикаи Франсия (Republicue Ғгаncaise), давлатест дар Европаи Ғарбӣ. Аз ғарб ва шимол бо халиҷи Бискай ва гулугоҳи Ла-Манши уқёнуси Атлантик, аз ҷануб бо баҳри Миёназамин (халиҷи Лиоя ва баҳри Лигурия) иҳота шудааст. Масоҳаташ 551 ҳазор км2. Аҳолиаш 55,4 млн нафар (январ 1985), 93% аҳолӣ франсавиҳо, аҳолии шаҳрӣ беш …
Муфассал »ФРЕЙДИЗМ
ФРЕЙДИЗМ, номи умумии мактабу ҷараёнҳои мухталифро гӯянд, ки ҳодисаҳои фарҳангӣ ва ҷамъиятиро аз мавқеи таълимоти фалсафию антропологӣ ва психологии З. Фрейд шарҳ медиҳанд. Он аз таҷрибаи психологӣ ҳамчун методи таҳқиқи беихтиёронаи ҷараёни психикӣ фарқ мекунад. Дар таълимоти таҷриоаи психологӣ омилҳои лоиродӣ на фақат ҳамчун асоси такомули фарди алоҳида, балки сабаби …
Муфассал »ФОХТА
ФОХТА, куку (Сисиlus саnorus subtelephanus), як навъ паррандаест мусичамонанд (аз қатори фохташаклҳо), аммо аз вай калонтар, парҳояш холдор) ва гарданаш тавқдор. Дар аксар ноҳияҳои Тоҷикистон вомехӯрад. Дар бешазори кӯҳҳо, тӯғайзори соҳили дарёҳо, боғот ва ғайра зиндагӣ мекунад. Аввали май омада, сентябр парида меравад. Тухмашро (15—25) дар лонаи дигар паррандагони хурд …
Муфассал »ФРАНСИЙ
ФРАНСИЙ (аз лотинӣ Ғransium), Ғг, элементи химиявии радиоактив аз гурӯҳи 1 системаи даврии Менделеев, мансуби металлҳои ишқорӣ; рақами атомӣ 87. Изотопи табии нисбатан собиттараш 233Ғг (даври нимкоҳишаш 22 дақиқа). Франсийро соли 1939 олими франсавӣ М. Перей кашф карда, ба шарафи ватанаш (Франсия) Франсий номид. t гуд. қариб 8°С, t ҷӯшиш …
Муфассал »ФРАНСАВИҲО
ФРАНСАВИҲО, миллат, аҳолии асосии Франсия. Шумораашон 44 млн нафар (1978). Берун аз хоки Франсия қисми асосин франсавиҳо дар мулкҳои собиҳ мустамликаи Франсия — Алҷазоир, Тунис, Марокаш, Реюнон, Республикаи Демократии Мадагаскар, инчунин дар мамлакатҳои Америкаи Шимолӣ — ШМА ва Канада зиндагӣ мекунанд. Шумораи умумии франсавиҳо бештар аз 45,5 млн нафар (1978). …
Муфассал »