РОТАТОР (лотинӣ rotator — чархзанонанда), системаи механикиест, ки аз нуқтаи материалии нисбат ба нуқтаи беҳаракати фазо (маркази Ротатор) чархзананда иборат аст. Дар механикаи квантӣ квадрати момен¬ти миқдори ҳаракати мадории- Ротатор ва проексияи момент ба меҳвари дилхоҳ танҳо қиматҳои муайяни диск¬ретӣ гирифта метавонанд.
Муфассал »Архив Месяца: April 2019
РОСУ – мири мушон
РОСУ (Musteianiyalia), мири мушон, як ҷонвари ширхӯри даррандаест аз оилаи савсорҳо. Дарозии танаш 13—26 см, думаш 1,4— 9 см, вазнаш аз 30 то 250 г; баданаш борики дарозу нарм; мӯяш зичи кӯтоҳ. Тобистон ранги мӯи тах¬та пушташ бӯри зардча ва шикамаш сафед буда, зимистон пурра сафед мешавад. Дар районҳои ҷанубӣ …
Муфассал »РОСТӢ
РОСТӢ, сифати ахлоқиеро гӯянд, ки хусусияти ҳақгӯии одамонро ифода мекуяад. Ростӣ хоси ахлоқи умумиинсонист. Ростӣ маҳсули тасаввуроти дуруст нисбат ба ҳодисаҳои ҷамъият, рафтору кирдори одамон буда, дар заминаи хислатҳои умумиинсонӣ ташаккул ва инкишоф меёбад. Ҳомиёни ҷамъияти синфию антагонистӣ барои муҳофизати манфиатҳои истисморгарон аксаран аз баёни Ростӣ даст кашида, ҳодисаю воқеаҳоро …
Муфассал »Деҳаи РОСТРОВУТ
РОСТРОВУТ, деҳаест дар Совети қишлоқи Ростровути райони Ғончӣ, вилояти Ленинобод. Территорияи совхози «Қалъаидӯст». Аз то маркази Совети қишлоқ 12 км, то район 59 км; роҳ шағалпӯш. Аҳолиаш 2398 нафар (1981), тоҷикон. Деҳа клуб, пункти тиббӣ, сартарошхона дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагиаш ғаллаю картошкакорӣ ва чорводорист. Заминҳо аз сои Ростровут обёрӣ мешаванд.
Муфассал »Шаҳри РОСТОВИ ДОН
РОСТОВИ ДОН, шаҳр, маркази вилояти Ростови РСФСР. Узели калони роҳи оҳан, роҳҳои шоссе ва ҳавоӣ, бандари дарёӣ. Дар соҳили дарëи Дон воқеъ гардидааст. Аҳолиаш 983 ҳазор нафар (1984). Ба 7 район тақсим шудааст. Ростови Дон маркази калони саноат аст. Соҳаҳои асосии саноаташ: мошин¬сози (хусусан мошинҳот хоҷагии қишлоқ), саноати сабук, хӯрокворӣ, …
Муфассал »Шаҳри РОСТОК
РОСТОК (Rostock), шаҳрест дар шимоли РДГ, дар соҳили баҳри Балтика ва эстуарияи дарёи Варнов. Маркази маъмурии округи Росток. Аҳолиаш 217 ҳазор нафар (1977). Росток— бандари баҳрӣ (пешбандараш — Варнемюнде), узели роҳи оҳан ва роҳҳои автомобилгард, ҷои саршавии нефтепроводи Росток — Шведт; аэропорт до¬рад. Дар Росток корхонаҳои киштисозӣ, таъмири киштӣ, коркарди …
Муфассал »Вилояти РОСТОВ
РОСТОВ, вилоятест дар ҳайати РСФСР. 13 сентябрт 1937 ташкил шудааст. Масоҳаташ 100,8 ҳазор км2. Аҳолиаш 4219 ҳазор нафар (1984). Ростов 39 райони маъмурӣ, 22 шаҳр ва 34 птш дорад. Марказаш — шаҳри Ростови Дон. Бо ордени Ленин мукофотонида шудааст (1958) Вилоят дар Ҷанубу Шарқи ҳамвории Ев¬ропа ва як қисми Кавкази …
Муфассал »РОСТОВ
РОСТОВ, Р о с т о в-Я р о с л а вский (дар асрҳои 12—17 — Ростов Великий), шаҳрест дар вилояти Ярославли РСФСР. Дар соҳили шимоли ғарбии кӯли Неро воқеъ гаштааст. Стансияи роҳи оҳани, узели роҳҳои автомобилгард. Корхонаҳои муҳими саноатиаш: фабрикаи катонресии «Ролма», фабрикаи қаҳва, фабрикаи дӯзандагӣ ва сехи …
Муфассал »РОСТКУНҶА
РОСТКУНҶА, дар математика чоркунҷаест, ки ҳама кунҷҳояш ростанд.
Муфассал »РОСТКУНАКИ ҶАРАËН
РОСТКУНАКИ ҶАРАËН таҷҳизотест барои табдил додани ҷараёни электрии тағйирёбанда ба ҷараёни доимӣ. Унсури асосии Росткунаки вентили электрист. Вобаста ба навъи вентилҳо Росткунаки кенотронӣ, газотронӣ, тиратронӣ, симобӣ, нимноқилӣ, электроконтактӣ мешавад. Росткунаки ҷараëни якфазавиро асосан барои таъминоти таҷҳизоти автоматика ва телемеханика, радиоаппаратура ва ғайра, Росткунаки ҷараëни сефазавиро бошад, барои таҷҳизоти саноатӣ истифода …
Муфассал »