РИЖКОВ Николай Иванович (таВА 28. 9. 1929, деҳаи Дылеевкаи вилояти До¬нетск), ходими партиявию давлатии советӣ. Аъзои КПСС аз соли 1956. Институти политехникии Уралро хатм намудааст (1969). Солҳои 1950—1959 ус¬тои смена, сардори сех, 1959—1965 саркафшергар, ҷонишини директор, 1965—1970 саринженер, 1970—1971 директори заводи мошинсозии Урал ба номи С. Орҷоникидзе ва 1971—1975 директори …
Муфассал »Архив Месяца: April 2019
Обанбори РИБИНСК
РИБИНСК, обанборест дар дарёҳои Волга ва Шексна, дар территорияи вилоятҳои Ярославл, Вологда ва Калинин. Ба муносибати сохта шудани гидроузели Рибинск ба вуҷуд омадааст (1941 —1947). Масоҳаташ 4580 км2, ҳаҷми об 25,4 км3; ҷои аз ҳама сербараш 60 км, чуқуриаш ба ҳисоби миёна 5,6 м. Рибинск барои танзими мавсимии ҷараёни об …
Муфассал »РУҶУЪ
РУҶУЪ (арабӣ бозгашт, муроҷиат), як навъ санъати бадеии маънавӣ, ки дар назми гузашта ва имрӯзаи тоҷик бисёр дида мешавад. Руҷуъ он аст, ки шоир барои пуртаъсиртар баромадани суханаш бо тааҷҷуб зидди фикр, ибора, ташбеҳ ва истиораи аввал баромада, таркиб, ибора ва образи дигар меорад. Дар натиҷа қувват ва таъсири фикру …
Муфассал »РИБАКОВ Борис Александрович
РИБАКОВ Борис Александрович (таваллудаш 3. 6. 1908, Москва), бостоншинос муаррих ва ходими ҷамъиятии советӣ, акад. АФ СССР (1958). Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1978). Аъзои КПСС аз соли 1951. Университети давла¬тии Москваро хатм намудааст (1930). Профессори Университети Моск¬ва (аз 1943), Директори Институти археологияи АФ СССР (аз 1956), академик-котиби Шӯъбаи таърихи АФ СССР …
Муфассал »РУҶУИ ЛИРИКИ
РУҶУИ ЛИРИКИ, нутқ ё як навъ сухани лирикии муаллиф, ки муносибати ӯро ба объекти тасвир иишон медиҳад. Нависанда дар рафти тасвир аз нақли ҳодисаҳо бозистода, фикру мулоҳиза ва ҳиссиёту ҳаяҷонашро, ки аз ҷараёни воқеаҳо ва рафтору кирдори одамон ҳосил шудааст, баён мекунад. Ҳамин баёни фикру ҳиссиёти муаллиф, ки аз сюжети …
Муфассал »РУҲ
РУҲ, рӯй, синк (Zincum), Zn, элементи химиявии гурӯҳи II систе¬маи даврии Менделеев; рақами атомиаш 30, массаи атомиаш 65, 38; 5 изотопи собит дорад. Хӯлаи Руҳ бо мис — латун ба Юнониён ва мисриёни қадим мазлум буд. Истеҳсоли саноатии Руҳ аз асри 17 расм шудааст. Қисми зиёди Руҳ барои аз занг …
Муфассал »РУҚОД
РУҚОД (хоби дароз), дар тибби қадим хоберо номанд, ки ба сабаби афзоиши хилте дар бадан хеле тӯл мекашад.
Муфассал »РУҚАОТ
РУҚАОТ (аз арабӣ — порчаи коғаз), маҷмӯи мактубҳои адибон, ки дар девон ё куллиёти онҳо ҷой дода мешуданд. Масалан, «Руқаот»-и Ҷомӣ, Навоӣ, Бедил, Мирзо Асадуллоҳи Ғолиб ва ғайра мактубҳои ба шахсони расмӣ ва дӯстони худ навиштаи ин шоиронро дар бар мегиранд. Дар Руқаот мазкур маълумоти тарҷумаиҳолӣ, назари муаллиф дар хусуси …
Муфассал »Газетаи «РУШОНИ СОВЕТӢ»,
«РУШОНИ СОВЕТӢ», газета, органи Комитети партиявӣ ва Комитети иҷроияи Совети депутатҳои халқии райони Рушон. Солҳои 1942—1949 ҳафтае 3 бор бо номи «Овози Рушон» ба забони тоҷикӣ чоп мешуд. Аз 9 феврали 1950 газета бо номи «Рушони советӣ» интишор ёфт. Солҳои 1960—1966 нашри он муваққатан қатъ гардид. Аз 19 январи 1966 …
Муфассал »Қаторкӯҳи РУШОН
РУШОН, Ғ у н д, қаторкӯҳест дар Помири Ғарбӣ, дар ВМКБ. Аз водии дарёи Панҷ (наздикии шаҳри Хоруғ) то қаторкӯҳи Аличури Шимолӣ (ағбаи Марҷанай) ба масофаи тақр 120 км тӯл кашида, водии дарёҳои Бартанг ва Ғундро аз ҳам ҷудо мекунад. Баландиаш ба ҳисоби миёна 4500—5000 м, қуллаи баландтаринаш — Патхор …
Муфассал »