Маълумоти охирин

РУҶУЪ

РУҶУЪ (арабӣ бозгашт, муроҷиат), як навъ санъати бадеии маънавӣ, ки дар назми гузашта ва имрӯзаи тоҷик бисёр дида мешавад. Руҷуъ он аст, ки шоир барои пуртаъсиртар баромадани суханаш бо тааҷҷуб зидди фикр, ибора, ташбеҳ ва истиораи аввал баромада, таркиб, ибора ва образи дигар меорад.

book-1

Дар натиҷа қувват ва таъсири фикру обра¬зи сонӣ аз аввала зиёдтар мешавад. Macалан:
Ҳар бод, ки аз сӯи Бухоро ба ман ояд.
Бо бӯи гулу мушку насими сумам ояд.
Бар ҳар зану ҳар мард куҷо барназад он бод,
Гӯй магар он бод ҳаме аз Хутан ояд.
Не, не, зи Хутан бод чунин хуш навазад ҳеҷ,
К-он бод ҳаме аз бари маъшуқи ман ояд.
(Рӯдакӣ)
Дар ин порча Руҷӯъ аз «не, не» оғоз меёбад, ки шоир гӯё аз фикри авва¬ла гашта, ба сӯи дигар рӯ меорад.
Руҷӯъ гоҳо як байт ва гоҳо тамоми асарро фаро мегирад. Вай аз усулҳои бисёр маълуми сухангустарӣ буда, ба шеър самимият, тобиш на таъсири тоза мебахшад.
Ш. Раҳмонов.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …