САЙЁРИЯ яке аз силсилаҳои тасаввуфро номанд, ки пайравони он Абулаббоси Сайёриро пешвои маънавии худ мешумориданд. Бино ба маълумоти «Кашф-ул-маҳҷуб»-и Чуллобии Ҳаҷвирӣ ба Абулаббоси Сайёрӣ аз падараш мероси зиёде мондааст, вале ӯ ба тасаввуф рӯ оварда, силсилаи худро таъсис намуд. Баъдтар дар Марву Нисо пайравони зиёде пайдо кард. Сайёрия «тафриқа» ва …
Муфассал »Архив Месяца: April 2019
САЙЁРАҲОИ ДАРУНӢ
САЙЁРАҲОИ ДАРУНӢ, сайёраҳои гурӯҳи Замин, як гурӯҳ сайёраҳои ба Офтоб наздик (Аторуд, Зӯҳра, Замин ва Миррих)-ро гӯянд, ки аз рӯи хосиятҳои физикиашон ба ҳам монанданд.
Муфассал »САЙЁРАҲОИ БЕРУНӢ
САЙЁРАҲОИ БЕРУНӢ, сайёраҳои гурӯҳи Муштарӣ, як гу рӯҳ сайёраҳои системаи Офтобро гӯянд, ки берун аз мадори Миррих чарх мезананд (Муштарӣ, Зуҳал, Уpaн, Нептун, Плутон) аз рӯи як қатор хосиятҳои физикиашон ба ҳам монанданд.
Муфассал »САЙËРАҲОИ АЗИМ
САЙËРАҲОИ АЗИМ, сайёраҳои системаи Офтоб: Муштарӣ, Зуҳал, Уран ва Нептунро гӯянд, ки аз сайёраҳои гурӯҳи заминӣ (дохилӣ) бо андоза ва массаҳот азим, зичии нисбатан хурд, атмосфераи ғавс, гардишт шитобнок ва миқдори зиёди радифон фарқ мекунанд.
Муфассал »САЙËРАҲД
САЙËРАҲД ҷирмҳои калони осмониянд, ки дар атрофи Офтоб аз рӯи мадорҳои эллипсшакл ҳаракат карда, рӯшнони Офтобро инъикос намуда медурахшанд. Одамон аз қадимулайём мушоҳида карда буданд, ки дар байни ситораҳдои осмон ҷирмҳои мунире ҳастанд, ки аз як бурҷ то бурҷи дигар мавқеашонро иваз карда, гӯё сайр мекунанд (аз ин сабаб сайёра …
Муфассал »САЙЁДИ НАВО
САЙЁДИ НАВО, Саят Нова (тахаллусаш; ном ва фамиляаш Арутюн Саядян; 1712, Тбилиси—4795, ҳамон ҷо), шоири армен. Аз оилал косив. Аз ҷаванӣ ба шеъру мусиқӣ рағбати зиёд зоҳир менамуд. Дар навохташ асбобҳои мусиқии шарқӣ ҳунарманд буд ва чун сафоянда шӯҳрат дошт. Чанде дар дарбори Ираклии 11 хидмат намуд, вале бо иғвои …
Муфассал »Димнаи САЙЁД
САЙЁД, димнаи шаҳри мансуб ба асрҳои 9—11, воқеӣ pайони Москваи вилояти Кӯлоб. Сайëд қад-қади дарёи Панҷ ба масофаи 500—800 м ва қад-қади баландии Ӯртабуз то 1,5 км тӯл кашидааст. Дар Сайëд бостоншиносони тоҷик аз соли 1970 ин ҷониб ҳафриёт мебаранд. Масоҳати умумии ҳафриёт 5000 м2 буда, ба чор қисм тақсим …
Муфассал »Деҳаи САЙЁД
САЙЁД, деҳаест дар Совети қишлоқи Сағирдашти pайони Қалъахуми ВМКБ. Территорияи совхози «Сағирдашт». Аз деҳа то маркази Совети қишлоқ 33 км, то район 100 км; роҳ қисман асфалтпӯш. Аҳолиаш 410 нафар (1981). тоҷикон. Деҳа мактаби миёна, клуб, китобхона ва пункти тиббӣ дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагиаш чорводорӣ ва ғаллакорист. Заминҳо аз дарёчаи …
Муфассал »Деҳаи САЙЁД (Шаҳртуз)
САЙЁД, деҳаест дар Совети қишлоқи Сайёди I pайони Шаҳртуз, вилояти Қӯргонтеппа. Территорияи колхози ба номи М. В. Ломоносов. Аз деҳа то маркази Совети қишлоқ 5 км, то район 4 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 2500 нафар (1981), тоҷикон, қирғизҳо. Деҳа мактаби миёна, клуб, кинотеатр, пункти тиббӣ, шӯъбаи алоқа дорад. Соҳаҳои асосии …
Муфассал »Деҳаи САЙЁД (Ромит)
САЙЁД, деҳаест дар Совети қишлоқи Ромити pайони Орҷоникидзеободи РСС Тоҷикистон. Территорияи хоҷагии ҷангалпарварии райони Орҷоникидзеобод. Аз деҳа то маркази Совети қишлоқ 6 км, то район 45 км. Аҳолиаш 100 нафар (1981), тоҷикон. Мактаби 8-сола дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагиаш чарводорӣ, ҷангалпарварӣ ва боғу токдорист. Заминҳо аз дарёчаи Сайёд ва чашмаҳо обёрӣ …
Муфассал »