Маълумоти охирин
Главная / 2019 / April (страница 145)

Архив Месяца: April 2019

УСМОНОВ Зафар Ҷураевич

УСМОНОВ Зафар Ҷураевич (таваллуд 26. 8. 1937, шаҳри Сталинобод), математики советӣ, доктори илмҳои физика ва математика (1973). Академики Академияи Фанҳои РСС Тоҷикистон (1981; аъзо-коррспондент 1976). Аъзои КПСС аз соли 1975. Аз соли 1984 академик-котиби Шӯъбаи илмҳои физикаю математика ва геологияю химияи Академияи Фанҳои РСС Тоҷикистон. Корҳои илмии Усмонов асосан ба …

Муфассал »

УСЛУБШИНОСӢ

book-1

УСЛУБШИНОСӢ, як шохаи филология, ки системаи услубҳои (нигаред Услуб) забон ва қонунияти истифодаи воситаҳои баёнро меомӯзад. Услубшиносӣ бо грамматикаи нормативӣ, лексикология, фразеология, орфоэпия робитаи қавӣ дорад, вале аз ҷиҳати вазифа ва усули тадқиқ аз онҳо фарқ мекунад. Услубшиносӣ аҳамияти амалӣ дорад: вай маҳорати суханвариро омӯзонда, ба забон оқилона муносибат кардани …

Муфассал »

Усмон ибни Иброҳим

УСМОН Усмон ибни Иброҳим (соли таваллуд номаълум — вафот 1212, Самарқанд), султони Қарахониён. Усмон дар ибтидо ҳокими шаҳри Самарқанд буд. Баъди вафоти падар дар ҳудуди асрҳои 12—13 ба тахти давлати Қарахониён нишаста, унвони «Султони кабири султонон»-ро гирифт. Дар ин давра байни Қаракидониён ва Хоразмшоҳиён муборизаи сахт мерафт. Вале Усмон бо …

Муфассал »

УСЛУБ

zabon

УСЛУБ (арабӣ — тарз, равиш), хусусиятҳои умумии забон, асари адабиёти бадеӣ ё санъат, принсипҳои асосӣ, ки ягонагии муҳимтарин хусусиятҳои забон ва шакли бадеии асаре ва ё чандин асарро муайян мекунанд. Ба ин маънӣ дар бораи адабиёти классикии форс-тоҷик истилоҳи сабк низ истифода мешавад. I. Услуб дар адабиёт умумияти системаи образҳо, …

Муфассал »

УСЕНКО Александр Яковлевич

УСЕНКО Александр Яковлевич (5. 3. 1919, деҳаи Березниговатои вилояти Николаев, РСС Украина—26.10.1978), шоири советии рус. Аз оилаи деҳқон. Аъзои КПСС аз соли 1941. Соли 1936 бо роҳхати комсомол ба Тоҷикистон омад. Иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941—45). Муҳаррири газетаи «Криля Таджикистана» («Болҳои Тоҷикистон») буд. Аввалин шеърҳои Усенко дар газетаҳои республикавӣ ва …

Муфассал »

УРУТ – мириофиллум

myriophyllum-mattogrossense_int2

УРУТ, мириофиллум (Муriophulium) як ҷинси гиёҳҳои обӣ ва ботлоқист (аз оилаи Насоragaseae). Баргаш пармонанд, гулаш майдаи беранг, хӯшагулаш саракмонанд. Баъpе Урутро дар аквариумхо мепарваранд.

Муфассал »

УРФИИ ШЕРОЗӢ

УРФИИ ШЕРОЗӢ Ҷамолуддин Муҳаммад ибни Зайнуддин ибни Ҷамолуддинп Чодарбоф (1556, Шероз—1591, Лоҳури Покистон), шоири форсизабони Ҳиндустон. Яке аз намояндагони сабки ҳиндӣ. Пас аз касби камол ба Ҳиндустон сафар кард ва ба хидмати ҳукмронони ин кишвар дохил шуд. С. 1588 ашъорашро дар девоне ҷамъ овард. Урфии Шерозӣ дар пайравии «Махзан-ул-асрор» ва …

Муфассал »

УРУГВАЙИҲО

urugvayiho

УРУГВАЙИҲО, аҳолии асосии Уругвай. Шумораашон тақрибан 3 млн нафар. (1977). Забонашон испанӣ. Диндорон асосан католиканд. Дар байни Уругвайиҳо унсурҳои нажоди европоӣ зиёд аст. Аз миёнаи асри 19 муҳоҷиршавӣ аз Европа (асосан испаниҳо, италиявиҳо ва франсавиҳо) сар шуд; аксарияти аҳолии камшумори тагҷоӣ — ҳиндиҳои чарруа ва дигар то аввали асри 19 …

Муфассал »

УРУГВАЙ

urugvay

УРУГВАЙ, Республикаи Шарқии Уругвай (Republica Оriental del Uruguay), давлатест дар Америкаи Ҷанубӣ. Масоҳаташ 187 ҳазор км2. Аҳолиаш 2,97 млн нафар (1983); асосан уругвайиҳо (90%), дурагаҳо (10%). Забони расмӣ—испанӣ. Диндорон асосан католикҳоянд. Пойтахташ шаҳри Монтевидео. Ба 19 департамент тақсим шудааст. Сардори давлат ва ҳокимият — президент. Органи қонунбарор (муваққатан) — Совети …

Муфассал »