ФАВОРСКИЙ Алексей Евграфович (3. 3. 1860, Павлово, ҳозира вилояти Горкий—8. 8. 1945, Ленинград), химик-органики советӣ, академики Академияи Фанҳои СССР (1929; аъзокорр. 1922), Қаҳрамони Меҳнати Сосиалистӣ (1945). Асарҳои асосии Фаворский ба омӯзиши химияи пайвастҳои органикии беҳад оиданд. Фаворский солҳои 1900—05 конденсасияи карбогидридҳои асетилениро бо кетонҳо таҳти таъсири ишқори калий тадқиқ намуда, …
Муфассал »Архив Месяца: April 2019
ФАВВОРА
ФАВВОРА, фОНТан (италиявӣ fontana, аз лотинӣ fons — чашма, манбаъ), дар меъморӣ иншооти махсусест, ки барои боло бардоштан ё ба поён шоридани об мувофиқ кунонда шудааст. Фаввора аввал дар болои сарчашмаи табиии об сохта мешуд. Минбаъд фавораро дар ҷойҳои дилхоҳ сохта, обро ба он тавассути қубуру наҳрҳо меоварданд. Фавора дар …
Муфассал »ФАБУЛА
ФАБУЛА (аз лотинӣ fabulа — ривоят, ҳикоят), нақли пай дар паи воқеаҳое, ки дар асарҳои эпикӣ, лирикию эпикӣ ва гоҳо драмавӣ тасвир меёбанд. Дар адабиёти атиқа (Юнони Қадим) аввалҳо жанри хурдтарини ривоятию асотириро фабула мегуфтанд. Баъдтар баёни асарҳои саҳнавӣ фабула ном гирифт. Аксари муҳаққиқон фабуларо бо сюжет алоқаманд шуморидаанд. Баъзеҳо …
Муфассал »ФАБРИКА
ФАБРИКА (лотинӣ fabrica — устохона), корхонаи саноатиеро гӯянд, ки ба истифодаи силсилаи мошинҳо асос ёфтааст: шакли истеҳсолоти калони мошинист. Дар иқтисодиёт мафҳумҳои «фабрика» ва «завод» ҳаммаъноанд. Одатан корхонаи соҳаҳои саноати сабук ва истихроҷро фабрика гӯянд (фабрикаҳои бофандагӣ, истихроҷ ва ғайра).
Муфассал »Ҳарфи Ф
Ф (эф), ҳарфи бисту дуюми алифбои ҳоаираи тоҷикист, ки аз алифбои русӣ гирифта шуда (1940), овози ҳамсадои лабудандонии беҷаранги роғро ифода мекунад ва шакли навишти чопиаш Ф ф, даснмависаш ф мебошад. Ин ҳарф дар алифбои кириллӣ аз ср (фи)-и алифбои юнонӣ пайдо шуда, «ферт» (фьртъ») ном дошт ва қимати ададиаш …
Муфассал »УҚҲУВОН
УҚҲУВОН, нигаред Ақҳавон.
Муфассал »УҚЁНУСИЯ
УҚЁНУСИЯ, Океания, калонтарин тӯдаи ҷазираҳоро гӯянд, ки дар қисмҳои марказӣ ва ҷанубу ғарбии уқёнуси Ором, байни арзҳои субтропикии Нимкураи шимолӣ ва мӯътадили Нимкураи ҷанубӣ воқеъ гаштааст. Қариб 10 ҳазор ҷазираро дар бар мегирад. Масоҳаташ 1.26 млн км2. Аҳолиаш 6,5 млн нафар (1979). Калонтарин ҷазираҳо — Гвинеяи Нав ва Зеландияи Нав …
Муфассал »УҚЕНУСШИНОСӢ
УҚЕНУСШИНОСӢ, уқёнуснигорӣ, маҷмӯи илмҳоеро гӯянд, ки просессҳои физикӣ, химиявӣ, геологӣ ва биологии уқёнусҳои оламро меомӯзад. Мақсади асосии амалии уқёнусшиносӣ таъмини бехатарӣ ва баланд бардоштани самаранокии ҳаракатҳои рӯйиоби ва зериобии киштиҳо, истифодаи захираҳои биологӣ, минералӣ ва энергетикии обу қаъри уқёнус, инчунин такмили усулҳои пешгӯийи обу ҳаво мебошад. Уқёнусшиносӣ асосан бо масъалаҳои …
Муфассал »УҚЁНУСИ ҲИНД
УҚЁНУСИ ҲИНД, аз ҷиҳати бузургӣ баъди уқёнусҳои Ором ва Атлантик сеюмин уқёнуси кураи Замин аст. Кисми зиёдаш дар Нимкураи ҷануб воқеъ гардида, онро аз шимол қитъаи Осиё, аз ғарб Африка, аз шарқ Австралия ва аз ҷануб Антарктида иҳота кардаанд. Масоҳаташ якҷоя бо баҳрҳо 74,9 млн км2, ҳаҷми об 291,9 млн …
Муфассал »УҚЁНУСИ ЯХБАСТАИ ШИМОЛӢ
УҚЁНУСИ ЯХБАСТАИ ШИМОЛӢ, аз ҷиҳати масоҳат хурдтарин уқёнуси кураи Замин буда, дар байни материкҳои Евросиё ва Америкаи Шимолӣ воқеъ гаштааст. Масоҳаташ 13,1 млн км2; ҷои аз ҳама чуқураш 5527 м (баҳри Гренланд). Ҷазмраҳои бисёре дорад: Гренландия, Галаҷазираи Арктикии Канада, Шписбертен, Замини Нав, Замини Шимолӣ ва ғайра. Масоҳати умумии ҷазираҳо 4 …
Муфассал »