Маълумоти охирин
Главная / 2019 / April (страница 134)

Архив Месяца: April 2019

ФАЗО дар математика

ФАЗО дар математика, шакл (ё отруктура)-и мантиқан даркшавандаро гӯянд, ки ҳамчун муҳит барои сохтани шакл ё конструксияҳои дигар хизмат мекунад. Мафҳуми умумии «Фазо» дар натиҷаи тадриҷан умумият додану дигар кардани геометрияи Фазои евклидӣ ба миён омадааст. Мафҳумҳои Фазои аз Фазои евклидӣ фарқкунанда бори аввал дар нимаи якуми асри 19 ҷорӣ …

Муфассал »

ФАЗЛУЛЛОҲИ ҚАЗВИНӢ

ФАЗЛУЛЛОҲИ ҚАЗВИНӢ Шарафуддин Абулфазли Ҳусайнӣ (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоир ва муаррихи форс-тоҷик (асри 14). Баъд аз касби камол ӯ дар дарбори ҳокими Луристон хидмат кардааст. Аз ӯ чунин асарҳо боқӣ мондаанд: «Девони ашъор», ки қасоид, ғазалиёт, қитаот ва ғайраро дар бар мегирад; «Мунозирати Шамъу Қандил» — асари мансурест, …

Муфассал »

ФАЗЛУЛЛОҲИ АБУЛЛАЙСӢ

ФАЗЛУЛЛОҲИ АБУЛЛАЙСӢ (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоир ва донишманди форс-тоҷик (асри 15). Дар зодгоҳаш Самарқанд илмҳои расмни даврро омӯхт. Забони арабиро хуб медонист. Аълами уламои Самарқанд буд. Алишери Навоӣ ду сол аз ӯ сабақ гирифтааст. Намунаҳои осораш тавассути тазкираҳо расидаанд. Ин абёт аз ӯст: Қадди чун сарви ту ҷон …

Муфассал »

ФАЗЛУДДИН Муҳаммад

ФАЗЛУДДИН Муҳаммад ибни Қавом ибни Рустам ибни Аҳмад ибни Маҳмуди Балхӣ (соли таваллуд ва вафот номаълум), луғатнависи форсизабони Ҳиндустон (асри 14). Фарҳанги «Баҳр-ул-фазоил фӣ манофеъ-ил-афозил» (таълифаш тақрибан 1393) яке аз таълифоти ӯст, ки ба қатори қадимтарин фарҳангҳои форсӣ-тоҷикӣ дохил мешавад. Тартиби ҷойгиршавии калимаҳои фарҳанг мутобиқи ҳарфҳои аввалу дуввуми онҳост. Дар …

Муфассал »

ФАЗЛМАВЛОҲОНИ ЛАКҲНАВӢ

ФАЗЛМАВЛОҲОНИ ЛАКҲНАВӢ (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири форсизабони Ҳиндустон (асри 16). Аз шоирони дарбори Акбар. Асарҳои мансуру манзум доштааст. Девонаш то ҳол пайдо нашудааст. Аз ӯ якчанд ғазалу қасида боқист. Ин абёт намунаи шеъри ӯст: Шоми ҳиҷрон зи ману зулфи парешон аз ту, Субҳи мотам зи ману чоки гиребон …

Муфассал »

ФАЗЛИИ НАМАНГОНӢ

ФАЗЛИИ НАМАНГОНӢ (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири тоҷик (асри 19). Фазлии Намангонӣ дар Намангон соҳиби мансабе буд. Баъдтар ба Хӯқанд омада кори эҷодиашро дар дарбори Амирӣ давом дод ва ба дараҷаи маликушшуароӣ расид. Солҳои охири ҳаёташ дар Намангон зистааст. Фазлии Намангонӣ «Шоҳнома» ном асари таърихӣ дорад, ки дар он …

Муфассал »

ФАЗЛИИ БУХОРОӢ

ФАЗЛИИ БУХОРОӢ (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири форс-тоҷик (охири асри 12—ибтидои асри 13). Ҳамдарси Муҳаммади Авфӣ. Дар Бухоро зиндагӣ ва эҷод кардааст. Фазлии Бухороӣ донишманди мӯътабари замонаш буд, вале ҳукуматдорон ба қадри илму донишаш нарасиданд, аз ин рӯ сафари Ҳиндустонро пеш гирифт. Муҳаммади Авфӣ дар «Лубоб-ул-албоб» аз ӯ 1 …

Муфассал »

ФАЗА дар термодинамика

ФАЗА дар термодинамика, ҳолати мувозинатии термодинамикии моддаро гӯянд, ки аз дигар ҳолатҳои мувозинати (дигар фазаҳо)-и ҳамон модда бо хусусиятҳои физикии худ фарқ мекунад (нигаред Мувозинати термодинамикӣ). Баъзан ҳолати метастабилии номувозинати моддаро фаза (фазаи метастабилӣ) меноманд.

Муфассал »

ФАЗА

ФАЗА (аз юнонӣ рhasis — пайдоиш), давр, зинаест дар инкишофи ягон ҳодиса.

Муфассал »

ФАЁЗОВ Очил

ФАЁЗОВ Очил (Устоочил) (1888, Уротеппа—5. 7. 1974, ҳамон ҷо), наққоши халқӣ. Аз оилаи ҳунарманд. Наққошро аз бобояш омӯхтааст. Т. биноҳои Уротеппа ва ноҳияҳои онро зинат дода, дар наққошии биноҳои ҷамъиятии шаҳру районҳои республика низ иштирок кардааст. Дар Виставкаи байналхалқии Париж (1936) чанд намунаи ҳунари Фаёзов намоиш дода шудаанд. Фаёзов чун …

Муфассал »