«ФАРҲАНГИ АМИД» фарҳанги тафсирии забони форсӣ, таълифи луғатнависи эронӣ Ҳасани АМИД. Зиёда аз 25 ҳазор калимаро дар бар мегирад. Дар муқаддимии он, ки ба муаллиф тааллуқ дорад, баъзе ҳиссаҳои нутқ муфассал шарҳ ёфтааст. Пас аз он дар фасли ҷудогона оид ба қоидаву нстилоҳоти забоии форсӣ ва арабӣ маълумот медиҳад. Сохти …
Муфассал »Архив Месяца: April 2019
ФАРҲАНГ
ФАРҲАНГ, Луғат, китобест, ки дар он воҳидҳои забонӣ (калимаҳо, ибораҳо, морфемаҳо ва ғайра) бо тартиби муайни омада, асли баромад, маъно, мавриди истифода, тарҷумаи онҳо ба дигар забон дода мешавад. Фарҳанг дар давраҳои хеле қадим ба вуҷуд омада (нигаред Лексикография), баробари ташаккули забони адаби тараққӣ кардааст. Ду гурӯҳм асосии Фарҳанг вуҷуд …
Муфассал »ФАРҚӢ
ФАРҚӢ (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири тоҷик (асри 16). Шогирди Нисории Бухороӣ. Бино ба маълумоти Нисорӣ, Фарқӣ бештар ба эҷоди қасида майл доштааст. Дар ашъораш ба масоили дунявӣ диққат додааст. Аксар қасидаҳояшро дар қофиятайн (ду қофия) гуфтааст. Аз осораш абёти пароканда боқист. Ин байт аз ӯст: На лаъл аст …
Муфассал »ФАРҚАДӢ Муҳаммад ибни Умар
ФАРҚАДӢ Муҳаммад ибни Умар (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири форс-тоҷик (асри 12). Аз осори адабии ӯ 74 байт (аз қасоид, ғазалиёт, рубоиёт ва қитаоташ) дар «Лубоб-ул-албоб»-и Авфӣ омадааст. Мавзӯи ашъораш мадҳ, ишқ, панду насиҳат ва ғайра аст. Дар як қасидаи иборат аа 38 байт дар ҳар мисраъ калимаҳои «теғу …
Муфассал »ФАРҒОНИТ
ФАРҒОНИТ, минералест аз гурӯҳи абрақҳои урандор; [UО2]3 [VО4]26Н2О. Сахтиаш 2—2,5; зичиаш 3310 кг/м3. Дар шакли кристаллҳои сафеду зарди тунук ё тангачамонанд вомехӯрад. Бинобар аввалин бор дар водии Фарғона ёфт шуданаш онро Фарғона номидаанд.
Муфассал »ФАРҒОНАГИҲО
ФАРҒОНАГИҲО, номи халқияти қадими эронизабони вилояти таърихии Фарғона, аҷдоди бевоситаи тоҷикон. Таърихи ташаккули Фарғона ба якчанд марҳала тақсим мешавад. Марҳалаи аввали он ба давраи охири асри биринҷӣ роот меояд. Қабилаҳои қадими водии Фарғона дар охири ҳазораи 2— аввали ҳазораи 1 то мелод ба деҳқонию чорводорӣ машғул буданд. Бошишгоҳи маданияти Чуст …
Муфассал »Водии Фарғона
ФАРҒОНА, водии Фарғона, пастхамии байникӯҳист дар кӯҳсори Тиёншон. Асосан дар ҳудуди РСС Ӯзбакистон, қисман дар РСС Тоҷикистон ва РСС Қирғизистон воқеъ гаштааст. Фарғонаро аз шимол қаторкуҳҳои Қурама, Чатқал, Фарғона ва аз ҷануб қаторкӯҳҳои Туркистону Олой иҳота кардаанд. Дар ғарб тавассути гузаргоҳи камбар бо дашти Мирзочӯл пайваст шудааст. Тӯли хамӣ қариб …
Муфассал »Вилояти ФАРҒОНА
ФАРҒОНА, вилоятест дар ҳайати РСС Узбакистон 15 январи 1938 ташкил шудааст. Масоҳати 7,1 ҳазор км2. Аҳолиаш 1900 ҳазор нафар (1984), аҳолии шаҳрӣ 34%. 13 райони маъмурӣ, 8 шаҳр ва 10 птш дорад. Марказаш шаҳри Фарғона. Сатҳи вилоят асосан ҳамвор аст (дашти Қароқалпоқ); набототаш биёбонист. Ҳарорати миёнаи январ —3°С, июл 28°С. …
Муфассал »Вилояти таърихии ФАРҒОНА
ФАРҒОНА, Фароғона, Фрағона, Фейхан, Бохан, Полона, Пахаина, вилояти таърихию географиест дар Осиёи Миёна. Фарғона дар давраҳои қадим як қисми ҳудуди ҳозэираи вилояти Ленинобод (раёнҳои Конибодом, Исфара, Ашт)-и РСС Тоҷикистон, вилоятҳои Фарғона, Намангон, Андиҷони РСС Узбакистон ва вилояти Уши РСС Қирғизистонро дар бар мегирифт. Дар ҳудуди Фарғона бошишгоҳҳои аввалин дар асри …
Муфассал »Шаҳри ФАРҒОНА
ФАРҒОНА, шаҳр, маркази вилояти Фарғона. Аҳолиаш 191 ҳазор нафар (1984). Дар Фарғона корхонаҳои саноати таҳвили нефт, химия (нуриҳои-нитрогендор, нахҳои химиявӣ ва ғайра) саноати сабук (заводи пахта, комбинатҳои бофандагӣ, чарми сунъӣ, фабрикаҳои пиллакашӣ, пойафзол, дӯзандагӣ), масолеҳи бинокорӣ ва хӯрокворӣ, заводи «Газоаппарат» ва ТЭС мавҷуданд. 2 донишкадаи олӣ, 5 техникум, 2 театр …
Муфассал »