«ФАРХАНГИ ПАҲЛАВӢ» (дар транскрипсияп паҳлавӣ «Ғгаhанg-i раhlavik», номи дигараш — «Мана худа» — «Мана кhоdа» аз нахустин калимаи асар гирифта шудааст), фарҳанги тафсирии забони форсии миёна (паҳлавӣ), яке аз осори лексикографии паҳлавӣ мебошад, ки тафсири ҳузворишҳоро дар бар мегирад. Соли таълиф ва муаллифи он маълум нест. «Фарҳанги паҳлавӣ» бо ҳуруфи …
Муфассал »Архив Месяца: April 2019
«ФАРҲАНГИ ОСОРИ ҶОМӢ»
«ФАРҲАНГИ ОСОРИ ҶОМӢ», аввалин луғати тафсирии муаллифиест (фарҳалги марбути осори як шоир ё нависанда), ки мувофиқи принсипҳои навини лексикографияи имрӯза таълиф шуда, ҷиҳатҳои муҳимми эҷодиёт ва захираи бои луғавии забони осори Ҷомиро шарҳу эзоҳ медиҳад. Таълифи Амон Нуров. «Фарҳанги осори Ҷомӣ» аз ду ҷилд (ҷилди 1, 1983; ҷилди 2, 1984) …
Муфассал »«ФАРХАНГИ ОНАНДРОҶ»
«ФАРХАНГИ ОНАНДРОҶ» фарҳанги тафсири форсии Муҳаммади Подшоҳ. Соли 1880 таълиф шудааст. Дар «Фарҳанги Онандроҷ» калимаҳо ба тартиби алифбон арабӣ ҷой гирифтаанд. Мансубияти калимаҳо ба ин ё он забон ба воситаи аломатҳои шартӣ (а.— арабӣ, ф.— форсӣ, т.— туркӣ, ҳ.— ҳиндӣ ва ғайра) ншора шудааст. Маъхазҳои истифодашуда низ аломатҳои шартӣ доранд. …
Муфассал »«ФАРҲАНГИ ОИМ—ЕВАК»
«ФАРҲАНГИ ОИМ—ЕВАК» (дар транскрипсияи паҳлави «Ғгаhang-1 оim — еvак», айнан; фарҳанге, ки бо калимаи авестоии оim — «як» ва паҳлавии еvак — «як» шурӯъ мешавад), фарҳанги дузабонаи авестоӣ —паҳлавӣ, яке аз осори лексикографии забони форсии миёна (паҳлавӣ) мебошад. Соли таълиф ва мураттиби он маълум нест. «Фарҳанги Оим-Евак» бо ҳуруфи авестоӣ …
Муфассал »«ФАРХАНГИ МУТАРОДИФОТ ВА ИСТИЛОҲОТ»
«ФАРХАНГИ МУТАРОДИФОТ ВА ИСТИЛОҲОТ» номи дигараш — «Маҷмӯаи мутародифот», таълифи Муҳаммади Подшоҳ. «Фарҳанги мутародифот ва истилоҳот» аз фаслҳои мутародифот, истилоҳот, ташбеҳот, киноёт ва истиорот иборат аст. Он 3850 истилоҳ ва ибораҳои фразеюлогию маҷозиро дар бар мегирад. Мувофиқи алифбои арабиасоси тоҷикӣ тартиб ёфтааст. Дар «Фарҳанги мутародифот ва истилоҳот» ҳар як ҳарф …
Муфассал »«ФАРҲАНГИ МУКАММАЛИ ФОРСӢ-АРАБӢ-РУСӢ»
«ФАРҲАНГИ МУКАММАЛИ ФОРСӢ-АРАБӢ-РУСӢ», луғати сезабонаест, ки соли 1910 И. Д. Ягелло таълиф кардааст. Дар таснифи «Фарҳанги мукаммали форсӣ-араби-русӣ» «Фарҳанги форсӣ-арабӣ-англисӣ»-и Ф. Штейнгасс, «Фарҳанги мукаммали ҳиндустонӣ-форсӣ-англисӣ»-и Ҷон Т. Платтс, луғатҳои нисбатан хурди форсӣ ба русии В. П. Наливкин ва Л. Н. Дмитриев ва ғайра истифода шудаанд. Он якумин луғати мукаммали форсӣ-тоҷикӣ …
Муфассал »«ФАРХАНГИ ИБОРАҲОИ РЕХТА»
«ФАРХАНГИ ИБОРАҲОИ РЕХТА»-и забони ҳозираи тоҷик (фарҳанги фразеологӣ), иборат аз ду ҷилд. Мураттиб М. Ф. Фозилов. Якумин фарҳанги фразеологии забони тоҷикӣ дар давраи советӣ. «Фарҳанги ибораҳои рехта» қариб 6000 воҳиди фразеологиро бо мисолҳо дар бар мегирад; сарчашма ва муаллифи мисолҳо нишон дода шудааст. Дар «Фарҳанги ибораҳои рехта» қисме аз таркибҳои …
Муфассал »«ФАРҲАНГИ ИБРОҲИМӢ»
«ФАРҲАНГИ ИБРОҲИМӢ»нигаред «Шарафномаи Аҷмади Манъярӣ».
Муфассал »«ФАРҲАНГИ ЗАРБУЛМАСАЛ, МАҚОЛ ВА АФОРИЗМҲОИ ТОҶИКИЮ ФОРСӢ»
«ФАРҲАНГИ ЗАРБУЛМАСАЛ, МАҚОЛ ВА АФОРИЗМҲОИ ТОҶИКИЮ ФОРСӢ», нахустин фарҳанги тафсирии зарбулмасал, мақол ва афоризмҳои тоҷикию форсист, ки Муллоҷон Фозилов таълиф кардааст (ҷилди 1—1975, ҷилди 2—1977). Дар ин китоб тақрибан 6 ҳазор зарбулмасал, мақол ва афоризмҳо фароҳам омадаанд, ки дар эҷодиёти намояндагони адабиёти классикии форс- тоҷик, тазкираҳо, фарҳангҳо, маҷмӯаҳои гуногун, дар …
Муфассал »«ФАРҲАНГИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ»
«ФАРҲАНГИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ» (аз асри X то ибтидои асри XX), фарҳанги тафсириест, ки соли 1969 ба табъ расидааст. Аз ду ҷилд (мутобиқи алифбои имрӯзаи тоҷикӣ, ҷилди 1: А — О, ҷилди 2: П — Ҷ.) иборат буда, тақрибан 45 ҳазор калима ва ибораро дар бар мегирад. Дар «Муқаддима»-и «Фарҳанги забони …
Муфассал »