Маълумоти охирин
Главная / 2019 / April (страница 120)

Архив Месяца: April 2019

ФАСЛ

ФАСЛ (арабӣ ), дар тибби қадим пайвандгоҳи ду устухонро меномиданд. Нигаред Банд.  

Муфассал »

ФАСЕҲӢ Мулло Абдуназар Бухороӣ

ФАСЕҲӢ Мулло Абдуназар ибни Мулло Ҷӯрабои Бухороӣ (соли таваллуд номаълум — вафот 1895), шоири тоҷик. Пас аз хатми таҳсил ба хидмати дарбор роҳ ёфт. Ашъораш аз мухаммасот, мусалласот (дар пайравии Мушфиқӣ) ва мусаддасот иборат аст. Девонаш таҳти рақами 1451/1 дар Ганҷинаи дастнависҳои шарқии Институти шарқшиносии Академияи Фанҳои РСС Тоҷикистон маҳфуз …

Муфассал »

ФАСЕҲУДДИНИ КУҲИСТОНӢ

ФАСЕҲУДДИНИ ҚУҲИСТОНӢ Муҳаммад ибни Абдулкарими Низомӣ (соли таваллуд номаълум — вафот 1530), риёзидон ва ҳайатшиноси тоҷик, шогирди Алоуддини Қушчӣ. Дар Ҳирот кор кардааст. Доир ба астрономия ва математика таълифоти зиёд дорад. «Мифтоҳи бист боб дар маърифати устурлоб» («Калиди дувоздаҳ боби маърифати устурлоб»), «Шарҳ-ул-мулаххас филҳайя», «Рисолат-улкура», «Рисола дар маърифати рубъ», «Матлаъ …

Муфассал »

ФАСЕҲИИ ҶУРҶОНӢ

ФАСЕҲИИ ҶУРҶОНӢ (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири форс-тоҷик (асри 11). Ба қавли Амин Аҳмади Розӣ, Фасеҳии Ҷурҷонӣ «Вомиқу Азро» ном маснавие доштааст. Аз он маснавӣ байтҳои зерин дар «Ҳафт иқлим» дарҷ ёфтаанд: Ҳар он, к-ӯ мардумонро хор дорад, Бидон, к-ӯ душмани бисёр дорад. Балоро худ ҳамин як ҳол некӯст, …

Муфассал »

ФАСЕҲИИ ХОФӢ

ФАСЕҲИИ ХОФӢ , Фасеҳ Аҳмад ибни Ҷалолуддин Муҳаммад ибни Яҳе (таваллуд 1375— соли вафот номаълум), шоир ва муаррихи форс- тоҷик. Фасеҳии Xофӣ ба забонҳои форсӣ-тоҷикӣ ва арабӣ шеър гуфтааст. Абёти парокандаи ӯ дар тазкираҳо ва дар асари таърихиаш «Муҷмали Фасеҳӣ» (таълифаш 1446/47) дарҷ гардидаанд. «Муҷмали Фасеҳӣ» таърихномаест иборат аз муқаддима, …

Муфассал »

ФАСЕҲИИ АНСОРИИ ҲИРАВӢ

ФАСЕҲИИ АНСОРИИ ҲИРАВӢ (соли таваллуд номаълум — вафот 1636/37), шоири тоҷик. Дар Ҳирот ба дунё омада, касби камол кардааст. Бо шоирони ҳамзамонаш Ҳаким Шифоӣ ва Мирзо Ҷалоли Асир дӯстӣ ва мушоират доштааст. Нозими Ҳиротӣ ашъори ӯро пайравӣ кардааст. Намунаҳои ашъораш (ғазал, қитъа ва рубоиҳо) дар тазкираҳои гуногун — «Тазкират-уш-шуаро»-и Мутрибӣ, …

Муфассал »

ФАСЕҲА Ҷамилахонум

ФАСЕҲА Ҷамилахонум, Ҷасмилаи Исфаҳонӣ, нисбаи Яздӣ ҳам доштааст (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоираи эронӣ (асри 16). Зодгоҳаш Язд. Дар айни камолот ба Исфаҳон омад. Сипас, ба Ҳиндустон сафар кард ва ба дарбори Ҷалолуддин Акбар роҳ ёфт. Дар анвои гуногуни шеър даст доштааст. Намунаҳои шеъраш тавассути тазкираҳо расидаанд. Ин рубоӣ …

Муфассал »

ФАРҲОД

xusrav-va-shirin

ФАРҲОД «яке аз персонажҳои қиссаву достонҳо ва ривоятҳои эҷодиёти даҳанакӣ ва адабиёти хаттии форс-тоҷик ва халқҳои дигари Шарқ мебошад. Номи Фарҳоди кӯҳкан, ошиқи малика Ширин ва рақиби Хусрав — подшоҳи сосонӣ аввалин бор дар «Тарҷумаи Таърихи Табарӣ»-и Балъамӣ (асри 10), «Рисолаи сония»-и сайёҳи араб Абӯдулаф (асри 11), «Муҷмал-ут-таворих вал-қиссас»-и муаллифи …

Муфассал »

ФАРҲАТ

ФАРҲАТ (тахаллус; фамилия ва номаш Ҳасанов Муҳиддин; 7. 8. 1924, Хуҷанд —30. 5. 1984, Душанбе), шоири советии тоҷик. Аз оилаи деҳқон. Аъзои КПСС аз соли 1948. Иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941 —45). Институти давлатии педагогии Ленинободро хатм кардааст (1948). Солҳои 1953—54 мудири шӯъбаи адабиёт ва санъати газетаи «Тоҷикистони Сурх» (ҳоло …

Муфассал »