САЙФӢ-Амир Ёдгорбек (соли таваллудаш номаълум — вафоташ 1465/1466), шоири форс-тоҷик. Аз авлоди амирзодагони темурӣ. Ба қавли тазкиранависон аз хидмати дарбор худро канора гирифта бо донишмандон муошират мекард. Шахси хоксор ва фурӯтан буд. Аз Сайфӣ якчанд ғазал ва байтҳои пароканда тавассути тазкираҳо ва баёзҳо боқӣ мондаанд, ки шоҳиди маҳорати баланди ӯ …
Муфассал »Архивы за день : 27.04.2019
САЙФУЛЛОЕВ Атахон
САЙФУЛЛОЕВ Атахон ( таваллудаш 1. 5. 1933, Хуҷанд, ҳозира шаҳри Ленинобод), муннақид ва адабиёшиноси советии тоҷик, доктори илмҳои филология (1979), Коркуни Хизматнишондодаи Маданияти РСС Тоҷикистон (1983). Аз оилаи хпзматчӣ. Аъзои КПСС аз соли 1962. Институти давлатии педагогии Ленинободро хатм кардааст (1954). Ходими калони илмии Институти забон ва адабиёти АФ РОС …
Муфассал »САЙФУЛЛИН Сакен
САЙФУЛЛИН Сакен (Саъди Ваққос; 12. 6. 1894—1939), нависандаи советии қазоқ, арбоби давлатӣ. Аъзои КПСС аз соли 1918. Раиси Совети Комиссарони Халқии РССА Қазоқистон (1922—1925), аъзои КИМ-и Умумироссия (ВЦИК). Солҳои 1913—1916 дар семинарияи м у а л л и м и и Омск таҳсил намудааст. Асарҳояш аз соли 1910 нашр шудаанд. …
Муфассал »САЙФУДДИНИ ДЕҲЛАВӢ
САЙФУДДИНИ ДЕҲЛАВӢ (соли таваллудаш номаълум — вафоташ 1582), шоир ва донишманди форс-тоҷик. Гузаштагони Сайфуддини Деҳлавӣ аз Бухоро буда, баъдтар сокини Ҳиндустон шудаанд. Баробари Сайфуддини Деҳлавӣ падар ва писараш аз донишмандон ва мутасаввифони машҳури замон ба шумор мерафтанд. Сайфуддини Деҳлавӣ муриди Шайх Амонуллоҳи Понипатӣ будааст. Сайфуддини Деҳлавӣ асарҳои манзум (ғазал, рубоӣ, …
Муфассал »САЙФУДДИНИ БОХАРЗӢ
САЙФУДДИНИ БОХАРЗӢ (1190, деҳаи Бохарзи вилояти Хуросон —1261 деҳаи Фатҳободи вилояти Бухоро), яке аз намояндагони тасаввуфи асри 13. Дар ҳаёти иҷтимоӣ ва сиёсии Осиёи Миёна мақоми калон дошт. Дар мадрасаҳои Ҳирот ва Нишопур таҳсил кардааст. Фаъолияташро дар Хоразму Бухоро гузаронида, ба дараҷаи «Шайхулолам» расидааст. Бино ба маълумоти муҳаққиқони асрҳои миёна …
Муфассал »САЙФИИ ҲИРАВӢ Сайфуддин Муҳаммад ибни Яъқуб
САЙФИИ ҲИРАВӢ Сайфуддин Муҳаммад ибни Яъқуб (1282, Ҳирот — соли вафоташ номаълум), шоир ва таърихнависи форс-тоҷик. Дар шеър «Сайфӣ» тахаллус мекард. 80 қасида, 150 қитъа дар васфи ҳокимони Курт (Карт) эҷод намудаасг. Яке аз асарҳои машҳури Сайфии Ҳиравӣ «Таърихи мулуки Курт» маъруф ба «Таърихномаи Ҳирот» аст, ки байни солҳои 1307—1321 …
Муфассал »САЙФИИ ҚАЗВИНӢ
САЙФИИ ҚАЗВИНӢ – Мир Яҳё Абдулатиф Ҳусайнӣ (Ҳасанӣ) (янтвар 1481, Қазвин —14. 6. 1555, Исфаҳон), «шоир ва муаррихи форс-тоҷик. Илмҳои расмии даврро дар зодгоҳаш омӯхта, ба камол расидааст. Ӯро сарвари сунниҳои Қазвин эълог карда, гунаҳкор донистанд ва ба фармони шоҳ Таҳмоспи сафавӣ маҳбус гардид. Дар зиндони Исфаҳон вафот кард. Аз …
Муфассал »САЙФИИ САРОӢ
САЙФИИ САРОӢ (1323, Хоразм —1396, Искандария), шоир ва тарҷумони ӯзбек. Дар Олтинӯрда ва Миср зиндагӣ кардааст. Солҳои 1362 —1380 дар Олтинӯрда 20 ҳокими муғул иваз шуд. Ба ин гирудори тоҷхоҳӣ ва вазъияти ногувор тоб оварда натавониста, аксар уламову удабо ба шаҳрҳои дигар кӯчиданд. Сайфии Сароӣ рози Мисрро пеш гирифт. Дар …
Муфассал »САЙФИИ НИШОПУРӢ
САЙФИИ НИШОПУРӢ-Бадеъуззамон Али ибни Аҳмад (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), шоир ва насрнависи асри 12 форс-тоҷик. Маълумоти тарҷумаиҳолӣ дар бораи Сайфии Нишопурӣ хеле кам аст. Вале дар аксари тазкираҳо (аз «Лубоб-ул-албоб» то «Маҷмаъ-ул-фусадо») исми Сайфии Нишопурӣ ҳамчун шоири бомаҳорат ва насрнависи тавоно зикр гардидааст. Аз таълифоти Сайфии Нишопурӣ то замони …
Муфассал »САЙФИИ АРӮЗИИ БУХОРОӢ
САЙФИИ АРӮЗИИ БУХОРОӢ (соли таваллудаш номаълум — вафоташ 1503), шоир ва адабиётшиноси форс-тоҷик. Дар Бухоро ва Ҳирот илм омӯхтааст. Бо доираи адабие, ки Ҷомию Навоӣ сарварӣ мекардаанд, қаробат пайдо намуда, дар муҳити адабии Ҳирот шӯҳрат ёфт. Соли 1487 Ҳиротро тарк карда, ба Бухоро омад. Назар ба маълумоти сарчашмаҳои адаби Сайфии …
Муфассал »