РИНДАК, нигаред, Рандак.
Муфассал »Архивы за день : 21.04.2019
РИНГ
РИНГ (англисӣ) майдончаи мураббаест барои мусобиқаи боксёрҳо. Тарафҳои Ринг (ҳар кадоме 5—6 метр) бо се қатор ресмоне, ки ғафсиаш 2,5—3 сантиметр аст, иҳота карда мешавад, фосилаи байни ҳар қатор 40 сантиметр буда, аз фарш мутаносибан 40, 80 ва 120 сантиметр баландтар аст. Ба саҳнаи Ринг намад, брезент ё материали синтетикии …
Муфассал »Деҳаи РИН
РИН, деҳаест дар Совети қишлоқи Ишкошим, райони Ишкошими Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳистон. Территорияи совхози ба номи И. Исмоилов. Аз Рин то маркази Совети қишлоқ ва район 2 километр; роҳаш асфалтпӯш. Аҳолиаш 635 нафар (1981), тоҷикон. Деҳа мактаби миёна, клуб ва китобхона дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ — чорводорӣ ва картошкаю сабзавоткорӣ. …
Муфассал »Дарахти РИМ
РИМ, р е м (Рори1ия 1адзЫк1з1а- П1са, Р. 1а1азз1са), дарахтест аз ҷинси Сафедор. Ду намуд дорад: 1) Рими тоҷикистонӣ дарахтест, ки барги гуногуншакли (аз нештарӣ то мудаввар; дарозиаш 2,5—5 сантиметр, бараш 1,5—4 сантиметр) думчааш серпашмак (2—3 сантиметр), хӯшагули нарнини тучи дарозрӯя (4,5—5 сантиметр), 38—45-гула, хӯшагули моткини сабз (4—7 сантиметр) ва …
Муфассал »РИМСКИЙ-КОРСАКОВ Николай Андреевич
РИМСКИЙ-КОРСАКОВ Николай Андреевич (18. 3. 1844, Тихвин 21. 6. 1908, работи Любенск, ҳоло вилояти Ленинград), бастакор, дири- жёр, педагог ва ходими ҷамъиятии рус. Яке аз иштирокчиёни фаъоли «Тӯдаи муқтадир» (симфонияи нахустинашро солҳои 1862 —65 дар таҳти роҳбарии М. А. Балакирев эҷод кардааст; таҳрири дуюм—1874). Махсусан, аз солҳои 70 фаъолияти ҷамъиятию …
Муфассал »РИММА
РИММА истилоҳи тибби қадимест, ки пӯсидани устухонро ифода мекунад. Дар тибби муосир онро остеомиелит меноманд.
Муфассал »РИМАН Бернхард
РИМАН Бернхард (17. 9. 1826, Брезеленс, Саксонияи Поён — 20. 7. 1866, Селаска, назди Интра, Италия) математики немис. Соли 1846 ба Университети Гёттинген дохил шуд. Лексияҳои К. Гаусс- ро шунида, сонитар бисёр ғояҳои ӯро инкишоф дод. Дар Университети Берлин (солҳои 1847— 49) аз К. Якоби (доир ба механи- ка) ва …
Муфассал »Шаҳри РИМ
РИМ, пойтахти Италия маркази сиёсӣ, маданӣ ва иқтисо- дии мамлакат. Яке аз шаҳрҳои атиқаи аз ҷиҳати ёдгориҳои таърихӣ ва маданӣ бойтарини ҷаҳон аст. Онро «шаҳри ҷовид» ҳам меноманд. Маркази маъмурии музофоти Рим ва вилояти Ласио. Дар ҳудуди Рим шаҳр— давлати Ватикан ҷой гирифтааст. Рим дар ҳамвории теппадори пайдоишаш вулқонӣ, дар …
Муфассал »Рими Қадим
РИМ, Рими Қадим (лотинӣ Рома), шаҳрест, ки (мувофиқи риво- ятҳои атиқа) соли 754 (ё 753) то милод аз якчанд деҳа ташкил ёфта, дар миёнаҳои асри 3 то милод тамоми нимҷазираи Апепнинро ба худ тобеъ намудааст; минбаъд давлатест, ки қисмҳои ғарбӣ ва ҷануби щарқии Европа, Осиёи Хурд, соҳилҳои Африкаи Шимолӣ, Сурия …
Муфассал »Рила-Плапина
РИЛА. Рила-Плапина, баландтарин массиви куҳии нимҷазираи Балкан, дар ҷануби ғарби Булғория. Баландиаш то 2925 метр (кӯҳи Мусала). Асосан аз ҷинсҳои қадимаи кристаллӣ ва метаморфӣ таркиб ёфтааст. Аз Рила дарёҳои Искир, Мариса, Места ибтидо меёбанд. Дар баландиҳои 2100—2500 метр кулҳо бисёранд. Дар нишебиҳои Рила бешаҳои дарахтони булут, шамшод ва сӯзанбарг, дар …
Муфассал »