ХАТИ АВЕСТО, дин-дабира, хати Занд, хатест, ки тақрибан дар асрҳои 3—4 дар асоси хати паҳлавӣ ихтироъ гардида, барои сабти Авесто истифода шудааст. Мувофиқи ривоятҳо ва анъанаи дини зардуштӣ Авесто пеш аз ҳуҷуми Искандари Мақдунӣ бо хати заррин рӯи 12000 пӯсти гов навишта шуда будааст. Вале маълум нест, ки Авесто ба …
Муфассал »Архивы за день : 17.04.2019
ХАТИ АРМАНӢ
ХАТИ АРМАНӢ, хати овозиест, ки сарроҳиб Месроп Маштоци (361— 440) тақрибан солҳои 405—406 дар асоси хати юнони (византиягӣ) ва оромии шимолӣ ихтироъ карда буд. Алифбои ин хат 36 ҳарфро дар бар мегирифт. Тартиби ҷойгирии ҳарфҳо ба алифбои юнонӣ мувофиқат мекард. Дар асри 12 ба Xати арманӣ боз ду ҳарфи нав …
Муфассал »«ХАТАРИ ТАҲЛУКА ВА ЧОРАҲОИ ПЕШГИРӢ КАРДАНИ ОН» – асари В. И. Ленин
«ХАТАРИ ТАҲЛУКА ВА ЧОРАҲОИ ПЕШГИРӢ КАРДАНИ ОН», асари В. И. Ленин, ки 10—14 сентябри 1917 дар пинҳонкорӣ дар Гельсингфорс (Финляндия) навишта шуда, охири октябри 1917 дар нашриёти «Прибой» ҳамчун китобчаи алоҳида аз чоп баромад. В. И. Ленин дар он платформаи иқтисодии Партияи болшевиконро дар арафаи Револютсияи Кабири Сосиалистии Октябр асоснок …
Муфассал »ХАТ
ХАТ, системаи аломатҳост, ки тавассути нақшу тасвирҳо робитаи одамонро таъмин менамояд ва хабареро ба фосилаи муайян мерасонад. Xатро ба панҷ навъи асосӣ тақсим кардаанд: 1) Фразография (хати фиқрагӣ), таърихан хати ибтидоӣ буда, тасвирҳо ё аломатҳои он (фразограммаҳо) ахбори томро бидуни тақсим ба калимаҳои алоҳида ифода монамоянд. Ба фразография воситаҳои предметӣ …
Муфассал »ХАТ
ХАТ, қисми умумин ду соҳаи ҳамсояи сатҳро гуянд. Нуқта ҳаракат карда ягон хат мекашад. Дар геометрияи аналитикӣ, дар ҳамворӣ хат тавассӯти муодилаи байяи координатаҳои нуқтаҳои он ифода мешавад. Дар системаи координатаҳои росткунҷа вобаста ба шакли муодила хатҳо ба навъҳо ҷудо мешаванд. Агар хат бо муодилаи Ғ(х, у) – 0[Ғ(х, у) …
Муфассал »ХАСТАГӢ
ХАСТАГӢ, мондагӣ, шалпарӣ, вазъи муваққатии ягон узв ё тамоми организмро гӯянд, ки дар на тиҷаи меҳнати аз ҳад зиёд рух дода, боиси суст шудани қобилияти корӣ мегардад. Xастагӣ рӯҳӣ ва ҷисмонӣ (дар инсон) мешавад.
Муфассал »ХАСТА Холмуҳаммад
ХАСТА Холмуҳаммад (1902, деҳаи Деҳбози Кӯлоб,—1972, Мазори Шариф, Афғонистон), шоир ва тазкиранависи афғон. Дар хурдсоли ҳамроҳи падар ба Бухоро рафта, илмҳои маъмули замонро аз худ кардааст. Баъд дар Мазори Шариф адабиёти форс-тоҷик ва арабро омӯхтааст. Солҳои 1922—36 дар мадрасаҳои Ҳиндустон таҳсил намудааст. Дар мадрасаҳои Мазори Шариф таълим додааст. Соли 1948 …
Муфассал »ХАСПУШ
ХАСПУШ, чоҳ ё чуқуриест, ки рӯи онро бо хасу хошок пӯшонда номаълум карда бошанд, то дар вай ҷонваре ғалтида ба даст афтад.
Муфассал »ХАСМОЛ
ХАСМОЛ, панарисий, илтиҳоби шадиду фасодноки ангушти дастро гӯянд. Сабаби асосии пайдоиши хасмол захми хурди сироятшуда (масалан халидани хор, сӯзан ва ғайра) аст. Xасмол пӯстӣ, зерипӯстӣ, зеринохунӣ ва ғайра мешавад. Илтиҳоби риму фасодноки гирди нохунро паронихия ва газаки бофтаҳои ангуштро паидактилит меноманд.
Муфассал »ХАСКАШАК
ХАСКАШАК, мошинест барои ҷамъ овардан ва банд бастани алафи даравшуда. Дар СССР бештар хаскашаки васеъбари ГП-14, ки хасбедаи қитъаи паҳноияш 14 м-ро меғундорад, маъмул аст.
Муфассал »