Маълумоти охирин

ХАТ

ХАТ, системаи аломатҳост, ки тавассути нақшу тасвирҳо робитаи одамонро таъмин менамояд ва хабареро ба фосилаи муайян мерасонад.

images

Xатро ба панҷ навъи асосӣ тақсим кардаанд:
1) Фразография (хати фиқрагӣ), таърихан хати ибтидоӣ буда, тасвирҳо ё аломатҳои он (фразограммаҳо) ахбори томро бидуни тақсим ба калимаҳои алоҳида ифода монамоянд. Ба фразография воситаҳои предметӣ ё ғайрихаттии додани хабар, аломатҳои шартӣ ва хати тасвирӣ (пиктография) дохил мешаванд. Аломатҳои шартӣ нишонҳои авлоду қабила, аломатҳои моликияти авлод, қабила, шахс (масалан, тамға, доғ), мӯҳри устоҳо ва ғайра мебошанд. Ин аломатҳо ба ҳайвоноти хонагӣ, силоҳ, маснуоти сафолӣ ва ҳатто ба асирон гузошта мешуданд. Аломатҳои шартиро бисёр халқҳои имрӯза, ки дар дараҷаи сохти авлодӣ қарор доранд, то ҳол истифода мебаранд (ҳиндувони Америка, халқҳои Шимоли Дур, Африка, Австралия ва Уқёнусия). Халқҳои мутамаддин низ аломатҳои шартии дорои хусусияти фразографиро ба кор мебаранд. Маслан, нишонҳои фарқият дар погонҳо, нишонҳои мактабҳои олӣ, гербу байрақҳо ва ғайра.
2) Логография (хати калимавӣ), ки аломатҳои он (лоғограммаҳо) калимаҳои ҷудогонаре ифода мекунанд. Дар ин ҷо миқдори ало, матҳо ба миқдори калимаҳо, аниқтараш, воҳидҳои семантнкии мустақили хабар баробар аст. Инчунин барои ифодаи як калима (воҳиди семантикӣ) як аломати муанӣ истифода мешавад. Хати калимавӣдар асоси хати тасвирӣ тақрибан дар давраи ғуломдорӣ ба вуҷуд омада, тараққӣ кардааст.
3) Морфемография хатест, ки аломатҳои он морфемаҳоро ифода мекунанд. Вақте ки логограммаҳо барои ифодаи асоси решагии калимаҳо ва шаклҳои грамматикии калимаҳо (масалан, бандакҳои падеж) истифода мешаванд, онҳо хусусияти морфемограммаро мегиранд.
4) Силлабография (хати ҳиҷоӣ), ки аломати он ба ҳиҷо баробар аст; дар ҳазораи 2—1 то м. ба вуҷуд омадааст. Он се навъ дорад. Ба навъи аввал хати мехӣ, хати майя, хати кореягӣ дохил мешаванд, ки дар онҳо аломатҳо ҳар гуна ҳиҷо — садоноки ҷудогона, ҳамсадову садонокро ифода мекунанд. Ба навъи дуюм хатҳои крилӣ, кипрӣ, ҳабашӣ, японӣ медароянд, ки як аломати онҳо садоноки ҷудогона, ҳамсадову садонокро ифода мекард. Хати форсии қадим, ки аломатҳои он ҳиҷои иборат аз ҳамсадову садонокро ифода мекард ба навъи дуюм мансуб аст. Навъи сеюм системаҳои хатҳон ҳиндиро дар бар мегирад.
5) Фонография (хати овозӣ) ои аст, ки ҳарфҳояш овозҳо ё фонемаҳои ҷудогонаи нутқро ифода мекунанд (хатҳои финиқӣ, юнонӣ, лотинӣ, русӣ, арабӣ ва ғайра). Системаҳои ҳарфии овози ба ду гурӯҳ ҷудо мешаванд: 1) овозии ҳамсадоӣ (финиқӣ, угаритӣ, ибронӣ, оромӣ, арабӣ ва ғайра.), ки дар онҳо аломатҳои асосии хаттӣ (ҳарфҳо) танҳо овозҳои ҳамсадоро ифода мекунанд; 2) садоии овозӣ (юнонӣ, лотинӣ, руси ва ғайра.), ки аломатҳои хаттии онҳо овозҳои ҳамсадо ва садонокро баробар ифода мекуоанд. Ҳамаи хатҳои ҳарфии овозӣ аз хати финикӣ ибтидо гирифта, ба ду самти асосӣ густариш ёфтаанд. Дар Шарқ аз хати финиқӣ хати оромӣ пайдо шуд, ки қариб ҳамаи хатҳои ҳарфии овозӣ ва баъзе систамаҳои ҳиҷоии Осиё аз он сар задаанд (аз ҷумла хати паҳлавӣ, хати сугдӣ, хати монавӣ, хати Авесто, хати хоразмӣ, хати портӣ ва ғайра). Дар Ғарб аз хати финиқи хати юнонӣ ба вуҷуд омад, ки асоси ҳамаи системаи «хатҳои европоиён гардид. Системаҳои шарқии хат то андозае усули ҳамсадоии филиқиро нигоҳ доштанд. Дар Ғарб бошад ҳамаи системаҳои хат бо роҳи вокалии овозӣ пеш рафтанд.
Инчунин нигаред Алифбои арабӣ, Алифбои русӣ, Алифбои тоҷикӣ, Алифбои лотинӣ.
Адабиёт: Афсаҳов А., Қахҳоров Ҳ., Аз таърихи пайдоиши хат, Душанбе, 1979.
А. Афсаҳов.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …