Маълумоти охирин

ХАТ

ХАТ, системаи аломатхост, ки тавассути накшу тасвирхо робитаи одамонро таъмин менамояд ва хабареро ба фосилаи муайян мерасонад.

images

Xатро ба панч навъи асоси таксим кардаанд:
1) Фразография (хати фикраги), таърихан хати ибтидои буда, тасвирхо ё аломатхои он (фразограммахо) ахбори томро бидуни таксим ба калимахои алохида ифода монамоянд. Ба фразография воситахои предмети ё гайрихаттии додани хабар, аломатхои шарти ва хати тасвири (пиктография) дохил мешаванд. Аломатхои шарти нишонхои авлоду кабила, аломатхои моликияти авлод, кабила, шахс (масалан, тамга, дог), мухри устохо ва гайра мебошанд. Ин аломатхо ба хайвоноти хонаги, силох, маснуоти сафоли ва хатто ба асирон гузошта мешуданд. Аломатхои шартиро бисёр халкхои имруза, ки дар дарачаи сохти авлоди карор доранд, то хол истифода мебаранд (хиндувони Америка, халкхои Шимоли Дур, Африка, Австралия ва Укёнусия). Халкхои мутамаддин низ аломатхои шартии дорои хусусияти фразографиро ба кор мебаранд. Маслан, нишонхои фаркият дар погонхо, нишонхои мактабхои оли, гербу байракхо ва гайра.
2) Логография (хати калимави), ки аломатхои он (логограммахо) калимахои чудогонаре ифода мекунанд. Дар ин чо микдори ало, матхо ба микдори калимахо, аниктараш, вохидхои семантнкии мустакили хабар баробар аст. Инчунин барои ифодаи як калима (вохиди семантики) як аломати муани истифода мешавад. Хати калимавидар асоси хати тасвири такрибан дар давраи гуломдори ба вучуд омада, таракки кардааст.
3) Морфемография хатест, ки аломатхои он морфемахоро ифода мекунанд. Вакте ки логограммахо барои ифодаи асоси решагии калимахо ва шаклхои грамматикии калимахо (масалан, бандакхои падеж) истифода мешаванд, онхо хусусияти морфемограммаро мегиранд.
4) Силлабография (хати хичои), ки аломати он ба хичо баробар аст; дар хазораи 2—1 то м. ба вучуд омадааст. Он се навъ дорад. Ба навъи аввал хати мехи, хати майя, хати кореяги дохил мешаванд, ки дар онхо аломатхо хар гуна хичо — садоноки чудогона, хамсадову садонокро ифода мекунанд. Ба навъи дуюм хатхои крили, кипри, хабаши, япони медароянд, ки як аломати онхо садоноки чудогона, хамсадову садонокро ифода мекард. Хати форсии кадим, ки аломатхои он хичои иборат аз хамсадову садонокро ифода мекард ба навъи дуюм мансуб аст. Навъи сеюм системахои хатхон хиндиро дар бар мегирад.
5) Фонография (хати овози) ои аст, ки харфхояш овозхо ё фонемахои чудогонаи нуткро ифода мекунанд (хатхои финики, юнони, лотини, руси, араби ва гайра). Системахои харфии овози ба ду гурух чудо мешаванд: 1) овозии хамсадои (финики, угарити, иброни, ороми, араби ва гайра.), ки дар онхо аломатхои асосии хатти (харфхо) танхо овозхои хамсадоро ифода мекунанд; 2) садоии овози (юнони, лотини, руси ва гайра.), ки аломатхои хаттии онхо овозхои хамсадо ва садонокро баробар ифода мекуоанд. Хамаи хатхои харфии овози аз хати финики ибтидо гирифта, ба ду самти асоси густариш ёфтаанд. Дар Шарк аз хати финики хати ороми пайдо шуд, ки кариб хамаи хатхои харфии овози ва баъзе систамахои хичоии Осиё аз он сар задаанд (аз чумла хати пахлави, хати сугди, хати монави, хати Авесто, хати хоразми, хати порти ва гайра). Дар Гарб аз хати финики хати юнони ба вучуд омад, ки асоси хамаи системаи «хатхои европоиён гардид. Системахои шаркии хат то андозае усули хамсадоии филикиро нигох доштанд. Дар Гарб бошад хамаи системахои хат бо рохи вокалии овози пеш рафтанд.
Инчунин нигаред Алифбои араби, Алифбои руси, Алифбои точики, Алифбои лотини.
Адабиёт: Афсахов А., Каххоров Х., Аз таърихи пайдоиши хат, Душанбе, 1979.
А. Афсахов.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …