Маълумоти охирин
Главная / 2019 / April / 13 (страница 9)

Архивы за день : 13.04.2019

ФОСФАТҲОИ ХӮРОКИ ЧОРВО

fosfat

ФОСФАТҲОИ ХӮРОКИ ЧОРВО, моддаҳои минералии калсий ва фосфордореро гӯянд, ки ба хӯроки ҳайвоноти хоҷагии қишлоқ ҳамроҳ мекунанд. Фосфатҳои хӯрокиро бо ем, силос, кунҷора ва бехмева меомезанд.

Муфассал »

ФОСФАТҲОИ ТАБИӢ

fosfat

ФОСФАТҲОИ ТАБИӢ, синфи минералҳо, намакҳои кислотаи ортофосфат мебошанд. Қариб 180 минералро дар бар мегиранд. Фосфатҳои табии ниҳоят гуногунранганд. Сахтии онҳо аз 2 то 6,5; зичиашон 1,7—6 г/сма. Фосфатҳои табиӣ асосан дар қисми болоии қишри Замин — қаъри баҳру кӯлҳо, дар хоку ботлоқзор ва қишри фарсоиш пайдо мешаванд. Фосфатҳои табиӣ ашёби …

Муфассал »

ФОСИЛА

sher

ФОСИЛА (арабӣ — масофаи байни ду чиз; сутун), 1) дар илми аруз ва мусиқии классикии тоҷик рукнест, ки асосан вазн ва ритмро ифода мекунад. Фосила се навъ аст: суғро, кубро ва уммо. Фосилаи суғро аз се мутаҳаррики пай дар пай ва як сокин таркиб меббад («фаилун» — «тананан»): Чу рухат …

Муфассал »

ФОСФАТҲО

fosfat

ФОСФАТҲО намакҳо ва эфирҳои кислотаи фосфатро гӯянд. Фосфатҳо ду хел мешаванд: ортофосфатҳо (намак ва эфирҳои Н3РО4) ва Фосфатҳои полимерӣ (полифосфатҳо, метофосфатҳо ва ултрафосфатҳо). Фосфатҳо чун нуризҳои фосфордор, воситаҳои шустушӯӣ ва ғайра истифода мешаванд. Эфирҳои фосфатро чун пестисидҳо, моеъҳои модидани ва ғайра ба кор мебаранд.

Муфассал »

ФОРУҚӢ Шайх Иброҳими Қавом

ФОРУҚӢ Шайх Иброҳими Қавом (соли таваллуд ва вафот номаълум), луғатнавис ва шоири форсизабони Ҳиндустон (асри 15). Форуқӣ дар вилояти Биҳори Ҳиндустон ба дунё омадааст. Форуқӣ муаллифи фарҳанги «Шарафномаи Аҳмади Маньярӣ» мебошад. Дар тазкираҳо ва дар фарҳанги зикрёфта шеърҳои ӯ (қасидаҳо, манзумаҳои хурд, ғазалҳо ва ғайра) ҷой дода шудаанд. Номаҳо ва …

Муфассал »

ФОРТУНАТОВ Филип Фёдорович

ФОРТУНАТОВ Филип Фёдорович (14. 1. 1848, Вологда—а 10. 1914, Косалма, ҳозира раёни Прионежски РАСС Карел.), забоншиноси рус, академики Акдемияи Фанҳои Петербург (1898). Асосгузори мактаби забоншиносии Москва. Бештари корҳои Фортунов ба фонетикаи забонҳои ҳиндуевропоӣ оиданд. Фортунов асосгузори қонуни тағйири ҷои зада дар забонҳои балтӣ ва славянӣ вобаста ба оҳанги талаффуз (интонасия) …

Муфассал »