ФАРҒОН, фарғуч, яке аз усулҳои муфиди таъмиру таҷдиди токзор. Навдаи беҳтарину дарози токро аз мобайн хокпуш (дар чуқурии 40—50 см) мекунанд. Навда аз кундаи асосӣ баҳра бурда нашъунамо меёбад ва дар хок реша меронад. Аввали баҳори оянда навдаро аз танаи асосӣ ҷудо карда, ба ҷои дилхоҳ мешинонанд. Аксаран қаламчаҳои Фарғон …
Муфассал »Архивы за день : 05.04.2019
ФАРҒАНД
ФАРҒАНД, номи дигари зарпечак.
Муфассал »«ФАРЪИ МУХАММАС»
«ФАРЪИ МУХАММАС» зарбост дар «Дувоздаҳмақом». Бо ин зарб гӯшаҳои мусиқии «Хиром» ва «Фарри Ҳиҷоз»-и шӯъбаи «Авҷ», мақоми «Ушшоқ»-и овозаи «Салмак» иҷро мешаванд. И. Раҳимов.
Муфассал »«ФАРЁД»
«ФАРЁД» яке аз сурудҳои маъмули классикии хоси «Мақомҳои Хоразм». Он дар мақомҳои «Рост» ва «Наво» мавҷуд буда, дар «Шашмақом» нест. Мақомҳои Хоразм дар асоси мақомҳои Бухоро «Шашмақом» тартиб ёфтаанд ва аз ҷиҳати сохту номгӯй ба онҳо наздикӣ доранд. Аз ин ру дар мақоми «Рост»— «Талқини Рост» ва дар мақоми «Наво» …
Муфассал »«ФАРЪ»
«ФАРЪ» (арабӣ — шоҳ, шохи дарахт), номи вазнест дар мусиқии классикӣ, ин дар асоси зарбҳо (авзонӣ)-и аслӣ мураттаб мешавад. Асосан хоси «Дувоздаҳмақом» аст. Масалан, аз зарби «Мухаммас» — «Фаръи Муҳаммас» ва аз оҳангҳои «Моҳур», «Рост», «Бӯсалик» ва ғайра. «Фаръи Моҳур», «Рости Фаръ», «Бӯсалики Фаръ» ва дигарро сохтаанд. «Фаръи Моҳур» аз …
Муфассал »Шаҳраки ФАРХОР
ФАРХОР, посёлкаи типи шаҳрӣ (аз 16 октябри 1950), маркази маъмурии раёни Фархори вилояти Кулоб, Аҳолиаш 15,8 ҳазор нафар (1986). Корхонаҳои саноатиаш: заводҳои пахта, нон, комбинати хизмати маишӣ. Дар посёлка инчунин иттиҳодияи районии «Селхозтехника», колоннаҳои сайёри механиконидаи рақамҳои 17 ва 26, автоколоннаи рақами 1, базаи автомобилии рақами 18, идораи сохтмону таъмир, …
Муфассал »ФАРШӢ Ҳабибуллоҳи Самарқандӣ
ФАРШӢ Ҳабибуллоҳи Самарқандӣ (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири тоҷик (асри 16). Шогирди тазкиранигор Мутрибии Самарқандӣ. Аз ашъори Фаршӣ якчанд ғазал ва байтҳои пароканда тавассути тазкираҳо то замони мо расидаанд. Аз ду ғазалаш (дар тазкираи Мутрибӣ) бармеояд, ки ӯ шахси озодандеш, ринд будааст. Фаршӣ ҳунари тазҳиб (тиллокорӣ) ва тасвиру муҳр …
Муфассал »ФАРХАВ
ФАРХАВ, 1) пиростани ток, як навъ тадбири агротехикист, ки ҳар сол барои танзими сабзиш, инкишоф ва серҳосилии ток ба амал мебароранд. Фархав парвариши токро осон намуда, барои аз рӯшпоӣ ва гармӣ пурра истифода намудани он имкон медиҳад. Дар ноҳияҳое, ки токро хокпӯш мекунанд, онро тирамоҳ (моҳҳои сентябр— октябр) ва баҳор …
Муфассал »Ноҳияи ФАРХОР
ФАРХОР, райони маъмурист дар ҷануби вилояти Кӯлоб. Таъсисаш 23 ноябри 1930. Бо Республикаи Демократии Афғонистон (аз ҷануб ва ҷанубу шарқ) ҳамсарҳад аст. Масоҳаташ 1183,1 км. Аҳолиаш 67,1 ҳаазор нафар (1986); 7 Совети қишлоқ (Ватан, Ғайрат, Ғалаба, Гулшан, Деҳқонариқ, Комсомол, Фархор) ва птш (Фархор) дорад. Фархор дар соҳили рости дарёи Панҷ …
Муфассал »ФАРФУР
ФАРФУР, ниг. Тиҳу.
Муфассал »