ТАСМАЧАРХ, тасмаи яклухти сарбаст ё занҷири аз ҳалқаҳои бо усули шарнирӣ пайвастро меноманд, ки барои ҳаракати тасмачархии мошинҳо истифода мешавад. Тасмачархҳои металлӣ маъмуланд. Ҳалқаҳои тасмачархи металлӣ яклухт ва ҷудо мешаванд.
Муфассал »Архивы за день : 07.03.2019
Ҷазираи ТАСМАНИЯ
ТАСМАНИЯ (Таsmania), ҷазираест дар наздикии соҳилҳои ҷанубу шарқии Австралия. Гулугоҳи Баос Тасманияро аз материк ҷудо мекунад. Тасмания якҷоя бо ҷазираҳои атрофаш (Килг, Флиндерс ва ғайра) штати Иттифоқи Австралияро ташкил медиҳад. Масоҳати штат 68 ҳазор км2. Аҳолиаш 403 ҳазор нафар (1976). Маркази маъмуриаш шаҳри Хобарт. Ҷазира аз пуштакӯҳ ва кӯҳҳои баландиашон …
Муфассал »ТАСМАН Абел Янсзон
ТАСМАН (Таsman) Абел Янсзон (1603, Лутгегаст, музофоти Гронинтен — октябри 1659, Ҷакарта), баҳрнаварди голландӣ, тадқиқотчии Уқёнусия ва Австралия (1644). Кашшофи ҷазираи Тасмания, соҳили ғарбии Зеландияи Нав, ҷазираи Тонга ва ғайра Исбот кард, ки Австралия массиви томи хушкист.
Муфассал »ТАСМАН
ТАСМАН (баҳри Тасмин — Таsman sea), баҳрест дар уқёнуси Ором, ки байни Австралияю ҷазираи Тасмания дар ғарб ва ҷазираҳои Зеландияи Нав, Норфолк, Каледонияи Нав дар шарқ воқеъ аст. Масоҳаташ 3336 ҳазор км2, чуқуриаш то 5466 м. Бандархои калонаш: Сидней, Брисбен, Нюкасл (Австралия). Баҳр ба шарафи баҳрнаварди голландӣ А. Тасман номида …
Муфассал »ТАСМАКИРМҲО
ТАСМАКИРМҲО, сестодҳо, як гурӯҳ ҷонварони бемӯҳраро гӯянд. Тасмакирмҳои болир паразити рӯдаи ҷонварони мӯҳрадор ва одам мебошанд. Танашон тасмашакл буда, ба бандҳо (аз 2 то якчанд ҳазор) тақсим шудааст; дарозиашон аз якчанд мм то 20 м ва аз он ҳам зиёд. Онҳо бавуҷудоварандаи бемориҳои вазнини моҳиҳо, паррандаҳо, ҳайвоноти ширхӯр ва одам …
Муфассал »ТАСЛИМ
ТАСЛИМ (арабӣ — фармонбардорӣ, худро ба ихтиёри каси дигар супоридан), дар ҳуқуқи байналхалқӣ қатъ шудани муборизаи яроқнок ва ба мағлубият тан додани қувваҳои ҳарбии яже аз давлатҳои ҷангкунанда. Давлати ғолиб одатан як қатор ӯҳдадориҳо (сиёсӣ, иқтисодӣ, ҳарбӣ ва ғайра)-ро ба зиммаи давлати таслимшуда мегузорад. Таслими беқайду шарт одатан ҳангоми пурра …
Муфассал »ТАСВИРОТИ РӮИ САНГ
ТАСВИРОТИ РӮИ САНГ, петроглифҳо, тасвирҳои қадимтарин дар девору сақфи ғорҳо, болои харсангҳо ва сангҳои алоҳида, ки яке аз шаклҳои васеъ паҳнгардидаи санъати ибтидоӣ мебошад. Тасвироти руи санг аз давраи палеолит то рӯаҳои мо ва дар тамоми ҷаҳон маълуманд. Се усули асосии тасвирот ба нааар мерасад: раомҳои бо ранг кашидашуда, расмҳои …
Муфассал »ТАСДИР
ТАСДИР (арабӣ — садр кардан), ак навъи санъати бадеии радд-ул-аҷз ила-с-садр, яъне овардани калимаи садр (аввали мисраи якуми байт) дар охири мисраи дуюм: Посбононро иваз созанд рӯзону шабон, Дил вале хоҳад, ки бошам рӯзу шабҳо посбон. (М. Турсунзода). Ин санъат барои таъкиди матлаби шоир аҳамияти калон дорад. Р. Мусулмоқулов.
Муфассал »ТАСВИРИ ОПТИКӢ
ТАСВИРИ ОПТИКӢ, тасвирест, ки дар натиҷаи ба системаи оптикӣ афтидани нурҳои афкандаи объект ё аз он аксшуда ҳосил мегардад. Истифодаи тасвири оптикӣ одатан ба тағйири миқёси тасвири предметҳо ва гузаронидани нақшаи онҳо ба ягон сатҳ (экран, фотонавор, фотокатод ва ғайра) алоқаманд аст. Одам чизеро аз он сабаб мебинад, ки нақшаи …
Муфассал »ТАСБЕҲ
ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади зикри худоро бо он шуморад. Бо тасбеҳ худоро зикр кардан дар байни рӯҳониёни калисои католикӣ, буддоия, мусулмонон маъмул шудааст. Руҳонӣ ҳангоми тасбеҳ гуфтан (яъне номи худоро зикр кардан) донаҳои тасбеҳро як-як мегардонад. Бо тасбеҳ диндорон …
Муфассал »