УЛЯНОВА Мария Илиличиа (18. 2. 1878, Симбирск, ҳозира Уляновск—12. 6. 1937, Москва), ходими партиявии советӣ. Аъзои Партиин коммунистӣ аз соли 1898. Хоҳари В. И. Ленин. Агенти «Искра». Иштирокчии Револютсияи солҳои 1905—07 ва Револютсияи Октябри 1917 дар Петроград. Солҳои 1917—29 аъзои ҳайати таҳририя ва котиби масъули газетаи «Правда», баъд аъзои Президиуми …
Муфассал »Архив Месяца: March 2019
Шаҳри УЛЯНОВСК
УЛЯНОВСК (то 1924-Симбирск), шаҳр, маркази вилояти Улянов, зодгоҳи В. И. Улянов (Ленин). Дар соҳили дарёҳои Волга ва Свяга воқеъ аст. Узели роҳи оҳан, бандари дарёӣ дар соҳили обанбори Куйбишев. Аҳолиаш 524 ҳазор нафар (1984). Соҳаҳои саноаташ: мошинсозӣ, истеҳсоли масолеҳи бинокорӣ, саноати сабук ва хӯрокворӣ. 3 донишкадаи олӣ, 2 театр дорад. …
Муфассал »УЛЯНОВА Мария Александровна – модари В. И. Ленин
УЛЯНОВА (фамилияи падариаш Бланк) Мария Александровна (6. 3. 1835, Петербург —25. 7. 1916, Петроград), модари В. И. Ленин. Аз оилаи духтур. Дар оила маълумот гирифта, забонҳои немисӣ, франсавӣ, англисӣ ва адабиёти русу ғарбро омӯхт. Соли 1863 ба тариқи экстерн имтиҳонҳоро супорида, сазовори унвони муаллимаи мактабҳои ибтидоӣ гардид. Ҳаёти худро пурра …
Муфассал »УЛЯНОВ
УЛЯНОВ, вилоятест дар ҳайати РСФСР. Таъсисаш 19 январи 1943. Масоҳаташ 37,3 ҳазор км2. Аҳолиаш 1299 ҳазор нафар (1984), аҳолии шаҳрӣ 68%. 20 райони маъмурӣ, 6 шаҳр ва 32 птш дорад Марказаш шаҳри Уляновск. Дарёи Волга ҳудуди вилояти Уляновро ба соҳили рости баланд (то 353 м) ва соҳили чапи паст ҷудо …
Муфассал »УЛЯНОВ Михаил Александрович
УЛЯНОВ Михаил Александрович (таваллуд 20. 11. 1927, деҳаи Бергамак, раёни Муромсевскии вилояти Омск), актёри советӣ. Артисти Халқии СССР (1969). Қаҳрамони Меҳнати Сосиалистӣ (1986). Аъзои КПСС аз соли 1951. Аз соли 1950 актёри Театри ба номи Е. Вахтангов. Ролҳои иҷрокардаи ӯ: Сергей («Таърихи Иркутак»-и А. Н. Арбузов), Ричарди III («Ричарди III-и …
Муфассал »УЛЯНОВ Иля Николаевич
УЛЯНОВ Иля Николаевич (31. 7. 1831. Астрахан—24. 1. 1886, Симбирск), педагоги демократи рус. Падари В. И. Ленин. Аз оилаи хизматчӣ. Ташкилотчии маорифи халқ дар губернияи Симбирск. Солҳои 1869—86 аввал инспектор, сипас директори Омӯзишгоҳи халқии губернияи Симбирск. У тарафдори таҳсили якҷояи писарон ва духтарон, дороҳо ва камбағалон буд. Соли 1871 дар …
Муфассал »УЛЯНОВ Дмитрий Илич
УЛЯНОВ Дмитрий Илич (16. 8. 1874, Симбирск, ҳозира Уляновск— 16. 7. 1943, Ленинские Горки; дар Москва мадфун аст), ходими давлатӣ ва партиявии советӣ, духтур. Аъзои Партияи коммунистӣ аз соли 1903. Бародари хурди В. И. Ленин. Аъзои «Иттифоқи коргарон»-и Москва, агенти «Искра», агенти Комитети Маказии РСДРП дар Киев буд. Иштирокчии Революсияи …
Муфассал »УЛЯНОВ Александр Илич
УЛЯНОВ Александр Илич (12. 4. 1866, Нижний Новгород, ҳозира Горкий—20. 5. 1887, Шлисселбург, ҳозира Петрокрепост), яке аз муассисон ва роҳбарони «Фраксияи террористӣ»-и партияги «Озодии халқ». Бародари калони В. И. Ленин. Уҳамроҳи рафиқонаш бар зидди Александри III суиқасд тайёр кард, аммо 1 марти 1887 ҳабс шуд. Улянов дар мӯрофиа бо нутқи …
Муфассал »УЛБРИХТ Валтер
УЛБРИХТ (Ulbricht) Валтер (30. 6. 1893, Лейпcиг—1. 8. 1973, Берлин), ходими ҳаракати коргарии Германия ва баqналхалқӣ, яке аз асосгузорони ПЯСГ. Аз оилаи коргар. Солҳои 1912—18 аъзои Партияи сохти демократии Германия. Соли 1918 аъзои «Иттифои Спартак» гардид. Иштирокчии Револютсияи ноябри 1918. Улбрихт яке аз муассисони Партияи Коммунистии Германия (ЛКГ). Соли 1923 …
Муфассал »УЛФАТ Гулпочо
УЛФАТ Гулпочо (1909—1977), нависанда ва ходими ҷамъиятии афғон. Ба забони пушту менавишт. Президенти Академияи улуми Афғонистод (1956—63), раиси Ҷамъияти дӯстии Афғонистону СССР (1958—63), инчунин муҳаррири рӯзномаву маҷаллаҳо буд. Ду маҷмӯаи шеърҳо «Ашъори мунтахаб» (195$) ва «Садои қалб» (1962) ба қалами ӯ тааллуқ доранд. У дар ашъораш мавзӯъ, сюжет ва образҳо, …
Муфассал »