Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / УЛБРИХТ Валтер

УЛБРИХТ Валтер

ulbrixt-v

УЛБРИХТ (Ulbricht) Валтер (30. 6. 1893, Лейпcиг—1. 8. 1973, Берлин), ходими ҳаракати коргарии Германия ва баqналхалқӣ, яке аз асосгузорони ПЯСГ. Аз оилаи коргар. Солҳои 1912—18 аъзои Партияи сохти демократии Германия. Соли 1918 аъзои «Иттифои Спартак» гардид. Иштирокчии Револютсияи ноябри 1918. Улбрихт яке аз муассисони Партияи Коммунистии Германия (ЛКГ). Соли 1923 бори аввал аъзои Комитети Марказӣ, сонӣ котиби Комитети Марказии Партияи Коммунистии Германия ва аз 1935 аъзои Бюрои Сиёсии Комитети Марказии Партияи Коммунистии Германия интихоб гардид. Аз соли 1928 номзад ба аъзоии Комиҷроияи Интернасионали Коммунистӣ. 1928—20 ва 1938—43 намояндаи Партияи Коммунистии Германия дар назди Комиҷроияи Интернасионали Коммунистӣ. Улбрихт баъди муқаррар шудани диктатураи фашисти дар Германия дар вазифаи роҳбарикунандаи пинҳонкорӣ буд: ҷонишини раиси ПЯСГ (1946—49). аъзои Бюрои Сиёсии Комитети Марказии ПЯСГ (аз 1949), котиби генералӣ (1950—53), котиби якуми Комитети Марказии ПЯСГ (1953—71), раиси ПЯСГ (аз 1971) буд. Аз соли 1960 раиси Совети Давлатӣ. У. Қаҳрамони Меҳнат (1953, 1958, 1963), бо 3 ордени Карл Маркс ва дигар орденҳои Республикаи Демократии Германия мукофотонида шудааст. Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ (1963), бо ордени Революсияи Октябр мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …