Маълумоти охирин
Главная / 2017 / November

Архив Месяца: November 2017

ЛОКОМОТИВ

Локоматив

ЛОКОМОТИВ (франс. locomotive, аэ лот. loco movlo — аз ҷой ҳаракат мекунонам), воситаи нақлиёт, ки барои рӯ-рӯи рельс ҳаракат кунондани поезд ё вагонҳои ҷудогона пешбинӣ шудааст. Дар аввал фақат паровозро Локк меномиданд. Баъдтар ҳамаи намудҳои воситаҳои кашандаи роҳи оҳанро чунин меномидагӣ шуданд. Локомотивҳои ҳозира ба 2 гурӯҳ: ҳароратӣ ва электрикӣ …

Муфассал »

Шаҳри Лилонгве

Лилонгве

ЛИЛОНГВЕ (Lilongwe), пойтахти Республикаи Малави. Дар соҳили дарёи Лилонгве воқеъ гаштааст. Роҳи автомобилгард Ликерро бо бандари Салим, ки дар соҳили кӯли Ньяса (Малави) воқеъ гаштааст, алоқаманд мекунад. Аэропорт дорад. Аҳолиаш 103 ҳазор нафар (бо атрофи шаҳр, 1978). Лилонгве маркази тамокукорӣ ва саноати тамоку мебошад.

Муфассал »

ЛИКВАЦИЯ

likvaciya

ЛИКВАЦИЯ (аз лот. liquatio—моеъ гардидаи, гудозишӣ), дар геология, протсессе, ки ҳангоми паст шудани ҳарорат магмаи гудохта ба ду моеи ба якдигар омехтанашаванда ҷудо мешавад. Аз кристалл бастани ин гудохтаҳо агрегатҳои минералии гуногунтаркиб (ҷинсҳои кӯҳию маъданҳо) ба вуҷуд меояд. Як гурӯҳ олимон (Левинсон-Лессинг, Депи ва дигарон) Ликватсияро яке аз роҳҳои асосии …

Муфассал »

МАМАДҚУЛИЗОДА Ҷалил

odami_nomalum

МАМАДҚУЛИЗОДА Ҷалил (тахалл. — Мулло Насриддин; 22. 2. 1866, Нахҷувон— 4. 1. 1932, Боку), нависандаи советии озар, ходими ҷамъиятӣ. Солҳои 1888-98 муаллим буд. Аз соли 1903 дар Тифлис зиндагӣ кардааст. Соли 1906 ба нашри журнали ҳаҷвии «Мулло Насриддин» cap карда, ҳаракати миллии озодихоҳии мамлакатҳои Шарқро, химоя менамояд. Иштирокчии Революцияи 1905—07. …

Муфассал »

Малтоиҳо

malto

МАЛТОИҲО, халқ, аҳолии асосии Малта. Шумораашон 420 ҳазор нафар (1978). Ба забони мальтоӣ (гурӯҳи сомӣ) гап мезананд. Эътиқодмандон пайрави мазҳаби католикии д. Эҳтимол, аслашон финиқӣ бошад. Мальтоза чандин асрҳо зери тасарруфи юнониён, римиҳо, арабҳо ва ғ. буданд. Машғулияти асосии Мальтонҳо деҳқонӣ, чорводорӣ, моҳигирӣ ва баҳрнавардист.

Муфассал »

Маданияти Майкоп

maykop

МАДАНИЯТИ МАЙКОП, маданияти археологии нимаи дуюми ҳазораи 3 то м., ки дар доманаи кӯҳҳои Кавкази Шимолӣ паҳн буд. Аз номи қӯрғони Майкоп, ки соли 1897 тадқиқ гардид, гирифта шудааст. Аз Маданияти Майкоп бисьёр қӯрғонҳо боқӣ мондаанд, ки баъзеи онҳо истеҳкому бошишгоҳанд. Дар охири давраи Маданияти Майкоп мақбараҳои сангӣ пайдо шуданд. …

Муфассал »

ЛЮТЕРЧИГӢ

ЛЮТЕРЧИГӢ

ЛЮТЕРЧИГӢ, яке аз равияҳои асосии протестантизм, ки дар рафти Реформация дар Германия (асри 16) дар асоси таълимоти М. Лютер ва пайравони ӯ пайдо шуда аст. Дар Германия, мамлакатҳои Скандилавия, Америкаи Шимолӣ ва ғ. нуфуз дорад. Дар СCСP калисоҳои инҷилпарастии лютеранӣ дар республикаҳои Прибалтика мавҷуданд. Таълимоти динии Лютерчигӣ аз католицизм асосан …

Муфассал »

ЛУҒАТИ РУСӢ-ТОҶИКӢ дар таҳрири А. П. Деҳотӣ ва И. Н. Брошов

kitob

«ЛУҒАТИ РУСӢ-ТОҶИКӢ», таҳрири А. П. Деҳотӣ ва И. Н. Бршов (М., 1949). Луғат дорои 45 ҳазор калима буда, лексика ва фразеологияи асосӣ ва серистеъмоли забони ҳозираи русӣ ва инчуиин истилоҳоти муҳимро дарбар гирифтааст. Барои луғатномаи русии он луғати тафсирии чорчҷидаи забони русӣ (таҳрири проф. Д. Н. Ушаков, М., 1934—1940) ва …

Муфассал »

Шаҳри Лусака

Шахри Лусака

ЛУСАКА (Lusaka), пойтахти Республикаи Замбия. Дар қисми марказии мамлакат, дар баландии 1279 м воқеъ аст. Иқлимаш субэкваторӣ. Ҳарораташ миёнаи январи 20,6е С, июль 15,5°С, боришоти солона 837 мм. Аҳолиаш бо гирду атроф 520 ҳазор нафар (1977). Узели муҳими нақлиёт; роҳи оҳан ва роҳҳои автомобильгард Лусака бо конҳои минтақаи миқдори мамлакат …

Муфассал »

Лумумба Патрис Эмери

Лумумба Патрис

ЛУМУМБА (Lumumba) Патрис Эмери (2. 7. 1925, Оналуа, музофоти Касаи —17. 1. 1961, Катанга, ҳоло Шаба), ходими ҳа­ракати озодихоҳии Республикаи Конго (ҳоло Республикаи Заир). Аз оилаи деҳқон. Баъди хатми мактабҳои миссионери котиб, маъмури почта, хизматчии яке аз ширкатҳои Бельгия шуда кор карда­аст. Пайваста фаъолияти адабӣ ва журналистӣ мебурд: рӯзномаи «Ухуру» …

Муфассал »