Маълумоти охирин
Главная / 2017 / October (страница 9)

Архив Месяца: October 2017

Персей

persey

Персей, дар асотири Юнони Қадим қахрамон, писари Даная ва худо Зевс. Бино ба шаҳодати асотири юнонӣ ба шоҳи Аргос Акрисий пешгӯӣ кардаанд, ки ӯ бо дасти наберааш Персей кушта хоҳад шуд. Бинобар он Акрисий амр кардааст, ки Персейро бо модараш дар сандуқ андохта ба баҳр партоянд. Даная ва Персейро моҳигирон …

Муфассал »

Персеитҳо

perseitho

Персеитҳо, сели метеор (шиҳоб), кя радианташ дар бурҷи Персей воқеъ аст. Аз 25 июл то 20 август мушоҳида мешавад. Бо кометаи 1862 III алоқаманд аст. Персеиҳо аввалин сели метеорҳост, ки алоқамандии он бо комета муайян шудааст (Ҷ. Скиапа­релли, 1866). Персеитҳо яке аз селҳои метеории фаъолест, ки визуалӣ ё бо усули …

Муфассал »

Перро Шарл

perro-sharl

Перро (Реrrault) Шарл (12. 1. 1628, Париж—16. 5. 1703, ҳамон ҷо), шоир ва мунаққиди франсавӣ. Аъ­зои академияи Франсия (аз соли 1671). Аз оилаи амалдор. Аввалҳо ҳуқуқшинос буд. Аввалин асари Перро досто­ни «Деворҳои Троя ё Паидоиши бур­леск» (1653) аст. Достонҳои рамзӣ, қасидаю номаҳояш дар сабки назми пурдабдабаи дарбор таълиф шуда­анд. Перро …

Муфассал »

Перпендикуляр

perpendikulyar

Перпендикуляр (лот. perpendiculoris—шоқулӣ), хати ростест, ки хати рости дигари ҳамвории маълумро таҳти кунҷи рост мебурад.

Муфассал »

Пероксидҳо

peroksidho

Пероксидҳо п а й в а с т ҳ о и пероксиди, пайвастҳое, ки атомҳои оксигени бевосита ба ҳамдигар пайвастшуда доранд. Пероксид ду хел мешаванд: органикӣ ва ғайриорганикӣ. Пероксиди органи кӣ дар таркибашон гурӯҳи—О—О -доранд, ки бо як ё ду атоми карбон пайваст шудаанд, масалан, Периксиди алкилӣ ё арилӣ (R—О— …

Муфассал »

Пероксиди гидроген

peroksidi-gedrogen

Пероксиди гидроген, Н2О2, пайвасти оксигении гидроген, ки гурӯҳи атомҳои—О—О—дорад. Соддатарин ва муҳимтарин намояндаи пероксидҳо. Моеи берангу бӯй; t гуд.— 0, 43°С, t ҷӯш. 150°С, зичиаш 1470 кг/м3 (0°С). Бо об омехта шуда крис­таллогидрат Н2О2 • 2Н2О ҳосил мекунад. Вобаста ба шароит Пероксиди гидроген ҳам оксидкунанда (I) ва ҳам барқароркунанда (II) …

Муфассал »

Пероксидазаҳо

peroksidazaho

Пероксидазаҳо, ферментҳоеро гӯянд, ки дар ҳуҷайраҳои зинда реаксияҳои оксидшавии моддаҳои гуногунро бо ёрии пероксиди гидроген катализ мекунанд. Пероксидазаҳо дар нафаскашии растаниҳо аҳамияти калон доранд. Пероксидазаҳои росанро дар тиб ҳангоми тадқиқи биохимиявии баъзе ҷузъҳои хуну пешоб кор мефармоянд.

Муфассал »

Перовскит

perovskit

Перовскит (аз номи арбоби давлатки рус, генерал Л. А. Перовский), минералест аз синфи оксидҳо. Таркиби химиявиаш СаТiOз (41,24% СаО ва 58,76% ТiO2); баъзан омехтаҳои Се (кнопит), Nb, Се, Ғе (дизана­лит), Na, Се, Тi, Nb (лопарит) до­рад. Дар системаи псевдокубӣ крис­талл мебандад. Сахтиаш 5,5—6; зичиаш 3950—4040 кг/м3. Рангаш сиёҳ, сиёҳи хокистартоб, …

Муфассал »

Перовская Софя Лвовна

perlovskaya-sofya-lvovna

Перовская Софя Лвовна (13. 9. 1853, Петербург — 15. 4. 1881, ҳамон ҷо), револютсионери рус, халқчӣ. Аз оилаи дворянҳо. Соли 1869 ба курси занонаи Аларчинск (Петербург) дохил шуд. Солҳои 1872—1873 ва 1874—1877 барои «ба байни халқ» рафтан тайёрӣ дида, дар губ. Самара, Твер, Сим­бирск кор кард ва соҳиби дипломи муаллимаи …

Муфассал »

Перм

perm

Перм, вилоят дар ҳайати РСФСР. октябри 1938 ташкил шудааст. Масоҳаташ160,6 ҳазор км2. Аҳолиаш 3011 ҳазор нафар (1981). Ба ҳайати Перм округи автономии Коми-Пермиҳо дохил аст. Марказаш шаҳри Перм. Вилоят 37 рай­он, 13 шаҳр ва 57 птш дорад. Бо ордени Ленин (1967) мукофотоннда шудааст. Табиат. Вилоят дар шимолу шарқи ҳамвории Европаи …

Муфассал »