Маълумоти охирин
Главная / 2017 / October (страница 18)

Архив Месяца: October 2017

Паҳншавии ғояҳои марксизм-ленинизм дар Тоҷикистон

Паҳншавии ғояҳои марксизм-ленинизм дар Тоҷикистон, чун дар тамоми сарзамини Осиёи Миёна бо паҳншавии марк­сизм дар Россия бевосита алоқаманд аст. Сарфи назар аз мақсадҳои таҷовузкорона ва истилогаронаи ҳукумати подшоҳӣ ба Россия ҳамроҳ шудани Осиёи Миёна аҳамияти про­грессивӣ дошт. Пайдо шудани коргарон, сар шу­дани ҷунбшиҳои стихиявии меҳнаткашон ба муқобили зулми иҷтимоии мустамликавӣ …

Муфассал »

Паҳншавии радиомавҷҳо

pahnshavii-radiomavjho

Паҳншавии радиомавҷҳо, просессҳои паҳншавии мавҷҳои электромагнитии радиодиапазон (дарозии мавҷашон аз 100 мкм бештар) дар атмосфера, фазои кайҳонӣ ва қабатҳои Замин. Паҳншавии радиомавҷҳо асосан ба даро­зии мавҷ, мунавварии атмосфе­раи Замин бо шуоъҳои Офтоб ва як қатор омилҳои дигар вобаста аст. Дар муҳити якҷинса радиомавҷҳо чун шуоъҳои рӯшноӣ бо суръати доимӣ ростхатта …

Муфассал »

Паҳнкӯҳи Сибири Миёна

pahkuhi-sibiri-miyona

Паҳнкӯҳи Сибини  Миёна, паҳнкӯҳи фарохест дар қисми марказии Осиёи Шимолӣ, дар ҳудуди РАСС Ёқут., кишвари Краснояр ва вилояти Иркутски РСФСР. Дар Ҷануб бо кӯҳҳои Саяни Шарқӣ, Наздибайкал ва Пасибайкали Шимолӣ, дар Ғарб бо ҳамвории Сибири Ғарбӣ, дар Шимом ва Шарқ бо па.тии Сибири Шимолӣ, инчунин ҳамворит Ёқутистони Марказӣ ҳамсарҳад мебошад. …

Муфассал »

Паҳнкӯҳ

pahnkuh

Паҳнкӯҳ, хамвории васеи тахт ё каме пасту баландро гӯянд, ки аз соҳили баҳр бештар аз 500 м баланд аст (паҳнкӯҳи Сибири Миёна, паҳнкӯҳи Дакан дар Ҳиндустон). Аксар Паҳнкӯҳҳоро водиҳои чуқур ба қисмҳо ҷудо кардаанд. Паҳнкӯҳ аз денудатсияи бардавом, дар шароити режими тектоникии платформагӣ, дурудароз ҳамвор шудани ягон қитъаи хушкӣ ва …

Муфассал »

Паҳнкирмҳо

pahnkirmho

Паҳнкирмҳо к и р м ҳ о и м у саттаҳ (Рlathelminthes), як гурӯҳи ҳайвонҳои бемӯҳраи дараҷаи пастро гӯянд, ки озод ё паразитона ҳаёт мегузаронанд. Баданашон байзашакли ҳамвор ё дарозрӯяи яклухт ва ё банд-банд дарозиашон аз 0,1 то чанд м; сӯрохии даҳон дар ноҳияи қисми пеш ва баъзан қафо (аз …

Муфассал »

Паҳлуштноварҳо

pahlushinovarho

Паҳлуштноварҳо (Amphipoda), як қатори ҳайвонҳои бемӯҳраро гӯянд, ки ба зерсиинфи харчангшаклҳои олӣ (Маlacostraca) мансубанд. Онҳо дар баҳру обҳои ширин зиндагӣ мекунанд. Андозаашон аз 0,5 то 25 см. Пои Паҳлуштноварҳо 6 ҷуфт буда, ҳар кадом якҷуфтӣ ғалсама дорад. Паҳлушиновар ҳайвонҳои ҷудоҷинсаанд; наринаи онҳо аз модинаашон калонтар аст. Фардҳои ҷавони Паҳлушиновар аз …

Муфассал »

Паҳлугардҳо

pahlugardho

Паҳлугардҳо (Thomisidae), як оилаи бандпойҳоро гӯянд, ки ба қатор тортанакҳо мансубанд. Андозаашон то 10 мм мешавад. Тапашон як андоза ҳамвор, пойҳояшон дароз-дарозанд. Монанди харчапги баҳрӣ паҳлунокӣ ҳам тез давида метавонанд ва сабаби «Паҳлугардҳо» ном гирифтанашон низ ҳамин аст. Доми тӯрин намесозанд; ба тӯъмаашон ногаҳон ҳамла мекунанд. Зиёда аз 1600 (дар …

Муфассал »

Паҳлуасабҳо

pahluasabho

Паҳлуасабҳо, нармбаданҳои паҳлуасаб (Аmphineura), як зертипи ҳайвонҳои бемӯҳраи ба нармраданҳо монандро гӯянд. Гӯшмоҳии баъзе Паҳлуасабҳо аз 8 лавҳачаи бо ҳам наслшудаи мутаҳаррик иборат аст; баъзе намудашон гӯшмоҳӣ надоранд. Паҳлуасабҳо ба ду синф — нармбаданҳои зиреҳакдор ва SOlenogastres тақсим мешаванд. Ба синфи якум хитонҳои растанихӯр мансубанд, ки онҳо аксар дар ноҳияҳои …

Муфассал »

Паҳлавӣ

pahlavi

Паҳлавӣ (то 1925 — Энзели), шаҳр ва бандарест дар қисми шимоли Эрон, дар соҳили ҷанубии баҳри Кас­пий. Аз ҷиҳати маъмурӣ тобеи остони Гелон. Аҳолиаш  60 ҳазор нафар (1974). Роҳи автомобилгард Паҳлавӣро бо шаҳри Теҳрон мепайвандад. Муомилоти молии баҳрии байни СССР ва Эрон асосан ба воситаи бандари Паҳлавӣ амалӣ мегардад. Паҳлавӣ …

Муфассал »

Паҳлавон Маҳмуди Ушшоқи Самар­қандӣ

Паҳлавон Маҳмуди Ушшоқи Самар­қандӣ, ҳофиз, навозанда, бастакор ва мусиқишиносӣ асри 15 тоҷик. Зодгоҳаш Самарқанд. Аз ҷавонӣ ба шеъру мусиқӣ ҳавас пайдо карда, аз устодони номии созу овоз ҳунар омӯхтааст. Паҳлавон аввал бо гуштингирӣ рӯз мегузаронидааст. Аз Султонмуҳаммади Удии Самар­қандӣ позукиҳои санъати мусиқиро азхуд намуда, дар навохтани уд, сурудхонӣ маҳорати тамом …

Муфассал »