Периодонит (аз пери… ва юн. odontos — дандон), газаки пардаи реша ва бофтаҳои атрофи дандон. Асосан баъди кариеси дандон пайдо мешавад. Аммо аз такроран зарб хурдани дандон (масалан, аз рӯи одат газидани ангушт, қалам, мех, бо дандон кандани ришта ва ғайра) низ ба вуҷуд меояд. Периодонтит шадид ва музмин мешавад. …
Муфассал »Архивы за день : 25.10.2017
Периметр
Периметр (юн. реrimetron — давра, аз реrimetrio — атрофро чен мекунам), дарозии контури сарбаст. Ин истилоҳро бештар барои ифодаи ҳосили ҷамъи дарозии ҳамаи тарафҳои секунҷа ва бисёркунҷа истифода мебаранд.
Муфассал »Перикл
Перикл (Реrikles) (тақрибан 490 то м., Афина —429 то мелод, ҳамон ҷо), ходими сиёсии Юнони Қадим, стратег (сарфармондеҳ)-и Афина дар солҳои 444/ 443—429 то мелод (ғайр аз 430). Аз оилаи ашроф. Маълумоти мукаммале гирифтааст. Аз ибтидои фаъолияти сиёсиаш ба табақаҳои миёнаи демократияи ғуломдорӣ (сардораш Эфиалт), ки манфиатдорони афзудани иқтидори баҳрии …
Муфассал »Перикардит
Перикардит (аз пери… ва kardio —дил), газаки халтачаи дил (перикард). Перикардити одам ду хел мешавад: сироятӣ ва ғайрисироятӣ. Перикардити сироятиро коккҳо, вирусҳо, микобактерияҳои сил вағайра. меангезанд. Перикардити сироятӣ вобаста ба намуди ангезанда тарбодӣ, сифилисӣ, фасодӣ ва ғайра мешавад. Перикардити ғайрисироятӣ Перикардите мебошад, ки ҳангоми уремия, инфаркти миокард, ҷарроҳии дил ва …
Муфассал »Перидотит
Перидотит (аз франс. peridot — перидот ё оливин), ҷинси кӯҳии интрузивии ултраасосӣ, ки ғолибан аз оливин (70—30%) ва пироксенҳо (30—70%) таркиб ёфтааст. Аз минералҳои дуюмдараҷа магнетит, илменит, пирротин, хромит, шпинел, бечода, баъзан платина ва минералҳои никелдор дорад. Перидотит ҷинси тираранг буда, аксар сабз ё хокистарранги сабзтоб аст. Дар натиҷаи просессҳои …
Муфассал »Перидерма
Перидерма (аз пери… ва юн. derma— пӯст), бофтаи рӯйпӯши поя, реша, решапоя ва бехи растаниҳои бисёрсола (баъзан яксола)-ро гӯянд. Перидерма аз пӯк (феллема), феллодерма (бофтаи дохилӣ) ва феллоген иборат аст. Дар узвҳои растаниҳо одатан якчанд Перидерма ҳосил мешавад. Ҳар як Перидермаи нав нисбат ба Перидермаи аввала дарунтар ҷой мегирад. Перидерма …
Муфассал »Перигелий
Перигелий (аз пери… ва юн. helios— Офтоб), нуқтаи ба Офтоб наздиктарини мадори сайёра, комета, радифи маснуи Замин ва ё дигар чирми кайҳонӣ, ки ҳаракати он нисбат ба Офтоб муоина карда мешавад. Муқобили афелий.
Муфассал »Перигей
Перигей (аз пери… ва юн. ge — Замин) нуқтаи ба Замин наздиктарини мадори Моҳ, радифи маснуи Замин ва ё дигар ҷирми осмонӣ, ки ҳаракати он нисбат ба Замин муоина карда мешавад. Муқобили апогей. Дар астрономияи классикии Шарқ истилоҳи ҳ а з и з ба маънои Перигей истифода мешуд.
Муфассал »Периблема
Периблема (юн. рeriblema — рӯйпӯш, парда) дар ботаника, яке аз қабатҳои ҳуҷайраҳои меристемавии қисми махрутшакли нуқтаи сабзиши решаро гуянд. Аз П. хучай- рахои пустлохи аввалини реша ва баъзан ҳуҷайраҳои ғилофаки реша ва протодермаҳои ба ризодерма (пустлохи реша) табдилёбанда ҳосил мешаванд. Периблема дар қисми махрутшакли нуқтаи сабзиши навда нест.
Муфассал »Периастр
Периастр (аз пери… ва юн. аstron — ситора), нуқтаи ба ситора наздиктарини мадори ситораи дигар, ки гирди ситораи якум ҳаракат мекунад. Дар мавриди ночиз будани таъсири дигар ҷисмҳои осмонӣ ин ҳаракат аз рӯи қонуҳои Кеплер муайян мешавад. Мавқеи Периастр дар фазо бо таъсири ҷалаёне тағйир меёбад, ки ба туфайли ҷозибаи …
Муфассал »