Перфоратор (лот. реforo —сӯрох мекунам), дар системаи коркарди информтсия, олатест барои сӯрох кардани коғаз, навори кино ва ғайра ба мақсади сабти информатсия. Перуҳое, ки барои сабт кардани информатсияи разами, ҳуруфӣ ва ҳуруфию рақамӣ дар перфонавор ва перфоқартаҳо таъин шудаанд, бештар маъмуланд. Перуҳо вобаста ба таъинот, сохти олати ҳаракатовару олати сӯрохкунанда, …
Муфассал »Архивы за день : 25.10.2017
Перугиҳо
Перугиҳо, миллатест дар Перу, ки бештар аз дурагаҳои аслашон испанию ҳиндӣ ташаккул ёфтааст. Перу тақрибан нисфи аҳолии мамлакатро ташкил медиҳанд (қариб 8,5 млн, 1978); асосан дар мавзеъҳои назди соҳил ва кӯҳии Анд зиндагӣ мекунанд. Диндорон католиканд. Ба забони испанӣ, ки дар таркиби он калимаҳои забонҳои ҳиндиёни Америка (хусусан кечуа) зиёданд, …
Муфассал »Перу
Перу (Реru), Республикаи Перу (Republica del Peru), давлатест дар қисми ғарбии Америкаи Ҷанубӣ. Дар Ш.арқу Ғарб бо Эквадор, дар Шимолу Шарқ бо Колумбия, дар Шарқ бо Бразилия ва Боливия, дар Ҷануб бо Чили ҳамсарҳад аст. Дар Ғарб ва Ҷанубу Ғарб онро уқёнуси Ором иҳота намудааст. Масоҳаташ 1285 ҳазор км2. Аҳолиаш …
Муфассал »Перспективы
Перспективы (франс. реspective; аз лот. реrspicio — пурра мебинам), системаи тасвири ҷисмҳои сечена дар ҳамворӣ ё дар ягон сатҳ аст, ки сохти фазоӣ ва дурии қисмҳои ҷудогонаи онро аз мушоҳид ба назар мегирад. Қоидаҳои Перспективаро математики Юнони Қадим Уклидус (Евклид) дар «Оптика» ном асараш шарҳ дода шуд. Олимону меъморони италиявӣ …
Муфассал »Персонализм
Персонализм (аз лот. реrsona— шахс, симо), ҷараёни теистист дар фалсафаи муосири буржуазӣ, ки шахсиятро реалияти эҷодии ибтидоӣ ва ҷаҳонро зуҳуроти фаъолияти эҷодии шахсияти олӣ (худо) медонад. Персонализм охири асри 19 дар Россия ва ШМА, солҳои 30 асри 20 дар Франсия ва мамлакатҳои дигар ташаккул ёфтааст. Персонализм плюрализми идеалистиро ба принсипи …
Муфассал »Персонаж
Персонаж (франс. Реrssonage, аз лот. реrsona — шахс, симо), иштирокчии пиеса (спектакл), сенария (кинофилм), роман ва дигар асарҳои бадеӣ.
Муфассал »Персианинов Леонид Семёнович
Персианинов Леонид Семёнович (таваллудаш 18. 8. 1908, деҳаи Старое Село, ҳоло вилояти Смоленск), акушер- гинекологи советӣ, акад. АИТ СССР (1965). Ходими Хизматвишондодаи Илми РССБ (1958). Аъзои КПСС аз соли 1943. Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1977). Институти 2-юми тиббии Ленинградро хатм кардааст (1931). Мудири кафедраи акушерӣ ва гинекологии Институти Минск (1951—1958), Институтҳои …
Муфассал »Персефона
Персефона, Кора, дар асотири Юнони Қадим олиҳаи фаровонҳосилӣ ва олами зеризаминист. Духтари Деметра ва Зевс. Байни римиён бо номи Прозерпина маълум аст.
Муфассал »Персепол
Персепол, Персепоипс, номи юнонии Тахти Ҷамшед.
Муфассал »Персей
Персей (лот. Реrseus), бурҷест дар Нимкураи шимолии осмон. Дар адабиёти астрономияи асримиёвагии Шарқ бо номи Бареовус, Томили Раъси Ғул машҳур аст. Мирфақ ва Алғут аз муниртарин ситораҳои онанд. Дар Персей ду тарокуми мансураи ситораҳо воқеъ гаштаанд, ки бо чашм дидан мумкнн аст. Моҳҳои октябр-декабр нағз мушоҳида мешавад. Ниг. Осмон.
Муфассал »