Паҳлугардҳо (Thomisidae), як оилаи бандпойҳоро гӯянд, ки ба қатор тортанакҳо мансубанд. Андозаашон то 10 мм мешавад. Тапашон як андоза ҳамвор, пойҳояшон дароз-дарозанд. Монанди харчапги баҳрӣ паҳлунокӣ ҳам тез давида метавонанд ва сабаби «Паҳлугардҳо» ном гирифтанашон низ ҳамин аст. Доми тӯрин намесозанд; ба тӯъмаашон ногаҳон ҳамла мекунанд. Зиёда аз 1600 (дар …
Муфассал »Архивы за день : 23.10.2017
Паҳлуасабҳо
Паҳлуасабҳо, нармбаданҳои паҳлуасаб (Аmphineura), як зертипи ҳайвонҳои бемӯҳраи ба нармраданҳо монандро гӯянд. Гӯшмоҳии баъзе Паҳлуасабҳо аз 8 лавҳачаи бо ҳам наслшудаи мутаҳаррик иборат аст; баъзе намудашон гӯшмоҳӣ надоранд. Паҳлуасабҳо ба ду синф — нармбаданҳои зиреҳакдор ва SOlenogastres тақсим мешаванд. Ба синфи якум хитонҳои растанихӯр мансубанд, ки онҳо аксар дар ноҳияҳои …
Муфассал »Паҳлавӣ
Паҳлавӣ (то 1925 — Энзели), шаҳр ва бандарест дар қисми шимоли Эрон, дар соҳили ҷанубии баҳри Каспий. Аз ҷиҳати маъмурӣ тобеи остони Гелон. Аҳолиаш 60 ҳазор нафар (1974). Роҳи автомобилгард Паҳлавӣро бо шаҳри Теҳрон мепайвандад. Муомилоти молии баҳрии байни СССР ва Эрон асосан ба воситаи бандари Паҳлавӣ амалӣ мегардад. Паҳлавӣ …
Муфассал »Паҳлавон Маҳмуди Ушшоқи Самарқандӣ
Паҳлавон Маҳмуди Ушшоқи Самарқандӣ, ҳофиз, навозанда, бастакор ва мусиқишиносӣ асри 15 тоҷик. Зодгоҳаш Самарқанд. Аз ҷавонӣ ба шеъру мусиқӣ ҳавас пайдо карда, аз устодони номии созу овоз ҳунар омӯхтааст. Паҳлавон аввал бо гуштингирӣ рӯз мегузаронидааст. Аз Султонмуҳаммади Удии Самарқандӣ позукиҳои санъати мусиқиро азхуд намуда, дар навохтани уд, сурудхонӣ маҳорати тамом …
Муфассал »Паҳлавон Маҳмуд
Паҳлавон Маҳмуд (1247, Хоразм-1326, Хева), шоири форс-тоҷик. Таълими ибтидоиро дар Хёва гирифта, ҳунари пӯстину телнакдӯзиро низ омӯхтааст. Баъдтар сафари шаҳрҳои Осиёи Миёна ва Ҳиндустону Эронро ихтиёр намуда, дар ин кишварҳо ҳамчун паҳлавони машҳур ном баровард. Дар Хева аз олам даргузашт. Мақбарааш дар шаҳр барҷост. Паҳлавон Маҳмуд бо тахаллуси «Қитолӣ» ғазал …
Муфассал »Паҳлавон
Паҳлавон, деҳаест дар Совети қишлоқ Сармантойи райони Панҷ, вилояти Қурронтеппа. Территорияи колхози «Маданият». Аз Паҳлавон то маркази Совети қишлоқ 6 км, то район 3 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 1460 нафар (1981), тоҷикон. Деҳа мактаби миёна, китобхона, магазин дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ — пахтакорӣ, кирмакдорӣ. Заминҳо аз дарё Панҷ обёрӣ мешаванд.
Муфассал »Паҳлавон Абусаиди Румӣ
Паҳлавон Абусаиди Румӣ (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), ҳофиз. навозанда ва мусиқишиноси асри 15 форс-тоҷик. Зодгоҳаш Рум. Паҳлавӣ илмҳои бадеъ, фалсафа ва риёзиётро мукаммал омӯхта, доир ба саноеи бадеӣ ва мусиқӣ рисолаҳо таълиф кард. Барои такмили ҳунару дониш ба Ҳирот омада, бо Дарвеш Шоҳӣ ҳамкорӣ кардааст. Аз таснифоташ «Амали Рост» …
Муфассал »Паҳлавиён
Паҳлавиён, сулолаи шоҳони Эрон (1925—1979). Ризошоҳи Паҳлавӣ (1878—1944) асосгузори Паҳлавиён буд. Ӯ диктатураи буржуазию помешикиро барқарор намуда, дар соҳаи заминдорӣ, суд, молия, савдо, маданият ва ғайра. ислоҳот гузаронд (1925—1930). Ҳаракатҳои демократиро бераҳмона пахш, фаъолияти Партияи Коммунистии Эронро манъ карда (1931), сиёсати шовинистиро пеш гирифт. Дар ибтидои ҳукмронии Ризошоҳ муносибати Эрон …
Муфассал »Пақавзал
Пақавзал, ниг. Ранда.
Муфассал »Парна
Парна (пандус), ҳамвории ба як тараф моили безинаест, ки воситаи аз поён ба боло баромадан аст. Парна дар таҳҳонаҳо барои чизҳои вазнини мағелонро баровардан, бо нақлиёти чархӣ бор кашонидан сохта мешавад. Парнаро инчунин дар гузаргоҳҳои зеризаминии ҳозира дар як канори зинаи он барои бароюфарои аробачаҳои бачагона истифода мебаранд. Парна дар …
Муфассал »