Пажду Зардушт ибни Баҳром (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири асри 13 форс-тоҷик. Дар оилаи пайравони зардуштия ба дунё омада, худ низ яке аз рӯҳониёни дини мазкур буд. Аз ҳусни таваҷҷӯҳи Пажду ба дину оини бостони Эрон осори боқимондаи ӯ гувоҳӣ медиҳанд. Яке аз таълифоти машҳури Пажду «Зардуштнома» мебошад, ки …
Муфассал »Архивы за день : 22.09.2017
Журнали «Паёми навин»
«Паёми навин» (то соли 1955 «П а ё м и на в»), журнали ҳармоҳаи адабию иҷтимоии эронӣ; нашрияи Анҷумани равобити фарҳангии Эрон бо Иттифоқи Советӣ. Шумораи аввалинаш июли 1944 дар Теҳрон нашр шудааст. Муҳаррирони «Паёми навин» солҳои гуногун профессор Саид Нафисӣ, нависандагон Бузурги Алавӣ ва Бедозин буданд. «Паёми навин» бо …
Муфассал »Падуя
Падуя (Padova), шаҳрест дар Италияи Шимолӣ, дар вилояти Венесия. Маркази маъмурии музофоти Падуя. Аҳолиаш 240 ҳазор нафар (1975). Узели муҳими нақлиёт; шаҳрро канали киштигард бо баҳри Адриатика мепайвандад. Саноати химия (истеҳсоли нахи сунъӣ), мошинсозӣ. (истеҳсоли дастгоҳ, асбобҳо, велосипед, мошинҳои хоҷагии қишлоқ, мотор), электротехникӣ, хӯрокворӣ, сабук (пойафзол, дӯзандагӣ), мебел, коғаз ва …
Муфассал »Падрӯд
Падрӯд, деҳаест дар Совети қишлоқи Шинги pайони Панҷакент, вилояти Ленинобод. Территорияи колхози «Правда». Аз Падрӯд то маркази Совети қишлоқ 22 километр то район 62 километр. Аҳолиаш 275 нафар (1981), тоҷикон. Деҳа мактаби 8-сола, магазин, пункти тиббӣ дорад. Аз ёдгориҳои таъ- рихӣ Қалъаи Нофин боқӣ мондааст. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ — тамокукорӣ, …
Муфассал »Падиддору
Падиддоруи суратгирӣ, маҳлули якчанд моддаҳоест барои аён сохтани акси ноаёни фотографӣ. Акси ноаёни сурати фотографӣ дар натиҷаи ба навори кино ё лавҳаи фотографии ҳассос таъсир кардани равшани ё дигар намуди афканишот пайдо мешавад. Падиддору ду хел мешавад: муқаррарӣ (ё худ химиявӣ) ва физикӣ. Падидоруи х и м и я в …
Муфассал »Па-де-кале
Па-де-кале, гулӯгоҳи Дувр (Франсавӣ Pas de Calais, английский Strait о! Dover), гулугоҳи байни қисми материки Европа – (Франсия) ва ҷазираҳои- Британияи Кабир. Падеж дар даврая антропоген дар натиҷаи фурӯнишинӣ ва зери об мондани замини байни материки Европа ва ҷазираҳои Британия ба вуҷуд омадааст. Ҷои аз ҳама камбараш 29 километр, чуқуриаш …
Муфассал »Падеж
Падеж, категорияи грамматикии хиссаҳои номии нутқ (исм, сифат, ҷонишин, шумора) дар забонҳои ҳиндуевропоӣ, туркӣ, фину угорӣ, сомӣ, кавказӣ ва ғайра. Дар забонҳон имрӯзаи эронӣ Падеж дар забонҳои помирӣ, пушту, осетинӣ мавҷуд аст. Шаклҳои категорияи мазкур муносибатҳои гуногуни байни аъзои мустақил ва ғайримустақили ибораро ифода карда, ба воситаи аффиксҳо ва флексияи …
Муфассал »Па-де-де
Па-де-де (фраке, pas de deilx — рақси дукаса), номи яке аз шаклҳои маъмули мусиқию рақсӣ дар балет. Аз қисмҳои зерин: баромади умумӣ— адажио (рақси дукасаи лирикӣ), аллегро —ду вариасия (рақси яккаи раққос ва раққоса) ва кода (рақси якҷояи хотимавӣ) иборат аст.
Муфассал »Падаршоҳӣ
Падаршоҳӣ, як шакли маъмули муносибатҳои ҷамоти ибтидоист, ки зимни он дар хоҷагӣ, чамъият ва оила мард ҳукмфармоӣ мекунад. Дар натиҷаи тараққии қувваҳои истеҳсолкунанда ва афзудани ҳосилнокии меҳнат дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии ҷамоаи ибтидоӣ: деҳқонӣ, чорводорӣ, шикор ва моҳигирӣ Падаршоҳӣ ба амал пайваст. Тараққкёти истеҳсолот боиси авҷ гирифтани мубодила ва пайдо …
Муфассал »Падарвакил
Падарвакил, дар урфият шахсест, ки дар шаби никоҳ бо ризоияти арӯс вазифаи падари арӯсро иҷро мекард. Одатан тағоӣ, амак ва ё ягон хеши наздики арӯс Падарвакил интихоб мешуд. Падарвакил пеш аз никоҳ бо ду нафар гувоҳ ба назди арӯс рафта хоҳиш мекард, ки ваколати худро ба ӯ супорад ва ба …
Муфассал »