Маълумоти охирин
Главная / 2017 / September / 19 (страница 3)

Архивы за день : 19.09.2017

Оқила

Оқила (соли таваллуд ва вафот номаъ­лум) , мутрибаи асрҳои 8—9 форс-тоҷик. Яке аз ҳофизон ва машшоқони номдори замонааш буд. Аз созҳои мусиқӣ чангро хеле некӯ менавохт.

Муфассал »

Деҳаи Оқбулоқ

Оқбулоқ, деҳа, маркази Совети қишлоқи «Тоҷикистон», pайони Ховалинги вилояти Кӯлоб. Территорияи совхози «Восеъ-2». Аз Оқбулоқ то маркази район 35 километр. Аҳолиаш 390 нафар (1981). Мактаби 8-сола, касалхона, дорухона, магазин, кассаи амонатӣ, цехҳои либосу пойафзолдузӣ. 2 фермаи чорвои наслдеҳ дорад. Соҳаҳои хоҷагӣ — ғаллакорй, чорводорӣ ва кирмакдорӣ. Сокинони деҳа аз оби …

Муфассал »

Оқбешим

okbeshim

Оқбешим, димнаест дар райони Чуи Республикаи Советии Сотсиалистии Қирғизистон Онро соли 1894 В. В. Бартолд кашф карда, ба пойтахти давлати Қарахониён (асрҳои 10—12) — Баласағун айният дод. Дар Оқбешим солҳои 1938—40 А. Н. Вернштам ва 1953—54 Л. Р. Кызласов ҳафриёти археологӣ гузарониданд. Оқбешим аз шаҳристон (бо куҳандиз), работ ва девори …

Муфассал »

Оқбайтали Шимолӣ

okbaytali_shimoli

Оқбайтали Шимолӣ, дарёест дар қисми марказии Помири Шарқӣ (pайони Мурғоби Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ), шохоби чапи дарёи Музқӯл (ҳавзаи Қарокӯл). Тӯлаш 30 километр. Оқбайтал аз нишебиҳои шимоли қаторкӯҳи Музқӯл cap шуда, аз Ҷануб ба Шимол дар водии васеъ ҷорӣ мегардад. Манбааш пиряху барф. Аз сабаби сарду хушк будани иқлим дарё …

Муфассал »

Оқбайтал

ogbaytal

Оқбайтал, ағбаест дар Помири Шарқӣ (pайони Мурғоби Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ), дар байни қаторкӯҳҳои Музқӯл ва Сариқӯл. Баландиаш 4655 метр. Аз Оқбайтал роҳи автомобилгарди Уш — Хоруғ мегузарад.

Муфассал »

Оқбайт

Оқбайт, қабристони мансуб ба асри 3 то милод, ки дар соҳили рости дарёи Оқсу, 6 километр шимолтари Қизилработ воқеъ аст. Солҳои 1948, 1952 ва 1956 А. Н. Бернштам кашф ва тадқиқ намуд ва солҳои 1958—59 Экспедисиям археологии Помири Шарқии Институти таърихи Академияи Фанҳои Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон бо роҳбарии Б. …

Муфассал »

Оғузҳо

oguzho

Оғузҳо, оғуз, ғӯзҳо, ӯғузҳо, қабилаҳои туркизабон дар Оси­ёи Марказӣ ва Миёна. Дар ибтидои асри 7 дар ҳайати Хоқонии турк иттифоқи қабилавии тӯқуз-оғуз ба вуҷуд омад, ки дар он уйгурҳо, зоҳиран мавқен асосӣ доштанд. Оғузҳо дар асри 9 дар натиҷаи тазйиқи қирғизҳо ба территорияи ҳозираи Синсзян ва музофоти ҳозираи Гансу и …

Муфассал »

Деҳаи Оқариқ

Оқариқ деҳаест дар Совети қишлоқи Унҷии pайони Хуҷанд, вилояти Ленинобод. Территорияи колхози ба номи С. Урунхӯҷаев. Аз деҳа то маркази Совети қишлоқ 2 километр, то район 7 километр; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 3415 нафар (1981), тоҷикон. Оқариқ мактаби миёна, клуб, пункти тиббӣ, ошхона, 2 мага­зин, меҳмонхона дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ — …

Муфассал »

Оғоҷии Бухороӣ

Оғоҷии Бухороӣ Абулҳасан Алӣ ибни Илёс (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири асри 10 форс-тоҷик. Дар «Оташкада»-и Лутф-алибеки Озар ва баъзе тазкираҳои дигар Оғоҷии Бухороӣ ҳамчун шоири маъруфу машҳури замон (бе шарҳи тафсилоти зиндагиаш) зикр ёфтааст. Оғоҷии Бухороӣ дар шеъри форсӣ ва арабӣ даст доштааст. Аз осораш баъзе абёту қитаоти …

Муфассал »