Маълумоти охирин
Главная / 2017 / August (страница 4)

Архив Месяца: August 2017

Офисернӣ Советӣ

ofiserni_soveti

Офисернӣ Советӣ,  пиряхи водигии мураккабест дар Помири Шарқӣ (pайонини Мурғоби Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ). Дар нишебии шимолии қаторкӯҳи Музқӯл, дар саргаҳи дарёи Бӯйбайтал (шохоби чапи Кӯкуйбелсу, ҳавзаи Бартанг) воқеъ гаштааст. Тӯли пирях 7,8 километр, масоҳати умумиаш 13,6 километр2, ҳаҷми он 1,35 километр3. Нуқтаи баландтарини пирях 6060 метр, пасттаринаш 4520 метр. …

Муфассал »

Офисерони Советӣ

ofiseroni_soveti

Офисерони Советӣ, номи қулла дар қисми марказии қаторкӯҳи Музқӯл (Помири Шарқӣ). Баландиаш 6233 метр. Дар атрофи қулла қисми зиёди пиряхҳои қаторкӯҳи Музқӯл ҷойгир шудаанд, ки шохоби дарёҳои Мурғоб па Кӯкуйбелсу аз он оғоз меёбанд.

Муфассал »

Офисер

ofiser

Офисер (немисӣ Offizier — шахси вазифадор), аҳли фармон ва сардор дар қувваҳои мусаллаҳ, милисия ва полисия. Офисер рутбаи ҳарбӣ дорад. Аввалҳо онҳоеро, ки вазифаҳои давлатӣ доштанд, Офисер меномиданд. Дар армияи рус мансабҳои офисерӣ якумин бор дар «полкҳои шакли нав» (асри 16) ҷорӣ шуд. Дар Россия аз аввали асри 18 Офисер …

Муфассал »

Асари «Офариннома»

«Офариннома» асари Абӯшакури Балхӣ, ки соли 944—45 назм шудааст. «Офариннома» дар адабиёти классикии форс-тоҷик яке аз аввалин маснавиҳои ахлоқист дар вазни утакориб. То замони мо аз ин маснавӣ 300 байта пароканда расидааст. ки аз манбаъ ва сарчашмаҳои адабӣ ҷамъоварӣ шудаанд. Дар «Офариннома» андешаҳову ақоиди Абӯшакури Балхӣ оид ба хирад, илму …

Муфассал »

Офарини Лоҳурӣ

Офарини Лоҳурӣ Фақируллоҳ (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири форсизабони Ҳиндустон. Давраи зиндагиаш охири асри 16 ва нимаи аввали а.сри 17. Дар зодгоҳаш — Лоҳур таҳсили илму адаб намуда, дар сурудани ашъори дилнишин шӯҳрат пайдо кард. Офарини  Лоҳурӣ аз мадду санои ҳукмронони давр дурӣ ҷустааст. Аз ӯ куллиёте боқӣ мондааст, …

Муфассал »

Оуян Сю

ouyan-sy

Оуян Сю (номи дигараш —Юн ш у; 1007, Лулин, ҳозира Сзиан, музо фоти Сзянси — 1072), нависандаи хитой. Намояндан насри классикӣ буда, ба қатори «ҳашт устоди бузурги давраи Тан ва Сӯн» (асрҳои 7—13) дохил мешавад. Мансабҳои олии давлатӣ дошт. Бар зидди услуби шаклпарастӣ дар наср баромад, соддабаёниву мазмуни баланди аса­ри …

Муфассал »

Оуэн Роберт

ouen_robert

Оуэн (Ouen) Роберт (14. 5. 1771, Нютаун, Уэлс— 17. 11. 1858, ҳамон ҷо), сотсиалисти хаёлии англис. Писари косиб. Аз соли 1791 соҳибкор. Аз соли 1794—95 ширкати пахтаресии Чарлтонро таъсис намуд. 1800—29 сар- дори муассисаи бофандагӣ дар Ню-Ланарк (Шот­ландия). Аз масеҳияти ортодоксал дур шудани Оуэн дар ташаккули ҷаҳонбинии ӯ лаҳзаи муҳим …

Муфассал »

Отқулоқ

otkulok

Отқулоқ, деҳаест дар Совети қишлоқи Эскигузари pайони Орчоникидзеободи Республикаи Сосетии Сотсиалистии  Тоҷикистон. Территорияи  колхози ба номи К. Исмоилов. Аз Отқулоқ то маркази Совети қишлоқ 15 километр, то район 14 километр; роҳ асфалтлӯш. Аҳолиаш 370 нафар (1981), точикон. Мактаби 8-сола ва магазин дорад. Соҳаи асосии хоҷагӣ — пахтакорӣ. Заминҳо ба воситаи …

Муфассал »

Отқамоқ

Отқамоқ, деҳаест дар Совети қишлоқи Чузии pайони Ҳисори Республикаи Сосетии Сотсиалистии  Тоҷикистон. Территорияи колхози «Ленинград». Аз деҳа то марка­зи Совети қишлоқ 3 километр, то район 26 километр; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 535 нафар (1981), тоҷикон.  Деҳа фермаи говпарварӣ дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ — пах­такорӣ ва чорводорӣ. Заминҳо аз дарёи Қаротоӯ обёрӣ …

Муфассал »

Отчопар

otchopar

Отчопар, деҳаест дар Совети қишлоқи Сар­мамантойи  райони Панҷ, вилояти Қӯрғоптеппа. Территорияи колхози ба номи Ф. Э. Дзер­жинский. Аз Отчопар тo маркази Совети қишлоқ 4 километр, то район 8 километр; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 1580 нафар (1981), тоҷикон ва ӯзбекҳо. Мактаби 8-сола, китобхона, клуб, пункти тиббӣ, магазин дорад.Соҳаҳои асосии хоҷагӣ — пахта- …

Муфассал »