Маълумоти охирин
Главная / 2017 / August (страница 39)

Архив Месяца: August 2017

Орзуқ

Орзуқ

Орзуқ, о з у қ, як навъ хӯроки миллии тоҷикист. Ба орди гандум хамиртуруш андохта хамир мешӯранд. Ба хамираш тухм ва равған низ ҳамроҳ мекунанд. Баъдя 15—20 дақиқа, дам додан хамирро хурд-хурд бурида, завола мегиранд ва чормағзвор кулула мекунанд. Сипас онро дар равған бирён карда ба табақ мегиранд ва баъзан …

Муфассал »

Орзуев Махдӣ Искандарович

Орзуев Махдӣ Искандарович (таваллуд 25. 10. 1933, деҳаи Булкоси райони Ғарм), микробиологи советӣ, доктори илмҳои тиб (1975), профессор (1977). Аъзои КПСС аз соли 1971. Соли 1958 Институти давлатии тиббии Тоҷикистонро хатм намуд. Орзуев то соли 1960 духтур ва муовини духтури стансияи санитарию эпи­демиологии беморхонаи pайони Ғарм буд. Солҳои 1960—75 аспирант, …

Муфассал »

Деҳаи Орзу

Орзу, деҳаест дар Совети қишлоқи Қумсангири райони Қумсангир, вилояти Қӯрғонтеппа. Территорияи колхози ба номи А. А. Жда­нов. Аз деҳа то маркази Совети қишлоқ 5 километр, то район 10 километр; роҳ асфалтлӯш. Аҳолиаш 2180 нафар (1981), тоҷикон ва ӯзбекҳо. Деҳа мактаби миёна, клуб, китобхона, 2 магазин, пункти тиббӣ, дорухона, шуъбаи алоқа …

Муфассал »

Посёлкаи Орзу

Посёлкаи Орзу

Орзу, посёлкаи типи шаҳрӣ (аз 26 марти 1966) дар pайони Колхозободи вилояти Қӯрғонтеппа. Территорияи совхози «Гулистон». Аз Орзу то маркази район 20 километр. Аҳолиаш 8300 нафар (1981), то­ҷикон, ӯзбекҳо, русҳо ва дигар. Дар посёлка 2 мактаби миёна, 2 мактаби 8-сола, 4 мактаби ибтидоӣ, интернат, 4 китобхона, 2 боғчаи бачагон, касалхона, …

Муфассал »

Орзу Сироҷуддин Алихон

Орзу Сироҷуддин Алихон (1689—1756), шоир ва олими ҳинду. Орзу дар дарбор соҳиби мансаби калон ва пуштибони шоирон будааст. Дар Деҳлӣ ва Лакҳнав зистааст. Ба забонҳои форсӣ ва урду менавишт. Баёзи Орзу «Сироҷ-ул-луғот» аз ашъори шоирони классикии форс-тоҷик ба ҳам омадааст. Ба асарҳои Саъдӣ, Низомӣ ва дигар шарҳ навиштааст. Дар луғати …

Муфассал »

Орз Анвар Ҳусайн

Орз Анвар Ҳусайн (1873, Лакҳнав — 1951, Карочӣ), шоири покистонӣ. Ба забони урду менавишт. Дар оилаи шоир таваллуд шудааст. Яке аз намояндагони барҷастаи мак­таби назми Лакҳнав. Ғазалҳои Орзу дар маҷмӯаҳои «Шикоятҳои Орзу», «Олами Орзу», «Оҳангҳои Орзу» ва «Наи хушоҳанг» гирд омадаанд. Ба қалами Орзу драмаҳои «Зани мутаассиб», «Шарораи зебоӣ», «Моҳтобшаб» …

Муфассал »

Вилояти Орёл

Орел

Орёл, вилоятест дар ҳайати Республикаи Советии Федеративии Сотсиалистии Россия. 27 сентябр 1937 ташклл шуда­аст. Масоҳаташ 24,7 ҳазор километр2. Аҳолиаш- 892 ҳазор нафар (1979). Вилоят ба 19 райони маъмурӣ тақсим шуда, 7 шаҳр, 13 посёлкаи типи шаҳр дорад. Марказаш шаҳри Орёл. Табиат. Вилоят дар қисми марказии баландии Миёнаи Рус (баландиаш ба …

Муфассал »

Шаҳри Орел

Орел

Орел, шаҳр, маркази вилояти Орёли Республикаи Советии Федеративии Сотсиалистии Россия . Дар ҳар ду соҳӣли дарёи Ока воқеъ аст. Узели роҳи оҳан Аҳолиаш 305 ҳазор нафар (1979). Шаҳр аз 3 район иборат. Соҳаҳои саноаташ: мошинсозӣ (истеҳсоли автогрейдер, мошинҳои борбардор, таҷҳизоти технологӣ ба­рои саноати бофандагӣ, чарму пойафзол, шиша, хӯрокворӣ ва қисмҳои …

Муфассал »

Шаҳри Орехово-Зуево

Орехово-Зуево

Орехово-Зуево, шаҳрест дар вилояти Москваи Республикаи Советии Федеративии Сотсиалистии Россия, дар соҳили дарёи Клязма (шохоби Ока). Узели роҳи оҳан. Аҳолиаш 132 ҳазор нафар (1979). Орехово-Зуево яке аз қадимтарин марказҳои саноати матоъҳои пахтагин мебошад. Саноати мошинсозӣ, химия ва истеҳсоли масолеҳи бннокорӣ низ ривоҷ ёфтааст. Институти педагогӣ, 4 техникум, 2 омӯзишгоҳ, театри …

Муфассал »

Орехов Александр Павлович

Орехов Александр Павлович

Орехов Александр Павлович (19. 11. 1881, Нижний Новгород, ҳозира Горкий —19. 10. 1939, Москва), химики советӣ, академики Академияи Фанҳои СССР (1939). Соли 1905 барои иштпрок дар ҳаракатҳои студентӣ аз Омӯзишгоҳи олии кӯҳкории Екатеринослав хориҷ шу­да, ба Германия рафт ва дар он ҷо соли 1908 Университети Гисепро хатм намуд. Аз соли …

Муфассал »