Ортиқбоев Абдуллоҷон (таваллуд 25. 9.1925, шаҳри Конибодом), ҳодими ҳарбӣ, генерал-майор. Аа оилаи коргар. Аъзои КПСС аз с. 1947. Дар мактаби миёнаи ба номи Наримонови Конибодом таҳсил кардааст. 10 феврали 1943 комиссариати Харбии Конибодом Ортиқбоевро ба сафи Армияи Советӣ даъват намуд. Ҳамчун аскари сурх дар шаҳри Самарқанд дар полки тирандозӣ хизмат …
Муфассал »Архивы за день : 10.08.2017
Ортрит
Ортрит (аз юнонӣ orthos — рост), алланит, минералест аэ гурӯҳи эпидот. Таркиби химиявиаш тақрибан (Са, Се, Mn)2 (FeH, Fe3+, Mg) Al*[Si04] [Si207] О (ОН). To 6% Се20з ва аксар вақт омехтаҳои Th, U, гоҳо Y2Os (то 8%) дорад. Системаи кристаллбандиаш моноклинӣ, кристаллҳояш дарози призма ва найзамонанд. Бештар дар шакли доначаҳо …
Муфассал »Ортикон
Ортикон (аз юнонӣ orthos — рост, мунтазам ва eikon — тасвир), карнаи телевизионии ирсол бо катоди хотамкорист, ки дар он тасвири шуоӣ ба тасвири электрӣ, яъне ба истилоҳ -релефи потенсиалӣ табдил меёбад. Чунин усули ҳосил кардани тасвирро инженерони америкоӣ А. Роз ва Ҳ. Ямс соли 1939 пешниҳод кардаанд. Ҳангоми ба …
Муфассал »Шаҳри Орск
Орск, шаҳрест дар вилояти Оренбурги Республикаи Советии Федеративии Сотсиалистии Россия. Дар Урали Ҷанубӣ ва назди резишгоҳи дарёи Ор воқеъ аст. Узели роҳи оҳан. Аҳолиаш 247 ҳазор нафар (1979). Соҳаҳои асосии саноат металлургияи ранга, мошинсозӣ, нефту химия ва хӯрокворист. Корхонаҳои калон- таринаш; комбинати «Южуралникел», заводҳои коркарди металлҳои ранга ва нефт, спирти …
Муфассал »Оромӣ
Оромӣ, с у к у н, дар фалсафа ҳолатеро гӯянд, ки акси ҳаракат аст. Материализми диалектикӣ баробари ҳаракатро хосияти куллии ашё донистан иқрор аст, ки дар табиат ба андозае ва ба ҷиҳате оромию сукунат низ ҷорист. Вале ҳаракат мутлақ, Оромӣ бошад нисбист, зеро вай танҳо дар ягон вақти муайян ва …
Муфассал »Оромиҳо
Оромиҳо, қабилаҳои бодиянишини сомӣ, ки ватанашон нимҷазираи Арабистон буд. Дар ҳуҷҷатҳое, ки ба миёнаи ҳазораи 3 то милод мансубанд, бори аввал номбар шудаанд. Асри 14 Оромиҳо ба биёбони Сурин ва Фуроти Миёна ворид шудаанд, дар охири асри 12 ва аввали 11 то милод қариб тамоми Осиёи Пешро ишғол карданд. Оромиҳо …
Муфассал »Деҳаи Ором
Ором, деҳаест дар Совети қишлоки ба номи Я. М. Свердлови райони Ҷиликӯл, вилояти Қӯрғонтеппа. Территорияи колхози ба номи М. И. Калинин. Масофа аз деҳа то маркази Совети қишлоқ 4 километр, то район 26 километр; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 570 нафар (1981), тоҷикон. Деҳа мактаби миёна, китобхона, кинотеатри тобистона, пункти тиббӣ, магазин, …
Муфассал »Ороиши Хуршед
«Ороиши Хуршед» 1) Оҳанги қадими, ки Борбади Марвӣ ба (муносибати ҷашни Наврӯз тасниф намудааст. 2) Суруди аввал аз силсилаи «Сигона »-и Борбади Марвӣ. 3) Шуъбаи созӣ дар «Ҳаштмақом». 4) Гӯшаи мусиқӣ дар дохили шуъбаҳои «Наврӯзи хоро» ва «Наврӯзи Аҷам» — «Дувоздаҳмақом». 5) Суруди маросимии мардуми Бухоро, ки дар рӯзҳои саршавии …
Муфассал »Ороиши саҳна
Ороиши саҳна, нигаред Санъати ороиши саҳна.
Муфассал »Орография
Орография (аз юнонӣ — кӯҳ ва …графия), як фасли геоморфологияро гӯянд, ки бо таснифу тасвири шаклҳои релеф (қаторкӯҳҳо, баландиҳо, хамиҳо ва ғайра) машғул аст. Орография аз рӯи нишонаҳои зоҳирии релеф, capфи назар аз пайдоиши он, дар бораи мавқеъ, андоза (баландӣ, тӯл) ва ғайра маълумот медиҳад. Орография, яке аз унсурҳои асосии …
Муфассал »