Маълумоти охирин
Главная / 2017 / July (страница 63)

Архив Месяца: July 2017

Номограмма

0

Номограмма (аз юн. nomos — қонун ва gramma—хат, ҳарф, имло), нақшаест, ки тасвири махсуси вобастагии функсионалӣ мебошад (ниг. номография). Асосан чун воситаи ҳисоб дар муосиботи инженерӣ ис­тифода мешавад.

Муфассал »

Номия

0

Номия (ар. — қувваи рӯяндагӣ, нумӯъкунандагӣ), қувватест, дар ҷисми ҳайвонот ва наботот, ки  ҷисмро дар тӯлу арз ва умқ болидагӣ бахшад.

Муфассал »

Номинализм

0

Номинализм (лот. nominalis — мансуб ба номҳо, номдор, аз nomen— ном), ҷараёни фалсафаи асримиёнагӣ, ки мафҳумҳои умумиро фақат маҳсули номи предметҳои алоҳида медонист. Номинализм таърихи қадим дорад. Антисфен ва Диогени Синопӣ ҳамчун мухолифони Афлотун намояндагони Номинализм буданд. Дар ибтидои асрҳои миёна Номинализм чун эътироз бар зидди минтиқаи маънавии навафлотуния пайдо …

Муфассал »

Номинал

0

Номинал (лот. nominalis — номдор, аз nomen — ном), 1) арзиши нишондодашуда, ки дар коғазҳои қиматнок (аксияҳо, облигатсияҳо ва ғайра), пули коғазӣ ва танга ифода ёфтааст. Қурби коғазҳои қиматнок ба Номинал на ҳама вақт мувофиқ мешавад; 2) нархи нишоп дода шудаи мол, ки дар прейскурант ё худи мол ифода ёфта­аст; …

Муфассал »

Номии Самарқандӣ

Номии Самарқандӣ (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), шоири тоҷик (асри 17). Дар Самарқанд зиндагӣ ва эҷод кардааст. Замони таълифи тазкираи Малехои Самарқанди (1688) Номии Самарқандӣ 80 сол дошта, дар шеъру шоирӣ шӯҳрат ёфта будааст. Зоҳираи ӯ бештар бо мутоиботаш писанди муосирон шудааст. Зеро Мале­ҳои Самарқандӣ аз девони ашъори Номии Самарқандӣ …

Муфассал »

Номии Исфаҳонӣ

Номии Исфаҳонӣ Мирзо Муҳаммадсодиқи Мусавӣ (соли таваллудаш номаълум — вафоташ 1790), шоир ва таърихнависи асри 18 эронӣ. Анҷоди Номии Исфаҳонӣ аз Шероз буда, дар замони ҳукмронии Сафавиён ба Исфаҳон омадаанд. Номии Исфаҳонӣ мувофиқи маълумо­ти тазкираҳо дар ҷавонӣ «машқи иншо карда, дар назму наср вуқуфе ҳосил» менамояд. Дар Шероз ба хидмати …

Муфассал »

Номии Баҳқарӣ

Номии Баҳқарӣ Мирмуҳаммад Маъсум ибни Мирсайид Сафоии Тирмизӣ (соли таваллудаш номаълум, Баҳкари Ҳиндустон — вафоташ 1610, ҳамон ҷо), шоири форсизабони Ҳиндустон. Номии Баҳқарӣ баъд аз сари падараш ба Кангрӣ омада, илм меомӯзад. Номии Баҳқарӣ дар илму шоирӣ шӯҳрат ёфта, ба хизмати Акбаршоҳ даромад. Соли 1603 Номии Баҳқарӣ аз тарафи Акбаршоҳ …

Муфассал »

Номи падар

0

Номи падар, дар СССР қисми номи авлод, ки ба кӯдак ҳангоми қайди таваллуд дода мешавад. Агар ҳангоми таваллуди кӯдак зан дар қайди ақди никоҳ набошад (ё му­қаррар кардани падари кӯдак қонунан номумкин бошад), он гоҳ Номи падари кӯдак ба фамилияи модараш навишта мешавад. Мувофиқи Указ» Пре­зидиуми Совети Олип СССР аз …

Муфассал »

Номзади илм

0

Номзади илм, н о м з а д, дараҷаи аввалини илмӣ дар СССР. Ба шахсони дорои маълумоти олӣ дода мешавад, ки минимуми номзадӣ супорида, дар назди умум диссертатсияи номзадӣ ҳимоя кардаанд. Бо қарори СКХ СССР 13 январи 1934 таъсис гардид. Дараҷаи Номзади илм аз тарафи совети илмии мактабҳои олӣ (факултетҳо) …

Муфассал »

Номзад ба аъзоии КПСС

0

Номзад ба аъзоии КПСС, мӯҳлате, ки Устави КПСС барои дохил шудан ба партия муқаррар кардааст. Ин мӯҳлат «барои ба хубӣ шиносо шудан бо Программа ва Устави  КПСС ва тайёрӣ барои аъзоии пар­тия шудан лозим аст. Ташкилоти партияви бояд барои дохил шудан ба КПСС ба номзад кӯмак расонад ва сифатҳои шахсии …

Муфассал »