Носут (ар. Oj-U — олами ҷисмонӣ; зулмони, инсонӣ), истилоҳест дар фалсафаи асримиёнагӣ (бештар дар тасаввуф), ки олами ҷисмонӣ ва дорои замону маконро (ба муқобили лоҳут) ифода менамояд. Гӯё олами Носут аз олами лоҳут вобаста буда, қавну фасод хоси он мебошад. Раҳнамоӣ олами Носут ақли фалакӣ буда, ба воситаи он олами …
Муфассал »Архив Месяца: July 2017
Носур
Носур (захми кӯҳна), фистула (аз лот. fistula — найча), сӯрохии патологиест, ки бо ёрии он узвҳои ковоки бадан бо муҳити беруна робита пайдо мекунад ва ё бо дигар узвҳо пайваст мешавад. Носур модарзодӣ, ғайримодарзодӣ ва сунъӣ мешавад. Носури модарзодӣ аз нуқси инкишоф (масалан, Носури ноф) ва ғайримодарзодӣ дар натиҷаи просессҳои …
Муфассал »Носкаду
Носкаду 1) ч и л и м к а д у, чӯбкаду (Lagenaria vulgaris), растении яксолаест аз оилаи кадуиҳо. Дарозии палакаш 2—3 м. Баргаш мудаввари дилшакл, гушадоре 3-парраи махмалин (дарозиаш 10—40 см), гулаш сафед (диаметраш 7—10 см), мевааш ҳаҷман ва шаклаш хеле гуногун. Моҳҳои июну июл гулу мева мекунад. Одатан …
Муфассал »Носирӣ Қаюм
Носирӣ Қаюм (14.02. 1825-02. 09. 1902, Қазон), адиб ва олими маорифпарвари тотор. Дар Мадраса (1841— 1855) таҳсил намуда, аз дарсҳои Университети Қазон ба сифати сомеъ баҳравар гардидааст. Солҳои 1871—1876 дар Қазон мактаби русӣ-тоторӣ кушод ва худаш дарс медод. Дар фаъолияти педагогиаш аз К. Д. Ушинский ва Л. Н. Толстой илҳом …
Муфассал »Носируддин Xисрави
Носируддин Xисрави Исфаҳонӣ маъруф ба Н о с и р и X и с р а в (соли таваллудаш номаълум — вафоташ 1332), шоири форс-тоҷик. Носируддин Xисрави Исфаҳонӣ аз шоирони мутасаввиф буда, дар тарҷеъбанднависӣ машҳур будааст. Ӯро баъзе тазкиранависон бо Носири Хисрави Қабодиёнӣ иштибоҳ карда, ашъори якеро ба дигаре нисбат …
Муфассал »Носируддини Маҳнаӣ
Носируддини Маҳнаӣ Абунаср (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), шоир ва мутафаккири асри 15 форс-тоҷик. Зодгоҳаш Маҳна. Бино ба гуфтаи Озар, ӯ аз авлоди Абӯсаиди маҳнаӣ ва падараш Хоҷа Мӯъид аз шайхони бузурги Хуросон будааст. Худи Носируддини Маҳнаӣ шайхи машҳури Хуросон гардида, қурбони фитнаи мазҳабии шиаву суннӣ шудааст. Ӯ аз шоирони …
Муфассал »Носируддин Муҳаммади Самарқандӣ
Носируддин Муҳаммади Самарқандӣ ( соли таваллудаш номаълум, Самарқанд — вафоташ тақрибан 1162, ҳамон ҷо), олим ва фақеҳи форс-тоҷик. Аввал дар зодгоҳаш маълумот гирифта, баъд дар Бухоро таҳсил кардааст. Аксари мамлакатҳои шарқи пеломиро додааст. Носируддин Муҳаммади Самарқандӣ фиқҳ, калом, мантиқ, сарфу наҳв, риёзиёт, забону адабиёти араб, фалсафа ва ғайраро аз худ …
Муфассал »Носирова Ҳалима
Носирова Ҳалима (таваллудаш 29.12. 1913, деҳаи Таглик, наздики Қӯқанд), сарояндаи советии ӯзбек (сопрано), Арт. Халқии СССР (1937). Дар Техникуми театрии Боку ва дар студияи операи (қисми ӯзбекҳо) Консерваториям Москва (1924— 1927) хонда фаъолияташро аз соли 1927 ҳамчун актрисаи драма (театри ба номи Хамза) оғоз намудааст. Дар солҳои 1928—1929 дар Театри …
Муфассал »Носирова Ашӯра
Носирова Ашӯра (таваллудаш 1924, деҳаи Қистакӯзи pайони Хуҷанд), раққоссаи советии тоҷик, Артисти Халқии РСС Тоҷикистон. (1947). Аъзои КПСС аз соли 1951. Духтари мутриби халқӣ Носири Сурнайчист. Пас аз хатми мактаби таби ибтидоӣ таҳсилро дар техникумҳои занонаи Ленинобод, баъдтар Сталинобод (1934—1939) давом додааст. Фаъолияти раққосагиаш дар дастаи ҳаваскорони санъати мактаб оғоз …
Муфассал »Носиров Юсуф
Носиров Юсуф Саидович (таваллуд 24.8.1932, Хуҷанд), биологи советӣ, акад. АФ РСС Тоҷикистон (1981; аъзо-корр. 1966), доктори илмҳои биология (1966), профессор (1968). Аъзои КПСС аз соли 1955. С.оли 1950 Институти давлатии педагогии Ленинободро хатм кардааст. Солҳои 1954—1960 корманди калони илмӣ, мудири лабораторияи физиологияи растании Институти ботаника ва 1960—1964 мудири Шӯъбаи физиология …
Муфассал »