Маълумоти охирин
Главная / Илм / Носур

Носур

Носур (захми кӯҳна), фистула (аз лот. fistula — найча), сӯрохии патологиест, ки бо ёрии он узвҳои ковоки бадан бо муҳити беруна робита пайдо мекунад ва ё бо дигар узвҳо пайваст мешавад. Носур модарзодӣ, ғайримодарзодӣ ва сунъӣ мешавад. Носури модарзодӣ аз нуқси инкишоф (масалан, Носури ноф) ва ғайримодарзодӣ дар натиҷаи просессҳои интихобии музмин (масалан, остеомиелит), варам, ҷароҳат ва ғайра ба вуҷуд меояд. Носури сунъӣ натиҷаи ҷарроҳӣ аст. Агар Носур узвҳои ковокро пайваст кунад, Носури дохилӣ ё анастомоз номида мешавад. Носури беруни — стомаро барои ғизогирии сунъӣ ё ихроҷи нешоб ва наҷосат ба вуҷуд меоранд.

Ад.: Стручков В. И., Гнойная хи­рургия, М., 1967.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …