Маълумоти охирин
Главная / 2017 / July (страница 47)

Архив Месяца: July 2017

Нурулҳақи Баҳрин

Нурулҳақи Баҳрин ибни Абдулҳай ибни Мавлоно Абдулқаҳҳор (тақрибан 1860, деҳаи Сангевни Қалъаихум — 1915, ҳамон ҷо), шоири тоҷик. Маълумоти ибтидоиро дар назди падар ва Маҳдуми Аълам ном ҳамдеҳааш гирифт. Дар 21-солагӣ ба Бухоро рафта 10 сол дар мадрасаи Кӯкалтош таҳсил кардааст. Пас аз таҳсил ба зодгоҳаш баргашта, масҷиди кӯҳнаеро обод …

Муфассал »

Нуруллоҳи Шуштарӣ

Нуруллоҳи Шуштарӣ Амир (соли таваллудаш номаълум — вафоташ 1611), насрнавис ва шоири форс-тоҷик. Нуруллоҳи Шуштарӣ  яке аз бузургони Шуштар буда, дар замони Акбар ба Ҳиндустон рафта, дар Лоҳур ба мансаби қозигӣ расидааст. Нуруллоҳи Шуштарӣ бо унвони «Манолис-ул-мӯъминин» ва «Аҳқоқ-ул-ҳақ» ду асар навиштааст. Ӯ дар шеър Нурӣ тахаллус мекардааст ва ғазалро …

Муфассал »

Нуруддини Ҳиравӣ

Нуруддини Ҳиравӣ (соли таваллуд номаълум— вафоташ 1640), ҳаттоти асри 17 дар нигоштани анвои хат устод будааст. Хусусан насхро ниҳоят олӣ менавиштааст. Дар навиштани хати настаълиқ низ услуби хоси худро дошт. Намунаи осори ҳаттотии ӯ дар музейҳои Ҳирот ва Кобул, инчунин дар коллексияи (захираи) китобхонаи шахсии муаллифи «Хушнависон ва ҳунармандон») Фикрии …

Муфассал »

Нуруддини Насавии Муншӣ

Нуруддини Насавии Муншӣ Муҳаммад ибни Аҳмад ибни Алӣ ибни Муҳаммади Зайдарй ё Харандазӣ (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), насрнавис ва шоири асри 12 форс-тоҷик. Баъд аз касби камол соҳиби девони иншои Ҷамолуддини Хоразмшоҳ гардида, дар сафарҳои вай ҳамроҳӣ карда, саргузаштҳои ӯро дар китобҳояш шард додааст. Аз ӯ ду асар боқист, …

Муфассал »

Нуруддини Ибни Абдураҳмон

0

Нуруддини Ибни Абдураҳмон Ибин Абдулқодири Гӯянда (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), мусиқишинос, навозанда ва бастакори асри 15 форс-тоҷик. Писари Абдулқодири Гӯянда (Мароғӣ). Дар Исфаҳон таваллуд ёфта, дар Истамбул вафот кардааст. Мусиқиро аз падараш омӯхтааст. Дар санъати сарояндагй, навозандагй ва назарияи мусиқи истеъдоди фавқулодда дошта, асарҳои зиёде эҷод кардааст. Падараш асари …

Муфассал »

Нурова Илич

Нурова Илич (таваллудаш 17. 08. 1925, де­ҳаи Курговати pайони Қалъаихум), нонпаз, пешқадами истеҳсолот, яке аз ташаббускорони мусобиқаи сотси­алистӣ ва ҳаракати меҳнати комму­нистӣ, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиа­листӣ (1971). Аъзоя КПСС аз соли 1960. Солҳои 1946—1958 фаррош, нонпази заводи нонпазии рақами 1-и Душанбе, 1958—1978 нонпаз ва аз соли 1978 сардо­ри бригадаи сехи нонпазии …

Муфассал »

Нурова Зайнаб

Нурова Зайнаб (таваллудаш 15. 09. 1915, Конибодом, вилояти Ленинобод), говҷӯш, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалис­тӣ (1971). Солҳои 1930—1941 колхозчӣ, 1941—1945 сардори звено, 1945—1951 сардори бригадаи пахтакорӣ, 1951— 75 говҷӯши колхози ба номи В. И. Ленини pайони Қӯрғонтеппа ва аз соли 1975 нафақахӯри шахсӣ. Дар инкишофи чорводории колхозӣ саҳми арзанда гузоштааст. Бо ордени …

Муфассал »

Нуров Пирак

Нуров Пирак (таваллуд 1929, деҳаи Хонободи pайони Кӯлоб) пахтакор, Қадрамони Меҳнати Сотсиалист (1948). Аъзои КПСС аз соли1951. Фаъолияти меҳнатии Нуров аз соли 1942 cap шудааст. Ӯ колхозчӣ, сардори звено ва бригадир буд. Дар дигар вазифаҳои масъулн партиявию давлатӣ низ кор кардааст. Звенои Нуров соли 1948 ҳосили фаровони пахта рӯёнидааст. Бо …

Муфассал »

Нуров Лочин

Нуров Лочин (таваллуд 1934, деҳаии Пилдони райони Ҷиргатол), пахтакор, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1972). Аъзои КПСС аз соли 1963. Солҳои 1950—52 колхозчӣ, 1952—53 талабаи мактаби  механи­заторӣ, 1953—54 тракторчӣ, 1954— 55 дар сафи Армияи Советӣ, 1958— 62 бригадир-механик ва сардори бригадаи механи­конидашудаи комплексӣ ва аз соли 1965 сардори бригадаи пахтакории колхози ба …

Муфассал »

Деҳаи Нуробод

0

Нуробод, деҳаест дар Совети қишлоқ Мирзо Ризои pайони Ҳисори РСС Тоҷикистон. Территорияи колхози «Москва». Аз Нуробод то маркази Совети қишлоқ 3 километр, то район ва стансияи роҳи оҳан. Хонақоҳ 20 километр; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 385 нафар (1981), тоҷикон. Мактаби ибтидоӣ дорад. Соҳаи асосии хоҷагӣ — пахтакорӣ. Заминҳо аз дарёи Хонақоҳ …

Муфассал »