Омелянский Василий Леонидович (10. 3. 1867, Полтава — 21. 4. 1928, Гагра), микробиологи советӣ, академики Академияи Фанҳои СССР (1923; аъзо-корреспондент 1916). Соли 1890 Университети Петербургро хатм кардааст. Солҳои 1893—1928 дар шуъбаи микробиологияи умумии Институти тиббии таҷрибавӣ кор кардааст (аз соли 1912 мудири шуъба). Асосан мақоми микроорганизмҳоро дар гардиши нитроген ва …
Муфассал »Архив Месяца: July 2017
Деҳаи Омада
Омада, деҳаест дар Совети қишлоқи Чузии pайони Ҳисори Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон. Территорияи колхози «Ленинград». Аз Омада то маркази Совети қишлоқ 4 километр, то район 28 километр; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 600 нафар (1981), тоҷикон. Соҳаи асосии хоҷагӣ пахтакорӣ. Заминҳо аз дарёи Қаротоғ обёрӣ мешаванд.
Муфассал »Ом
Ом, воҳиди муқовимати электриест дар Системой воҳидҳои байналxалқӣ. Ба шарафи олими немис Г. С. Ом номида шудааст. Ишораташ Ом. Ом муқовимати ноқилест, ки ҳангоми ба 1 Ампер баробар будани қувваи ҷараён байни нӯгҳои он 1 Волт шиддат ба вуҷуд меояд. Таносуби байни Ом ва дигар воҳидҳои муқовимати электрӣ чунин аст: …
Муфассал »Ом Георг Симон
Ом (Ohm) Георг Симон (16. 3. 1787, Эрланген—7. 7. 1854, Мюнхен), физики немис. Дар Университети Эрланген таҳсил намуда (1805—06), баъд солҳои 1806—09 дар Готштад (Швейсария) муаллимӣ кардааст. Соли 1811 дар Эрланген рисолаи докторӣ ҳимоя намуд. Солҳои 1813—33 дар шаҳрҳои гуногуни Германия муаллим буд. Аз соли 1833 директори Мактаби политехникии Нюрнберг …
Муфассал »Олӣ Неъматхони Шерозӣ
Олӣ Неъматхони Шерозӣ (тахаллус; номаш Мирзомуҳаммади Нуруддин; таваллуд байни 1630—40, Деҳлӣ — вафот 1710), шоири форсизабони Ҳиндустон. Аз оилаи табиб Ҳаким Муҳаммад Фатҳуддин. Олӣ дар ҷавонӣ бо падараш ба Шероз сафар карда, ҳамон ҷо маълумоти ибтидоӣ гирифта, ба камол мерасад ва дар замони ҳукмронии Шоҳиҷаҳон боз ба Ҳиндустон баргашта, ба …
Муфассал »Олстер
Олстер (Ulster), 1) вилояти таърихӣ дар қисми шимоли ҷазираи Ирландия. Аз нимаи дуюми асри 12 тобеи Англия. Асрҳои 16—18 маркази шӯришҳои зиддимустамликадорӣ гардид. Баробари тараққиёти капитализм дар Ирландия саноати Олстер низ зуд ривоҷ ёфт. Консерваторҳои англис аз низоъҳои миллӣ ва динӣ (байни католикҳою протестантҳо) истифода бурда, солҳои Ҷанги якуми ҷаҳонӣ …
Муфассал »Олминский Михаил Степанович
Олминский (фамилияи аслиаш Алекса н д р о в) Михаил Степанович (15.10.1863, Воронеж — 8. 5.1933 Москва ), ходими ҳаракати револютсионӣ дар Россия, публисист, муаррих, мунаққиди адабӣ. Аз оилаи амалдори хурд. Аъзои Партияи коммунистӣ аз соли 1898. Соли 1883 ҳангоми студенти Университети Петербург буданаш ба народоволчиён ҳамроҳ шуд. Соли 1885 …
Муфассал »Олденбург Сергей Фёдорович
Олденбург Сергей Фёдорович (26. 9. 1863, деҳаи Бянкино, ҳозира pайони Нерчини вилояти Чита —28. 2. 1934, Ленинград), шарқшиноси советӣ, яке аз асосгузорони мактаби ҳиндушиносии рус., академики Академияи Фанҳои Петербург (1900), баъдтар Академияи Фанҳои СССР. Университети Петербургро хатм намуд (1885). Аз соли 1889 муаллим ва аз 1894 профессори ҳамин университет. Котиби …
Муфассал »Олгерд Алгирдас
Олгерд Алгирдас, князи кабири Литва дар солҳои 1345—77, писари Гедимин. Барои васеъ кардани ҳудуди Литва мубориза бурд. Иштирокчии мудорибаҳои зидди Ордени Тевтон. Соли 1363 назди Синие Води қӯшуни тоторҳоро торумор кард. Мулкҳои меросии князиҳои Чернигов — Северск, заминҳои Киев, Подолск, Волын ва дигарро забт ва князии Смоленскро ба Литва тобеъ …
Муфассал »Олга
Олга (номи насрониаш Елена, тақрибан 890—969, Киев), княгинаи-кабири Киев, завҷаи Игор. Баъди аз тарафи древлянҳо кушта шудани шавҳараш (945) шӯриши онҳоро бераҳмона пахш намуд. Солҳои 945— 947 андозаи боҷу хироҷи древлянҳо ва новгородиҳоро муқаррар кард ва марказҳои маъмурӣ — погостҳо ташкил намуд. Олга мулки князиҳои кабири Киевро хеле васеъ кард. …
Муфассал »