Овчӣ, деҳаест дар Совети қишлоқ Овчӣ- қалъачаи pайони Хӯҷанд, вилояти Ленинобод. Территорияи колхози ба номи В. В. Куйбышев. Аз Овчӣ то маркази Совети қишлоқ 1 километр, то район 18 километр; роҳаш асфалтпӯш. Аҳолиаш 2020 нафар (1981), ӯзбекҳо ва тоҷикон. Мактаби миёна, клуб, ошхона, 3 магазин, хонаи хизмати маишӣ дорад. Соҳаҳои …
Муфассал »Архив Месяца: July 2017
Овчинников Юрий Анатолевич
Овчинников Юрий Анатолевич (таваллуд 2. 8. 1934, Москва), химик ва биохимики советӣ, академики кадемияи Фанҳои СССР (1970; аъзо- корреспондент 1968). Аъзои КПСС аз соли 1962. Университети давлатии Москваро хатм кардааст (1957). Аз соли 1960 ходими илмӣ ва аз 1970 директора Институти химияи пайвастҳои табиии (ҳоло Институти химияи биоорганикии ба номи …
Муфассал »Овчинников Павел Николаевич
Овчинников Павел Николаевич (4. 04. 1903, Уфа —22. 12. 1979, Душанбе), ботаники совети, доктори илмҳои биология (1947), профессор (1954), академики Академияи Фанҳои РСС Тоҷикистон (1957; аъэо-корреспондент аз соли 1951), Ҳодими Хизматнишондодаи Илми РСС Тоҷикистон (1963), Қаҳ- рамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1969). Аъзои КПСС аз соли 1945. Иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ. Шӯъбаи …
Муфассал »Овулясия
Овулясия (аз юнонӣ ovum—тухм), аз тухмдон ба ковокии бадан баромадани тухм (ооцит). Ҳангоми Овулятсия девораи фолликула (дар ширхӯрҳо ва одам пуфакчаа грааф), ки ооцит воқеъ гаштааст, мекафад. Овулятсияи модинаи аксари мӯҳрадорҳо инчунин занҳо даврӣ буда, баъзе ҳайвонҳо (масалан, харгӯши хонагӣ, гурба ва ғайра) бошад, дар натиҷаи муҷомиат ба вуҷуд меояд. …
Муфассал »Овул
Овул, авул (туркӣ), 1) номи ҷои истиқомати баъзе халқҳои Осиёи Миёна ва Қазоқистон (туркманҳо, қароқалпоқҳо, қирғизҳо, қазоқҳо), инчунин як қатор халқҳои Кавкази Шимолист. То Револютсияи Кабири Сотсиалистии Октябр қазоқ, қирғиз, қароқалпоқҳои кӯчманчӣ ва нимкӯчманчӣ, ӯзбекҳои чорводор гурӯҳ-гурӯҳ (5-—10 оила ва аз ин зиёд) ҷои истиқомате интихоб менамуданд ва онро Овул …
Муфассал »Овринг
Овринг, роҳи тангест дар кӯҳсор. Маъмулан дар камари кӯҳҳое, ки нишебии он рост аст, сохта мешуд. Барои сохтани Овринг бағали кӯҳро канда, ба тарқиши шах мехҳои мустаҳкам мекӯбанд ва аз болояш шохи буттаву дарахт мепӯшанд. Дар ҷойҳои душворгузари он пулҳои овезон месозанд. Дар ҷойҳои росту ҳамвори бағали кӯҳ зинапояҳои баланди …
Муфассал »Оворагардӣ ва гадоӣ
Оворагардӣ ва гадоӣ, дар давлатқои истисморгар зуҳуроти иҳтимоиест, ки дар натиҷаи таъмин набудани меҳнаткашон аз воситаҳои зиндагӣ ба вудуд меояд. Ин ҳол дар оворагардӣ аз як ҷой ба ҷои дигар, зиндагии бе хонумон ва аз ҳисоби дигарон зиндагӣ кардан ифода мегардад. Дар ҷамъияти истисморӣ давлат ба шахсони маҷбуран ба оворагардӣ …
Муфассал »Овозҳои нутқ
Овозҳои нутқ, овозҳое, ки бо мақсади мубодилаи афкор тавассути дастгоҳи гуфтор (узвҳои нутқ) сохта ва талаффуз мешаванд. Овозҳои нутқ дар асоси «фармоне», ки аз нимкураи чапи майнаи cap мерасад ба вуҷуд меоянд. Таҳдиду таҳлили Овозҳои нутқ дар се замина — тавлидӣ, физикӣ ва иҷтимоӣ (лингвистӣ) сурат мегирад. Дар заминаи тавлиди …
Муфассал »Газета «Овози Шарқ»
«Овози Шарқ», газета, органи Бюрои партиявӣ ва революсионии РАСС Тоҷикистон. Аз 12 августи 1924 ҳафтае як маротиба ба забони тоҷикӣ дар Душанбе нашр мешуд. Баъди якчанд шумора соли 1924 чопаш қатъ гардид.
Муфассал »Газета «Овози Тоҷик»
«Овози Тоҷик» газета; дар арафаи тақсимоти миллии Осиёи Миёна дар Самарқанд таъсис ёфт. Шумораи аввал ин «Овози тоҷики камбағал» ном дошт ва он 25 август 1924 чоп шудааст. Аз шумораи 10-ум cap карда, калимаи «камбағал» ихтисор шуд. Ин газета аввал ҳамчун органи КМ ПК (б) Туркистон, аз 10 декабри 1924 …
Муфассал »