Олег (вафот 912), князи Руси Қадим. Бино ба маълумоти солномаҳо, хеши Рюрики нимафсонавӣ буда, баъди вафоти ӯ князи Новгород шудааст. Олег соли 882 ба замини кривичҳо юриш карда, шаҳри марказии онҳо — Смоленскро забт намуд. Олег шаҳри Любич, баъд Киевро ишғол карда, ба пойтахти давлати худ табдил дод. Солҳои 883—885 …
Муфассал »Архив Месяца: July 2017
Олдриҷ Ҷеймс
Олдриҷ (Aldridge) Ҷеймс (таваллуд 10. 7. 1916, Уайт-Ҳилс, Виктория, Австралия), нависанда ва ходими ҷамъиятии англис. Дар коллеҷи савдои Мелбурн хондааст. Соли 1938 ба Англия кӯчид. Фаъолияти журналисти, ки ба он васила ба бисёр фронтҳои Ҷанги дуюми ҷаҳон (1939 —45) рафтааст, ба Олдриҷ чун мактаби таҷрибаи ҳаёт ва маҳорат хизмат кард. …
Муфассал »Олдрин Эдвин
Олдрин (Aldrin) Эдвин (таваллуд 20. 1. 1930, Глен-Рид, назди Монтклэр, Ныо-Ҷерси), астронавти ШМА, полковники ҚҲҲ. с. 1951 Академияи Харбии ШМА-ро хатм намуд. Дар қисмҳои ҚҲҲ хизмат кардааст. Соли1959 ба Институти технологии Массачусет дохил шуд. Соли 1963 оид ба васл кардани киштиҳои кайҳонӣ дар кайҳон рисолаи докторӣ ҳимоя намуд ва ба …
Муфассал »Олдовай
Олдовай, О л д у в а й (Oldoway, Olduvai), дараест дар шимоли Танзания, З6 километр шимол шарқтари кӯли Эяси воқеъ гардидааст. Солҳои 30—60 асри 20 онро бостоншинос ва антропологхои англис Л.Лики ва М. Лики тадқиқ намуданд. Дар Олдовай андаруни таҳшини кӯл боқимондаи осори маданияти давраи палеолит ва яке аз …
Муфассал »Олаш
Олаш, бук (Fagus), ҷинси дарахтест аз оилаи олашиҳо. Баландиаш то 50 метр, диаметри танааш 2 метр. Дар ноҳияҳои ғайритропикии Нимкураи шимолӣ 10 намуди Олаш мерӯяд, дар СССР бошад, 3 намуди он. Баргаш содда, одатан бедандона аст. Баробари баргбарорӣ гул мекунад. Аз 20—40-солагӣ мева медиҳад. Мевааш ҷал0ӯзамонанд (финдиқ) аст, пӯчоқи сахт …
Муфассал »Олати Арифметикӣ
Олати Арифметикӣ (ОА), яке аз олати асосии ҳисобмошини рақамии электронист (ҲРЭ), ки дар он бевосита амалҳои арифметикӣ ва мантиқӣ бар ададҳо иҷро карда мешаванд. Иҷрои ҳар гуна амали арифметикӣ ё мантиқӣ дар Олати Арифметикӣ аслан аз иҷрои пай дар паи як қатор амалҳои элементарӣ ё микроамалҳо [муқаррар намудани «сифри»-и разрядҳои …
Муфассал »Олами органикӣ
Олами органикӣ, маҷмӯи органиамҳое, ки дар биосфераи Замин маскунанд. Олами органикӣ аз микроорганизмҳо, растаниҳо, ҳайвонот ва одам, ки дар просесси фаъолияти худ ба якдигар ва табиати ғайризинда таъсир мерасонанд, таркиб ёфтааст.
Муфассал »Олами Кабир ва олами Сағир
Олами Кабир ва олами Сағир, микрокосм ва макрокосм, таълимоти фалсафист, ки Инсону Кайҳонро аз ҷихати сохту таркиб ба ҳам баробар карда, аввалиро заминаи андарёфти охирӣ медонад. Ба маънии васеътар таълимотест оид ба ягонагӣ ё ваҳдати ботинии сағиру кабир, меҳину кеҳин, ҷузву кул. Ақидал алоқамандии микро ва макрооламҳо дар қаъри хоки …
Муфассал »Окуляр
Окуляр (лот. oculus — чашм), қисми ба чашми мушоҳид нигарондашудаи системаи оптикист (телескоп, дурбин, микроскоп ва ғайра); барои мушоҳидаи визуаллӣ тасвирҳои ҳақиқие, ки дар системаҳои оптикии объектив (масалан, призма, коллиматор) ҳосил мешаванд, хизмат мекунад. Аввалин бор Окулярро Г. Галилей (1609) дар ғулбаи биниш истифода бурдааст, ки линзаи он манфӣ (парокандакунанда) …
Муфассал »Октябрятҳо
Октябрятҳо, дар СССР мактаббачагони 7—9-солае, ки дар гурӯҳҳои назди дружинаи пионерии мактаб ихтиёри муттаҳид мешаванд. Гурӯҳҳои Октябрятҳо бачагонро барои дохил шудан ба Ташкилоти Умумииттифоқии пионерӣ ба номи В. И. Ленин тайёр мекунанд. Гурӯҳҳои аввалин» Октябртҳои солҳои 1923—24 дар назди отрядҳои пионерии шаҳри Москва ташкил шуда буданд ва ба онҳо бачагон …
Муфассал »