Маълумоти охирин
Главная / 2017 / July / 26 (страница 3)

Архивы за день : 26.07.2017

Ойдиум

01

Ойдиум, ҷел, гардзании ангур, касалии зараррасони навъҳои гуногуни ангур, ки занбуруғи Unclnula necator ба вуҷуд меорад.

Муфассал »

Озоносфера

0

Озоносфера, қабати озонии ат­мосфера, ки аз сатҳи Замин дар ба- ландии 10—50 километр ҷойгир аст; миқдори асосии озон дар он қисми Озоносфера ғун мешавад, ки аз сатқи Замин дар баландии 20—25 километр воқеъ аст. Пайдоиши озонро дар Озоносфера ва паҳншавии онро дар баландиҳои гуногун назарияи фото химия  шарҳ медиҳад. Озон …

Муфассал »

Озониоз

0

Озониоз, решатосаки Те­хасӣ, касалии хеле хавфноки растанӣ, ки занбӯруғи хокӣ (Ozonium omnivorum) меангезад; касалии карантанй. Ба решаи зиёда аз 2000 намуди растанӣ зарар мерасонад. Барги растании касал аввал зард, баъд пажмурда шуда, тез мехушкад. Озониос дар ШМА ва Мексика паҳн шудааст ва аз он пахта, юнуҷқа, дарахтони мева ва орошӣ …

Муфассал »

Озон

0

Озон (аз юн. ozo — бӯй мебарорам), Оз, шакли аллотропии оксиген. I Озонро бори аввал соли 1785 физики голландӣ М. ван .Марум аз рӯи бӯи махсус ва хосияти оксидкунандагии ҳаво, ки ҳангоми аз он гузаронидани шарораи электр зоҳир мегардад, ошкор намуд. Озон дар шароити мӯътадил моддаи газии таркандаи кабудтоб буда, …

Муфассал »

Озокерит

0

Озокерит (нем. Ozokerit, аз юнонӣ буй мебарорам ва keros—мум), муми к ӯ ҳ ӣ,  минерал аз гурӯҳи нефтидҳо (битумҳо). Рангаш сабзи хеле равшан, зард, бур. Мулоиму часпак ё сахту мӯрт мешавад. Аз он бӯи карасин меояд. Аз оташи гӯгирд зуд дармегирад. Зичиаш аз 850 (ва камтар) то 1000 килограмм/метр. Таркибаш …

Муфассал »

Деҳаи Озодӣ

Озодӣ (то сентябр 1972—Гургон), деҳаест дар pайони Ёвони вилояти Қӯр- ғонтеппа, маркази Совети қишлоқи Озодӣ ва совхози сабзавоткорӣ. Аз Озодӣ то район 3 километр; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 860 нафар (1981), тоҷикон. Мактаби миёна, 2 китобхона, хонаи маданият, пункти тиббӣ, магазин дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ —сабзавоткорӣ, чорвою кирмакдорӣ. Заминҳо ба воситаи …

Муфассал »

Озодӣ

0

Озодӣ, дар асоси дарки зарурати объективӣ мувофиқи дараҷаи дониш, имконият ва қобилияти фаъолияти худ амал кардани одам. Озодии одамон ба дарк ва истифодаи қонуниятҳои объективии табиат асос меёбад. Масъалан Озодӣ дар таърихи афкори ҷамъиятӣ, аз рӯи анъана ба саволи оё одам озодии ирода дорад ё не, нисбат дода мешуд. Фаҳмиши …

Муфассал »

Озодфикрӣ

0

Озодфикрӣ, озодандешӣ,ҷараёни афкори ҷамъиятиест, ки мухторияти ақлро дар дарёфти ҳақиқатқат ҳифз ва наҳйи диниро дар ҷараёни зеҳни аҳкоми эътиқод рад ме­кунад. Озодфикрӣ бо шаклҳои мухталифи танқиди дин (деизм, пантеизм, но­минализм) алоқаманд буд. Ғояҳои Озодфикрӣ дар давлатҳои ғуломдории шарқ ташаккул ёфтаанд. Дар Миср («Сӯҳбати маъюсшуда бо рӯҳи худ»), Бобулистон («Сӯҳбати хоҷа …

Муфассал »

Озодмоҳи

0

Озодмоҳи (Salmonidae), оилаи моҳист аз қатори шӯрмоҳӣ. Дар дарё, баҳр ё уқёнусҳои Нимкураи шимолӣ зист мекунад. Баъзе намуҳояш дар обҳои Нимкураи ҷанубӣ низ муқимӣ гаштааст. Оилаи Озодмоҳӣ 9 ҷинсро дарбар мегирад, аз ҷумла Озодмоҳии уқёнуси Ором (Oncorhynchus), Озодмоҳии охридӣ (Salmoihymus), Озодмоҳии хушзот (Salmo) ва ғайра. Зиёда аз 10 намуди Озодмоҳӣ …

Муфассал »

Озодкунӣ аз ҷазо

0

Озодкунӣ аз ҷазо, аз рӯи ҳуқуқи советӣ: 1) дар мавридҳои аз тарафи қонун пешбинишуда ҷазо надодан ба шахсе, ки ҷиноят содор кардааст. Агар эътироф шавад, ки дар ҷараёни тафтиш ё дидабароии кор дар суд амалиёти содиркардаи айбдор барои ҷамъият дигар хавфнок нест ё худи он шахс дигар барои ҷамъият хавфнок …

Муфассал »