Оденсе (Odense), шаҳр ва бандарест дар Дания, дар поёноби дарёи Оденсе, дар ҷазираи Фюн. Адолиаш 168 ҳазор нафар (1974). Маркази муҳими киштисозии мамлакат. Корхонаҳои васли қисмҳои автомобил, велосипед, истеҳсоли элеватору асбобҳои электрӣ, инчуннн саноати хӯрокворӣ, бофандагӣ ва дӯзандагӣ дорад. Дар шаҳр университет, музеи бадеӣ, музеи таъриху маданият, музеи «Деҳаи Фюн», …
Муфассал »Архивы за день : 24.07.2017
Одамият
Одамият, сифати ахлоқиест, ки дар муносибатҳои ҳаррӯзаи одамон гуманизмро ифода мекунад, Одамият як қатор сифатҳо — хайрхоҳӣ, эҳтироми одамон, ҷоннисорӣ барои манфиати дигарон, инчунин инсондӯстӣ, хоксорӣ, росткорӣ, самимият ва ғайраро дарбар мегирад. Одамон дар рӯҳияи Одамият тарбия меёбанд. Одамият вобаста ба хусусияти муносибатҳои ҷамъиятӣ тағйир меёбад. Дар ҷамъиятҳои истисмории синфӣ, …
Муфассал »Одами олдовай
Одами олдовай, нигаред Презинҷантроп.
Муфассал »Одами неандерталӣ
Одами неандерталӣ, одамон и қадимтарин — палеоантропҳост, ки 200-—35 ҳазор сол пеш дар Европа, Осиё ва Африка вуҷуд доштанд ва танҳо устухонбандиашон боқӣ мондааст. Устухони Одами нендерталӣ дар хамаи давлатҳои Европа (ба ғайр аз Скандинавия), Африка ва Осиё, дар СССР дар Кийикоба ва Тешиктош ёфт шудааст. Аз номи аввалин бозёфт …
Муфассал »Одами гейделбеогирӣ
Одами гейделбеогирӣ, як намуди одами ҳафриётист. Антропологи немис О. Шётензак соли 1907 дар назди ш. Гейделберг (ҳудуди ҳозираи Республикаи Федератии Германия) дар чуқурии 24 метр ҷоғи поёни онро ёфт. Тақрибан 400 ҳазор сол то милод вуҷуд дошт. Ҷоғи поёнаш норасо ва манаҳ надорад, сохти дандонаш ба дандони одамони ҳозира монанд. …
Муфассал »Ҳазрати Одам
Ҳазрати Одам, Абулбашар, Булбашар, Xалифотуллоҳ, Сафиуллоҳ, Абулвафо, Абӯмуҳаммад, Муаллимуласмо, Аводим, дар асотири мусулмонон, яҳудиён ва насрониён нахустин одам ва падари одамиён, чуфти Ҳавво, ки гӯё Худованд ӯро аз хок офарида, баъди чиҳил рӯз ба ӯ ҷон ато кардааст. Бо фармони Худо ҳамаи малоик Одамро саҷда карданд, ҷуз Иблис. Худо Одамро …
Муфассал »Хусусиятҳои биологии одам
Хусусиятҳои биологии одам. Организми одам аз бисёр ҷиҳат ба организми ҳайвоноти мӯҳрадор ва махсусан ширхӯр монанд аст. Аз ҷумла чун ҳайвонҳои мӯҳрадор, асоси скелета Одамро сутунмӯҳра ташкил медиҳад. Одам ду даст ва ду пой, системаи сарбастаи дилу paг, системаи асаби найчагӣ дорад. Бадани Одам аз рӯи принсипҳои симметриям дутарафа сохта …
Муфассал »Пайдоиши одам
Пайдоиши одам. Дар рӯи Замин Одам дар натиҷаи таҳаввули дуру да- рози таърихӣ пайдо шудааст (ннигаред Антропогенез). Одам чун фарди биологӣ бо олами ҳайвонот, пеш аз ҳама бо қатори приматҳо, ки ба ҳайати онҳо ба сифати оилаи хоси гоминид дохил мешавад, робитаи зич дорад. Агар тадаввули олами зиндаро ба дарахте …
Муфассал »Одам
Одам, зинаи олии инкшофи организмҳои зиндаро гӯянд, ки дорои нутқу тафаккур буда, бо олотҳои меҳнат ба муҳит таъсир мерасонад. Мувофиқи таснифоти биологӣ Одам ба намуди Одами оқил (Homo sapiens), ҷинси Одам (Homo), оилаи гоминид (Hominidae), қатори приматҳо (Primates), синфи ширхӯрҳо (Mammalia) ва типи хордадорҳо (Chordata) мансуб аст.
Муфассал »Огнемёт
Огнемёт, аслиҳаи оташфишонест, ки душманро ба воситаи ҷараёни тафсони омехтаи сӯзанда нобуд мекунад. Огнемётҳо хусусӣ (ҳамлшаванда), худгард ва рӯитанкӣ мешаванд. Огнемёт аз қисмҳои зерин иборат аст: зарфи омехтаи сӯзанда, баллони гази фишурда (ҳаво, нитроген), рӯдаи қаиш, брандспойт (думаки оташфишон), олати механикии афрӯзиш. Массаи Огнемётити замонавии америкоии ҳамлшавандаи АВС—М9—7 22,7 килограмм …
Муфассал »