Образи бадеӣ, дар адабиёт ва санъат шакли инъикоси воқеият, манзараи конкрет ва муҷтамеи ҳаёти инсон буда, дар партави идеали эстетикии санъаткор, бо ёрии таҳайюли бадеӣ офарида мешавад. Образи бадеӣ воситаи идрок, инъикос ва ифодаи эҳсосу афкор, кӯшишу ҳаяҷони санъаткор, тарзи тадқиқи ҳаёт аст. Образи бадеӣ аҳамияти маърифатӣ, эстетикӣ ва тарбиявӣ …
Муфассал »Архивы за день : 19.07.2017
Обпарто
Обпарто, 1) иншооти о б п а р т о, иншооти гидротехникист, ки оби зиёдатии обанбор хориҷ мешавад. Обпарто сурохиҳои болоӣ (дар теғаи дарғот) (нигаред Обрез), поёнӣ ё қаърӣ ва дутабақа (болоию поёнӣ) дорад. Тартиби обсардиҳиро аз Обпарто бо ёрии садд ба танзим медароранд. Баъзеи Обпартоҳо автоматӣ (масалан, Обпартои сифонӣ …
Муфассал »Обон
Обон номи моҳи ҳаштуми соли шамсӣ, ки ба 23 октябр— 21 ноябр рост меояд.
Муфассал »Деҳаи Ободӣ
Ободӣ, деҳаест дар Совети қишлоқи Гулисурхи райони Ӯротеппа, вилояти Ленинобод. Территорияи колхози «Роҳи Ленин». Аз Ободӣ то маркази Совети қишлоқ ва район 2 километр; роҳаш қисман асфалтпӯш. Аҳолиаш 835 нафар (1981), тоҷикон. Мактаби миёна, пункти тиббӣ ва сартарошхона дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ — ғаллакорӣ, обчакорӣ, боғу токдорӣ. Заминҳо аз обанбори …
Муфассал »Деҳаи Ободончилик
Ободончилик, деҳаест дар Совети қишлоқи Заргари район Коммунистӣ, вилояти Қӯрғонтеппа. Территорияи колхози ба номи Максим Горкий. Аз Ободончилик то маркази Совети қишлоқ 1 километр; роҳаш асфалтпӯш. Аҳолиаш 475 нафар (1981), тоҷикон. Соҳаи асосии хоҷагӣ — пахтакорӣ. Заминҳо аз дарёи Вахш обёрӣ мешаванд.
Муфассал »Шаҳри Ободон
Ободон, шаҳрест дар ҷануби ғарби Хузистони Эрон. Дар соҳили дарёи Шаттулараб, 50 километр дуртар аз халиҷи Форс воқеъ гаштааст. Аҳолиаш 301 ҳазор нафар (1975). Ба бандари Ободон киштиҳои уқёнусӣ низ дохил мешаванд. Дар шаҳр калонтарин заводи нефттозакунӣ (иқтидори солонааш қариб 30 миллион тонна) кор мекунад. Аз Ободон ба шарҳҳои Теҳрон …
Муфассал »Обнӯсиҳо
Обнӯсиҳо (БЬепасеае), яке аз оилаҳои растаниҳои дупаллагии дарахтӣ ё буттагиест, ки барги яклухт, гули актиниморфии аксар якҷинсаи 3—7 аъзогӣ, ғуҷуммева доранд. Кариб 450 намудашон маълум буда, ба 5—7 ҷинс тақсим меша- ванд. Обнӯсиҳо асосан дар тропика ва субтропика мерӯянд. Дар СССР як намуди Обнӯсиҳо (хурмо) асосан дар Кавказ месабзад. Аз …
Муфассал »Обнӯс
Обнӯс, (эбеновое дерево) якчанд навъи хурмои худрӯй (аз оилаи обнӯсиҳо ва ғайра) ва чӯби онхоҳро гӯянд. Хелҳои беҳтарини чӯби Обнӯсро аз чанд намуди хурмои тропикӣ (масалан, Diospyros crassiflora,ebenum, D. haplostylis ва ғайра) мегиранд. Мағзи чӯби Обнӯс сиёҳу вазнинаст. Обнӯси сабзро асосан аз Тесоме, ки ба оилаи бигнониҳо мансуб буда, дар …
Муфассал »Обнорский Сергей Петрович
Обнорский Сергей Петрович (26. 6. 1888, Петербург— 13, 11. 1962, Москва), забоншиноси советӣ, академики Академияи Фанҳои СССР (1939). Университети Петербургро тамом кардааст (1910). Профессор университетҳои Перм (1916—1922) ва Ленинград (аз соли 1922). Обнорский ба тадқиқи масъалаҳои морфология ва фонетикаи таърихии забони русӣ, маданияти нутқ ва лексикография машғул буд. Назарияи тозаи …
Муфассал »Шаҳри Обнинск
Обнинск, шаҳрест дар вилояти Калугаи РСФСР, дар соҳили дарёи Прот- ва (шохоби Ока). Стансияи роҳи оҳан дар хатти Москва — Брянск, 106 километр ҷануби ғарбтар аз Москва. Аҳолиаш 72 ҳазор нафар (1978). Дар Обнинск аввалин дар ҷаҳон стансияи электрии атомӣ сохта шудааст (1954). Маркази муҳими илмӣ. Институтҳои тадқиқоти илмии радиологияи …
Муфассал »