Маълумоти охирин

Обнӯсиҳо

Обнӯсиҳо (БЬепасеае), яке аз оилаҳои растаниҳои дупаллагии дарахтӣ ё буттагиест, ки барги яклухт, гули актиниморфии аксар якҷинсаи 3—7 аъзогӣ, ғуҷуммева доранд. Кариб 450 намудашон маълум буда, ба 5—7 ҷинс тақсим меша- ванд.

Обнӯсиҳо асосан дар тропика ва субт­ропика мерӯянд. Дар СССР як намуди Обнӯсиҳо (хурмо) асосан дар Кавказ месабзад. Аз аксарл Обнӯсиҳо (масалан, обнӯс) чӯби қиматбаҳо мегиранд. Меваашон чун хӯрокворӣ истифода ме­шавад. Ҳангоми сӯхтани чӯби Обнӯсиҳо бӯи муаттар мебарояд.

Адабиёт: Деревья и кустарники СССР, том 5, Москва — Ленинград I960.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …