Маълумоти охирин
Главная / 2017 / July / 17 (страница 3)

Архивы за день : 17.07.2017

Обанбор

0

Обанбор, (водохранилище) толоби сунъиест, ки бо мақсади ҷамъ кардану нигоҳ дошта­ни об ва дар хоҷагии халқ истифода бурдани он сохта мешавад. Обанборро одатан дар сойҳо, водии дарёҳо, инчунин дар чуқурихои табиӣ месозанд. Аҳамияти Обанбор барои танзими ҷараёни оби сой ва дарёҳо, обёрии заминҳо, аз об таъмин кардани махалҳои аҳолинишин ва …

Муфассал »

Обакон

0

Обакон, бемории шадиди сироятист, ки дар натиҷаи он дар пӯсти бемор обилачаҳои донашакл пайдо мешаванд. Ба Обак асосан бачагони то 10-сола гирифтор мешаванд. Баъди Обак организм нисбат ба он иммунитети устувор пайдо мекунад, ки он то охири умр боқӣ мемонад. Ангезандаи Обак вируси филтршавандаест, ки аз шахси бемор ба воситаи …

Муфассал »

Обак

0

Обак, гурӯҳи ангурҳои миёна ва дерпазакро гӯянд, ки хелҳои бедона, дашнободӣ, думи рӯбоҳ, сабз, сурх, сафед, Ширак, якдона дорад. Асосан дар районҳои токдории вилоятҳои Ленинобод, Кӯлоб ва водии Ҳисори РСС Тоҷикистон; вилоятҳои Фарғона, Тошкент, Бухоро, Андиҷон, Намангон, Сурхон- дарёи РСС Ӯзбекистон паҳн шудааст. Токаш миёна ва тезсабз, 16,6—23,5% ва баъзан …

Муфассал »

Об

0

Об, оксиди гидроген Н20, пайвасти химиявии гидроген ва оксиген; қисми таркибии ландшафт Замин буда, 71% масоҳати онро фа-ро гирифтааст. Таркиби об аз 11,19% гидроген ва 88,81% оксиген иборат аст. Массаи мол. 18,0160. Об моеъи беранг, бебӯй ва бетаъм аст. Об тамоми мағзи қишри Заминро фаро гирифта, ба шакли пардаи мономолекулавӣ …

Муфассал »

Ҳарфи О

0

О ҳарфи шонздаҳуми алифбои ҳозираи тоҷикист, ки аз алифбои русӣ гирифта шуда (1940), овози садоноки қатори ақиби бардошти миёнаи лабиро ифода мекунад. Ин овоз дар забони адабии ҳозираи тоҷик яке аз садонокҳои дарозу устувор буда, дар мавқеъҳои гуногуни фонетики талаффузи худро тағйир намедиҳад. Якчанд калимаҳои О-дор бо вари­анти а низ …

Муфассал »

Нҷамена

0

Нҷамена (NDjamena; то 1973 Форт^Лами), пойтахти Республи­каи Чад. Дар соҳили рости дарёи Шари ҷойгир шудааст. Иқлимаш экватории муссонӣ. Ҳарорат миёнаи январ 23,9° Селсия, июл 27,7 Селсия. Боришоти солона 648 миллиметр. Аҳолиаш 193 ҳазор нафар (1979). Нҷамена— бондари дарёӣ, узели роҳҳои автомобилгард. Аэропорташ аҳамияти байналхалҷӣ дорад. Пункти асосии тиҷорат ва нақлиёт …

Муфассал »

Нӯҳ ибни Нарс

Нӯҳ ибни Нарс (Нӯҳи 1) (соли таваллуд номаълум — вафот 25.8.954), Шоҳи давлати Сомониён. Солҳои 943—954 ҳукм рондааст. Нӯҳ 10 апрели 943 дар натиҷаи сӯиқасди рӯҳониён ва сипоҳниён дарбор бар зидди падараш Наср ибни Аҳмад ба тахт нишаст. Нӯҳ ибни Нарс баробари ба сари ҳокимият омадан тарафдорони харакати қарматияро зери …

Муфассал »

Нӯҳ ибни Мансур

0

Нӯҳ ибни Мансур (Нӯҳи II) (соли таваллуд номаълум — вафот 23. 7. 997), шоҳи давлати Сомониён, дар синни 13 ба тахт нишастааст ва давлатро аз номи ӯ модараш ва баъдтар вазир Абдулҳусайни Утбӣ идора мекард. Солҳои 80 асри 10 баъди вафоти Утбӣ дар дохили давлат байни лашкаркашон Тош, Фоиқ, Абӯалии …

Муфассал »

Нӯҳ ибни Асад

Нӯҳ ибни Асад (соли таваллуд номаълум—вафот 842), яке аз намояндагони хонадони Сомониён, набераи Сомонхудот — асосгузор ва ҳокими деҳи Сомом. Нӯҳ ибни Асад, ки ҳамроҳи бародаронаш (Ахмад, Яҳё ва Илёс) дар хизмати ҳодими Хуросон ва халифаи Бағдод Маъмун буд, дар пахш намудани шӯриши Рофеъ ибни Лайс (806—810) иштирок кард ва …

Муфассал »