Маълумоти охирин

Архивы за день : 17.07.2017

Обидандон

0

Обидандон, ч а қ-ч а қ и дандон, як навъ ширавори миллии тоҷикист. Ба шиннӣ ё шакар об ан­дохта деле маҳин меҷӯшонанд, баъд ҷавҳари лимӯ ҳамроҳ карда, қиём тайёр мекунанд. Қиёмро то дараҷаи ширгарми хунук карда, заволаҳои дароз-дароз мегиранду ба таги лаълӣ равған молида заволаро рӯи он гузошта бо қайчй …

Муфассал »

Деҳаи Обигармӣ

Обигармӣ деҳаест дар Совети қишлоқи  Навободи райони Ҳисори РСС Тоҷикистон Территорияи колхози «Ленинизм». Аз деҳа то марка­зи Совети қишлоқ 4 километр, то район 15 километр; роҳаш асфалтпӯш. Аҳолиаш 500 нафар (1981), тоҷикон. Мактаби ибтидоӣ, магазин дорад. Соҳаи асосии хоҷагӣ — пахтакорӣ. Заминҳо аз дарёи Хонақоҳ обёрӣ мешаванд.

Муфассал »

Обигармӣ

Обигармӣ деҳаест дар Совети қишлоқ Муҷихарфи райони Комсомолободи РСС Тоҷикистон Территорияи совхози «Чорсада». Аз деҳа то маркази Совети қишлоқ 16 километр, то район 31 километр; роҳаш қисман асфалтпӯш. Аҳо­лиаш 365 нафар (1981), тоҷикон. Со­ҳаҳои асосии хоҷагӣ — чорводорӣ ва тамокукорӣ. Сокинони деҳа аз оби чашмаҳо истифода мебаранд.

Муфассал »

Курорти Обигарм

Оби Гарм Курорт

Обигарм – курорт дар ноҳияи  Файзо­боди Тоҷикистон Дар водии фарохи дарёи Обияйлоқ, дар баландин 1200—1300 метр аз соҳили баҳр ҷой гирифтааст. Таъсисаш соли 1946. Тобистонаш салқин ва хушк; зимистонаш кӯтоҳ ва нисбатан гарм. Боришоти солона 820 миллиметр (қисми зиёдаш аз ноябр то март меборад). Омилҳои асосии муолиҷавии Обигарм иқлим, оби …

Муфассал »

Обигарм

0

Обигарм, посёлкаи типи шаҳрист (аз 27 январ 1977), маркази Совети посёлкаи Обигарми райони Файзободи РСС Тоҷикистон Территорияи совхози ба номи Ф. Э. Дзержинский. Аз Обигарм то маркази район 45 километр. Аҳолиаш 2880 нафар (1981), тоҷикон ва русҳо. Дар посёлка мактаби миёна, клуб, китобхона, кинотеатр, 2 касалхона, шӯъбаи алоқа, ошхона, чойхона, …

Муфассал »

Деҳаи Обиборики ноҳияи Деваштич

д. Обиборик дар н. Деваштич

Обиборики деҳаи дар Совети қишлоқ Далёни Болои ноҳияи Деваштич (пештара Ғончӣ), вилояти Ленинобод. Территорияи совхози ба номи Я. М. Сверд­лов. Аз деҳа то маркази Совети қишлоқ 6 километр, то район 30 километр, роҳаш асфалтпӯш. Аҳолиаш 1120 нафар (1981), тоҷикон. Мактаби миёна, пункти тиббӣ, нонвойхона, сартарошхона дорад. Соҳаи асосии хоҷагӣ — …

Муфассал »

Деҳаи Обиборик

0

Обиборик, деҳаест дар Совети қишлоқи Моғиёии райони Панҷакент, вилояти Ленинобод. Территорияи колхози «Коммунизм». Аз Обиборик то маркази Совети қишлоқ 4 километр, то район 53 километр. Аҳолиаш 370 нафар (1981), тоҷикон. Мактаби 8-сола, магазин дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ — тамокукорӣ, боғдорӣ, чорводорӣ. Заминҳо аз дарёи Калон ва канали Даҳани Дара обёрӣ …

Муфассал »

Деҳаи Обиборик

0

Обиборик, деҳаест дар Совети қишлоқ Ҳакимии pайони Комсомолободи РСС Тоҷикистон Территорияи совхози «Чорсада». Аз деҳа то маркази Совети қишлоқ 10 километр, то район 17 километр; роҳаш қисман асфалтлӯш. Аҳолиаш 260 нафар (1981), тоҷикон. Деҳа мактаби ибтидоӣ дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ — чорводорӣ ва тамокукорӣ. Заминҳо аз оби чашмаҳо обёрӣ ме­шаванд.

Муфассал »

Оби ҳаёт

0

Оби ҳаёт  – оби ҳайвон, оби Хизр, оби зиндагӣ обест, ки ҳар кас аз он нӯшад, намемурдааст; яке аз образҳои бадеӣ дар фолклор ва адабиёти форс-тоҷик. Оби афсонавие будааст, ки гуё Хизр онро аз зулмот пайдо карда нӯшид ва умри ҷовидон ёфтааст. Дар эҷодиёти классикони форс-тоҷик Оби ҳаёт борҳо ёд …

Муфассал »

Оби хаддодон

0

Оби хаддодон— оби оҳангарон, оберо гӯянд, ки оҳангарон дар он оҳан ва пӯлоди тафсонро об медиҳанд, яъне ба тоб меоваранд.

Муфассал »