Маълумоти охирин
Главная / 2017 / July / 14 (страница 7)

Архивы за день : 14.07.2017

Нумератив

0

Нумератив (аз лот. numero — мешуморам), калимаву ҳиссачаҳои махсусе, ки ба шумора ҳамроҳ омада, шумори предметҳоро таъкид менамоянд. Масалан: нафар, cap, адад, до­на, ҷуфт, банд, бех, даста, -то, -та ва ғайра. Нумеративи нафар бо исмҳое, ки шахсро далолат мекунанд, cap бо калимаҳое, ки ҳайвонотро нишон медиҳанд, адад, дона ва ғайра …

Муфассал »

Нуллификатсияи пул

0

Нуллификатсияи пул (аз лот. nullus — ҳеҷ ва lacio — карда истодаам), бекор кардани пулест, (ки қурбаш якбора хеле паст шудааст. Сабаби асосии Нуллификатсияи пул инфлятсия мебо­шад. Агар ҳукумат нав шаваду пули ҳукуматп пештараро бекор кунад, ин ҳам Нуллификатсияи пул мешавад. Нуллификатсияи пул яке аз воситаҳои танзими муомилоти пул мебошад. …

Муфассал »

Нули мутлақ

0

Нули мутлақ, сифри мутлақ, нуқтаи сарҳисоби ҳарорати мутлақест, ки аз ҳарорати нуқтаи сегонаи об 273,16 К поён ҷойгир аст (ниг. Шкалаҳои ҳарорат). Дар Нули мутлақ ҳаракати ҳароратии бетартибонаи молекулаҳои модда қатъ мегардад. Дар ҳароратҳои ба Нули мутлақ хеле наздик ҳамаи моддаҳо (ғайр аз гелий) дар ҳолати кристалли сахт боқӣ мемонанд. …

Муфассал »

Нукуалофа

0

Нукуалофа (Nukualofa), пойтахти давлати Тонга. Аҳолиаш зиёда аз 25 ҳазор нафар (1980) . Бандар дар ҷазираи Тонгатабу, дар қисми ғарбии уқёнуси Ором. Ба воситаи бандари Нукуалофи ба хориҷа донаки нахл ва банан бароварда мешавад.

Муфассал »

Нуклунҳо

0

Нуклунҳо, нуклеонҳо, номи умумии протонҳову нейтронҳост, яъне зарраҳое, ки ядрои атомро ташкил медиҳаид. Ниг. низ Нейтрон, Протон.

Муфассал »

Нуклеус

0

Нуклеус (лот. nucleus—гулӯла), пораи санги чақмоқ ё навъи дигари санг, ки аз он олоти сангӣ тайёр карда мешуд. Барои давраҳои Нуклеус ва пораи он палеолит, мезолит, неолит ва энео­лит хос аст.

Муфассал »

Нуклеотидҳо

0

Нуклеотидҳо, нуклеозид-фосфатҳо, моддаҳое, ки кислотаҳои нуклеат, аксари коферментҳо ва дигар пайвастҳои фаъоли биологӣ аз онхо таркиб ёфтаанд. Таркиби ҳар як нуклеотид аз асоси нитрогенӣ (одатан пуринӣ ё пиримидинӣ), ангиштоб (рибозаҳо ё дезоксирибозаҳо) ва боқимондаи кислотаи фосфат иборат аст. Нуклеотидҳо дар бисёр просессҳои мубодилаи моддаҳо иштирок менамоянд. Нуклеозидтрифосфатҳо пай­вастҳои макроэргӣ буда, …

Муфассал »

Нуклеозидҳо

0

Нуклеозидҳо пайвастҳое, ки аз боқимондан асосҳои нитрогенӣ ва ангиштоб — рибозаҳо (рибонуклеозидҳо) ё дезоксирибозаҳо (дезоксирибонуклеозидҳо) иборатанд. Номи Нуклеозидҳо аз номи асосҳои ба молекулаи он дохилшаванда гирифта мешавад. Масалан, аденозин аз аденин, гуанозин  гуании, тимидин аз тимин ва ғайра. Нуклеозидҳои озод 6а миқдори кам дар объ­ектҳои гуногуни биологӣ вуҷуд доранд. Аксари …

Муфассал »

Нуклеазаҳо

Нуклеазхо

Нуклеазаҳо, ферментҳоест, ки кислотаҳои нуклеат (КН)-ро то моно ва олигонуклеотидҳо таҷзия ме­кунанд. Нуклеазаҳо дар ҳуҷайраҳои микроорганизмҳо, наботот ва ҳайвонот ва­сеъ паҳн шудаанд. Нуклеазаҳо хусусан дар шираи ғадудҳои зери меъда ва оби даҳони ширхурҳо хеле бисёранд. Нуклеазаҳо сафедаи массаи молекулаашон нисбатан хурд буда, одатан хосияти асосӣ доранд. Роли биологии онҳо аз …

Муфассал »

Асари «Нузҳат-ул-қулуб»

«Нузҳат-ул-қулуб» асари географию космографиест, ки дар он ҳудуди Эрон, Озарбойҷон, Ироқ ва Осиёи Хурд тасвир ёфта аст. Онро Ҳамдуллоҳи Қазвинӣ тақрибан солҳои 1339—1340 таълиф намуда, дар бораи ҳар як вилоят, обёрӣ, зироат, ҳосил, ҳунармаядӣ ва хироҷи он маълумот овардааст. Ад.:     М и к л у х о-М а к л …

Муфассал »