Маълумоти охирин
Главная / 2017 / June (страница 11)

Архив Месяца: June 2017

Низомуддини Астарободӣ

Низомуддини Астарободӣ (соли таваллуд ва вафоташ но­маълум) ; шоири охири асри 15 — аввали асри 16. Дар Ҳирот рӯз гузаронида, ба Ҳусайни Бойқаро, Алишери Навоӣ ва амиру ҳокимони дигар қасидаҳо бахшидааст. Навоӣ дар «Маҷолис-ун- нафоис» ба қасидаҳои Низомуддини Астарободӣ, махсусан ба як қасидаи «Баҳория»-и ӯ баҳои баланд додааст. Девони Низомуддини …

Муфассал »

Низомуддин Мавлоно Маҳмуд

Низомуддин Мавлоно Маҳмуд ибни Амираҳмади Қории Яздӣ (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), шоири асри 15 форс-тоҷик. Доир ба тарҷумаи ҳол ва таҳсилоташ тазкираҳо маълумот надодаанд. Низомуддин дар Шероз умр ба cap бурдааст. Вай ба монан­дн Абуисҳоқи Атъима дар шеър сабку услуби нав ба миён овардааст. Дар ашъораш номи либосҳо ва …

Муфассал »

Низомномаи муваққатии идоракунии райони Помир

1

Низомномаи муваққатии идоракунии райони Помир дастуруламал барои идора кардани Помир, ки соли 1917 Комитети туркистонии ҳукумати муваққата қабул кардааст. Баъди Револютсияи феврали 1917, моҳи апрели бо сардорни Белов Комитети умумипомирии ҳукумати му­ваққата ташкил ёфт, ки ба ҳайати он намояндагони аҳолии маҳаллӣ низ дохил мешуданд. Соли 1917 дар Помир просесси ташкили …

Муфассал »

Мадрасаи «Низомия»

«Низомия» Мадраса аз номи Хоҷа Қавомуддин Абулҳасан иб­ни Алӣ — вазири Маликшоҳи Салҷуқӣ (соли  408) Низомулмулк, ни дар аксари шаҳрҳои қаламрави Салҷуқиён, аз он ҷумла, дар Нишопур, Балх, Ҳирот, Марв, Исфаҳон, Басра, Бағдод мадрасаҳо бунёд кард, бузургтарин ва муҳимтарини онҳо «Низомия»-и Бағдод буда, соли 1065 таъсис ёфтааст. Дигар ҳамаи мадрасаҳои …

Муфассал »

Низомии Нишопурӣ Ҳасан

Низомии Нишопурӣ Ҳасан (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), насрнависи асри 13 форс-тоҷик. Яке аз муншиёни забардасти Хуросон будааст. Дар аввали умр ба Ғазнин ва аз он ҷо ба Ҳиндустон рафта дар дарбори ҳокимони Деҳлӣ Қутбуддин ва Шамсуддини Илтимиш муқим шуд. Муҳимтарин таълифоти Низомии Нишопурӣ китоби таърихии «Тоҷ_ ул-маосир» аст, ки …

Муфассал »

Низомии Ганҷавӣ

1

Низомии Ганҷавӣ Абумуҳаммад Илёс ибни Юсуф (1141, шаҳри Ганҷа, хҳзира Кировободи Озарбойҷон — 1209, ҳамон ҷо), шоир ва мутафаккири озарбойҷонӣ, яке аз устодони мусаллами шеъри форсӣ. Тамоми осорашро ба форсӣ навшитааст. Хонадони Низомии Ганҷавӣ аз табақаи миёнаи аҳолии шаҳри Ганҷа буд. Бармаҳал аз падар ятим монда, ба тарбияи модараш афтод. …

Муфассал »

Низомии Бохарзӣ

Низомии Бохарзӣ Мавлоно Камолуддин Абдулвосеъ ибни Ҷалолуддини Мутаҳҳар (соли таввалуд ва вафоташ  номаълум), нависанда ва шоири асри 15 форс-тоҷик. Зодгоҳаш Бохарз. Пас аз касби камол дарбори султон Ҳусайни Бойқаро ҳамчун муншӣ хидмат карда, ба таълифи таърихи салтанати султон пардохтааст. Азбаски дар он ташбеҳоту истиороти зиёде оварда буд, ба сул­тон Ҳусайн …

Муфассал »

Низомии Арӯзии Самарқандӣ

Низомии Арӯзии Самарқандӣ Аҳмад ибни Умар ибни Алӣ (соли таваллуд ва вафоташ но­маълум), шоир ва насрнависи форс-тоҷик. Тақрибан солҳои 90 асри 11 дар Са­марқанд ба дунё омада, то нимаи дуюми асри 12 дар шаҳрҳои гуногуни Мовароуннаҳру Хуросон, бештар дар қисмати шимолу ғарбии Афғонистон (Бомиён, Фирузкӯҳ) зистааст. Дар бораи Низомии Арӯзии …

Муфассал »

Низоми Астарободи

Низоми Астарободи (соли таваллудаш номаълум — вафоташ 1516), шоири форс-тоҷик. Мувофиқи маълумоти тазкираҳо («Тӯҳфаи Сомӣ», «Рӯзи равшан», «мадмаъ-ул-фусаҳо» ва ғайраҳо) Низоми Астарободи шахси донишманд ва аз номварони Астаробод будааст. Дар ҷавонӣ санъати муамморо омӯхта ва шоириаш низ аз сурудани муаммо оғоз ёфтааст. Навоӣ дар «Маҷолис-ун-нафоис» ба ин ҳунари Низоми Астарободӣ …

Муфассал »